14:53:56 28-уми Июни 2025 сол

ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ДУБОРА ВОРИДИ МУЗОКИРА МЕШАВАНД

Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиши масъулони энержии кишварҳои минтақа дар шаҳри Олмотии Қазоқистон барои ширкат дар системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард. Гуфта шудааст, ки барои роҳандози муҷаддади системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ризоияти Ӯзбакистон зарур аст.

 

Алмасадам Саткалиев, раиси ширкати хутути барқи «KEGOC» - Қазоқистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки чаҳор кишвари минтақа, яъне Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дубора мавзӯъи азсаргирии фаъолияти системи воҳиди энержиро матраҳ мекунанд. Фаъол сохтани ин систем, ба гуфтаи вай, мизони осебпазирии системҳои энержии кишварҳои минтақаро коҳиш дода, имкон медиҳад, онҳо дар оянда ба бозори энержии Иттиҳоди гумрукии се кишвар, яъне, Белорус, Қазоқистон ва Русия даст ёбанд.

 

Ин систем то тирамоҳи соли гузашта фаъол буд, вале гуфта мешавад ба далели мухолифатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон, системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ, ки аз замони шӯравии собиқ ба мерос монда буд, аз байн рафт. Оқои Саткалиев таъкид кард, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистони соли гузашта системи барқии Тоҷикистон баночор дар шароити душворе ба танҳоӣ фаъолият кард.

 

Баҳром Азимов, муъовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон намояндагӣ кардааст, гуфтааст, ки кишвараш барои ҳалли ихтилофот бо Ӯзбакистон вориди музокирот бо мақомоти энержии ин кишвар шудааст. Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи панҷшанбеи 24 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки Тоҷикистон ба фаъол шудани ин систем сахт алоқаманд аст.

 

Зеро, дар фасли тобистон Тоҷикистон метавонад то 3,5 милёрд киловот соъат барқро ба Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия ба фурӯш гузорад. Аммо аз бас хутути интиқоли барқ аз Ӯзбакистон аст, Тоҷикистон наметавонад барқи ихзофии худро содир кунад.

 

Вай афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон ҳамарӯза танҳо ба Афғонистон ҳудуди 200 ҳазор киловот соъат барқ мефурӯшад, ки ин рақами ночизе маҳсуб мешавад. Бо фаъол шудани хутути барқи ҷадид ин имконият бештар хоҳад шуд. Дар гузашта мақомоти “Барқи тоҷик” изҳор дошта буд, ки миёни ниҳодҳои энержии Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳеҷ гуна ҳамкорӣ боқӣ намондааст.

 

Вале ба гуфтаи Рашид Гулов, ҳоло Тоҷикистон ҳамарӯза барои бароварда сохтани ниёзи сокинони водии Зарафшон ба нерӯи барқ аз Ӯзбакистон ҳудуди як милюну сесад ҳазор киловот соъат барқро бо қиммати чаҳор сенти омрикоӣ барои ҳар як киловот соъат барқ харидорӣ мекунад.

 

Ин дар ҳолест, ки то соли гузашта Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон ба Ӯзбакистон то як милёрд киловат соъат барқ интиқол дода, дар фасли сармо аз ин кишвар 600 милюн киловот соъат барқ дарёфт мекард. Ҳамчунин ҳамкорӣ бо ниҳодҳои энержии Ӯзбакистон шароитро барои харидории беш аз як милёрд киловот соъат барқи тавлиди Туркманистон дар фасли зимистон барои Тоҷикистонро фароҳам мекард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2544-2010-06-24-08-46-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ