03:30:03 01-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲИ ФАЛАҶ ДАР ТОҶИКИСТОН

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дархости Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи таъсиси як озмоишгоҳи минтақаӣ барои ташхиси вируси полиомиелит ё фалаҷи атфолро баррасӣ мекунад. Ин пешниҳод дар чорчӯби барномаи роҳбурдии вазорати беҳдошт дар заминаи ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории фалаҷи атфол дар оянда дар Тоҷикистон, ки рӯзи 20 майи соли ҷорӣ ба имзо расид, матраҳ шудааст.

 

Пас аз муборизаи думоҳа бо густариши фалаҷи атфол Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи зарурати таъсиси чунин озмоишгоҳе дар кишвар садо баланд кардааст.  Ин вазорат тайи ду моҳи ахир аз як сӯ ба таҳримҳои мақомоти Русия алайҳи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати вируси фалаҷи атфол ба Русия” эътироз мекард ва аз тарафи дигар барои санҷиши намунаҳои хуни мубталоёни эҳтимолӣ ин беморӣ ба озмоишгоҳи полиомиелити Маскав муҳтоҷ буд.

 

Шамсиддин Ҷобиров, раиси маркази моякӯбии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки барои вокуниши сареъ ба шуюъи вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ва минтақа ба як озмоишгоҳи минтақаӣ ниёз вуҷуд дорад.

 

Вай гуфт, ки Тоҷикистон маҷбур буд нишондодҳои хуни беморонро ба озмоишгоҳи вижаи Маскав, наздиктарин озмоишгоҳи фалаҷи атфол ба Тоҷикистон ирсол кунад, вале "ҷавоби санҷишҳо хеле дер меомад ва дар бархе маворид кормандони гумрук интиқоли нишондодҳоро аз марз тамоман иҷоза намедоданд."

 

Ин шароит мақомоти беҳдоштии Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои таъсиси чунин озмоишгоҳе дар ин кишвар кумаки молӣ дархост кунад. Ташхис ва таъйиди бемории фалаҷи атфол метавонад танҳо дар озмоишгоҳҳои вижа сурат бигирад, ки барои таъсис ва фаъолияти онҳо ба маболиғи зиёде ниёз ҳаст.

 

На ҳамаи кишварҳое, ки вируси полиомиелит ё фалаҷи атфол дар онҳо вуҷуд дорад, имкони таъсиси чунин озмоишгоҳҳоро доранд. Дар муқобил, дар кишварҳое, ки аз вируси фалаҷи атфол “озод” маҳсуб мешаванд ва манобеъи молии кофӣ доранд, чунин озмоишгоҳҳо вуҷуд доранд.

 

Шамсиддин Ҷобиров, раиси маркази моякӯбии Тоҷикистон, гуфт: “Танҳо барои таҷҳизоти чунин озмоишгоҳ аз 300 то 500 ҳазор дулор лозим аст ва ғайр аз ин, мо бояд дастикам шаш мутахассиси хуб дар ин замина омода кунем.” Дар ҳамин ҳол, оқои Ҷобиров аз баёнияҳо ва тасмимҳои мақомоти Русия дар тӯли ҳафтаҳои ахир дар робита бо ҷилавгирӣ аз кӯчи вируси фалаҷи атфол ба кишварашон бо озурдагӣ сӯҳбат мекард.

 

Вай гуфт: “Агар ин кишвар (Русия) дарвоқеъ мехоҳад бо ин беморӣ муқобала кунад, бояд ба мо кӯмак кунад. Мо ин ҳарфро ба Онишенко (Генадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия) гуфтем. Онҳо омода ҳастанд барои омода кардани мутахассисони бемории фалаҷ бо мо ҳамкорӣ кунанд.”

 

Оқои Ҷобиров гуфт, ки дар авохири моҳи ҷорӣ дар Купенҳог нишасти навбатии намояндагони ниҳодҳои моякӯбии кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад ва қарор аст Тоҷикистон дар ин нишаст дархости худ дар бораи таъсиси озмоишгоҳи полиомелит ё фалаҷи атфолро ба барарсӣ бигзорад.

 

Бар асоси иттилоъи намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, то рӯзи 25 май ҳудуди 540 нафар ба гумони ибтило ба фалаҷи атфол дар ин кишвар сабт шуда буданд, ки вируси ин беморӣ дар беш аз 140 нафари онҳо таъйид шудааст. Гуфта мешавад ду нафар аз ин беморӣ фавт кардаанд.

 

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 1 июн аз раванди муваффақи корзори моякӯбӣ дар ин кишвар хабар дода ва эълом кард, ки “вазъияти нигаронкунандаи як моҳи қабл дар заминаи густариши фалаҷи атфол дар кишвар ба эътидол даромадааст.”

 

Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ, ҳоло танҳо 197 нафар ба эҳтимоли бемории фалаҷ дар бемористонҳо бистарӣ буда ва 265 нафар дар ҳолати қаноъатбахш аз бемористон ҷавоб шуданд. Дар 48 нафар вируси фалаҷи атфол кашф нашуда ва бемории онҳо авомили дигаре доштааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2399-2010-06-02-17-04-53.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854