06:10:54 01-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ ТОҶИКОНИ ИМА ДАР НАЗДИ САФОРАТИ УЗБАКИСТОН

Як гурӯҳи тоҷикони муқими Амрико рӯзи 4-уми июн дар назди сафорати Узбакистон дар Вошингтон ба нишони эътироз аз боздошти вагонҳои марбут ба Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Саҳфаи интернетии мавсум ба «Тоҷикони Амрико» навиштааст, ки дар ин гирдиҳамоӣ беш аз 20 нафар бо шиору хитобаҳо дар назди сафорати Узбакистон ҷамъ омада, аз мақомоти ин кишвар хостори боз кардани роҳи оҳан барои қаторҳои Тоҷикистон шудаанд.

 

Эътирозгарони тоҷик хостаанд, номаи кушодаи худ унвонии Ислом Каримовро ба сафорати Узбакистон супоранд, вале намояндагони сафорат дарро ба рӯи онҳо бастаанд. Дар ин номаи кушода, ки дар торнамои «Тоҷикони Амрико» нашр шудааст, эътирозгарон аз қазияи баста шудани роҳи вагонҳои Тоҷикистон аз сӯи кишвари ҳамсоя изҳори нигаронии шадид карда, ин иқдоми Тошкандро нақзи қонунҳои байнулмилалӣ ва ҳуқуқҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил номидаанд.

 

Ба гуфтаи ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ, кормандони сафорати Узбакистон пулиси маҳаллиро даъват кардаанд, вале пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба тазоҳурот дахолат накардааст.

 

 

Сафорати Узбакистон муроҷиати занони тоҷикро қабул накард

 

Дирӯз ҳамчунин дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе гурӯҳе аз занони фаъоли тоҷик ҷамъ шуда, хостори боз намудани роҳҳо, қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ва ба ҳолати одӣ бар гаштани муносиботи ду кишвари ҳамҷавор шуданд. Аммо мақомоти сафорати Узбакистон дар Душанбе нахостанд бо ин гурӯҳи занон мулоқот ва муроҷиатномаи онҳоро қабул кунанд.

 

Занҳои фаъол пас аз чунин бархурди сафорати Узбакистон, роҳи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистонро пеш гирифтанд, ки ин кишвар ҳоло масъулияти раҳбарии даврагии САҲА-ро бар душ дорад. Дар сафорати Қазоқистон занонро ба хушӣ пазируфтанд ва номаашонро қабул карданд. Занони фаъоли тоҷик умедворанд, ки аз ин роҳ номаашон ба мақомоти Тошканд хоҳад расид.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2426-2010-06-05-12-58-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854