15:49:26 28-уми Июни 2025 сол

ТЕЪДОДИ БЕМОРОНИ ПОЛИО БА 374 РАСИДААСТ

Бар асоси иттилоъи намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон теъдоди мавориди таъидшудаи фалаҷи кудакон дар ин кишвар ба 374 расидааст. Бо ин вуҷуд Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, вазъияти марбут ба бемории фалаҷ дар Тоҷикистон ба эътидол даромадааст.

 

Дар ҳамин ҳол ЮНИСЕФ ё Сандуқи кудакони СММ дар Тоҷикистон барои решакан кардани вируси фалаҷи кудакон дар ин кишвар аз давлати Жопун ва як созмони ғайридавлатии ин кишвар 350 ҳазор дулори омрикоӣ дарёфт кардааст. Таҳмина Алимамедова, сухангӯи намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе рӯзи сешанбеи 6 июл, ба Би - Би- Сӣ гуфт, ки аз оғози шиюъи бемории фалаҷи кудакон дар Тоҷикистон то имрӯз дар ин кишвар 653 мавриди ибтило ба фалаҷи шалли ҳод сабт шудааст.

 

Фалаҷи шалли ҳод, фалаҷи кудакон ё полио набуда, балки нишонаи марбут ба бемориҳои мухталифи дигар аст. Масъулони Созмони Ҷаҳони Беҳдошт гуфтаанд, ки охирин мавриди бемории фалаҷ дар Тоҷикистон дар миёнаи моҳи июни соли ҷорӣ сабт шуда буд. Гурӯҳи мониторинг ё назорати ин созмон дар ҳафтаҳои ахир, дар ҳеҷ яке аз шаҳру навоҳии кишвар мавриди тозаи ибтило ба ин бемориро мушоҳида накардааст.

 

Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ хабар медиҳад, ки давлати Жопун ҳамзамон бо бахши хусусии ин кишвар барои нобудсозии фалаҷи кудакон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки молӣ ироа кардааст. Сандуқи кудакони СММ дар Тоҷикистон ба ин манзур аз давлати Жопун 200 ҳазор дулор ва созмони ғайридавлатии мавсум ба "Воксин барои Кудакон"-и ин кишвар 150 ҳазор дулор дарёфт кардааст.

 

То ҳол ЮНИСЕФ барои анҷоми чаҳор давраи моякубии кудакони то 15-сола алайҳи бемории фалаҷи кудакон ба Тоҷикистон 10.3 милиюн доза воксин ворид кардааст. Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ин давраҳои моякубии густарда дар Тоҷикистон, шиюъи бемориро дар кишвар маҳв кардааст.

 

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар медиҳад, ки рӯзи душанбеи 5 июл дар Ӯзбакистон давраи сеюми моякубии густарда алайҳи фалаҷи атфол оғоз хоҳад шуд ва интизор меравад, Қирғизистон низ базуди ду давраи моякубии густарда алайҳи ин бемориро анҷом бидиҳад.

 

Ахиран Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва вазъияти беҳдории умумии Русия, манъи вуруди кудакони тоҷик ба Русияро лағв кардааст. Ин ниҳод дар оғози моҳи май - замоне, ки дар Тоҷикистон фалаҷи кудакон шиюъ кард, барои ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси фалаҷи атфол ба кишвараш вуруди кудакони тоҷик ба Русияро мамнӯъ эълом карда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2618-----374-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ