17:45:42 28-уми Июни 2025 сол

ҶАМОЛИДДИН НУРАЛИЕВ: "ШИРКАТИ IRS МОЛИ МАН НЕСТ"

Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз шунидани хабар дар бораи ин ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) моли вай буда, шигифзада шудааст. Оқои Нуралиев бо ирсоли номае ба хабаргузории Asia-Plus расонаҳои хабарӣ ва хабарнигоронро ба “дақиқнависӣ” ва такия ба асос ва манбаъи воқеъӣ даъват кардааст. Ду рӯз қабл родиюи “Deutsche Welle” дар гузорише перомуни пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ ва мушкилоти ношӣ аз он оварда буд, ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Президент Раҳмон, нисбат дода буд.

 

Ҳарчанд баъд аз оғози фаъолияти ин ширкат, ки ба ҷамъовари маблағ дар роҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст, расман Ричард Кук, намояндаи он дар ин кишвар эълом шуда буд, вале дар чанд моҳи ахир дар мавриди моликони воқеъии ин ширкат дар Тоҷикистон шоъеоти зиёде паҳн шудааст. Ҳамчунин, ахиран дар расонаҳои хабарӣ бо ишора ба интисоби пайвандони иддае аз мақомоти баладпояи Тоҷикистон ба симатҳои мухталифи давлатӣ дар бораи густариши непутиcм ё хешовандсолорӣ дар ин кишвар гузоришҳое пахш шудаанд.

 

Аммо Ҷамолиддин Нуралиев, ки домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст (ҳамсари Озода Раҳмонова, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон) дар мусоҳибае бо ҳамкорамон Заринаи Хушвақт гуфта, ки масоили хонаводагӣ бо фаъолияти вай дар ниҳодҳои давлатӣ иртиботе надорад:

 

Ҷ. Нуралиев: Фикр мекунам, ки шумо, хабарнигорон, ин иттилоъро аз ман хубтар медонед, вале ростӣ ончи дирӯз бархе аз нашрияҳои хабарӣ дар Душанбе бо истинод ба родиюи “Deutsche Welle”-и Олмон, хабарҳое дар мавриди шахсияти ман ва ширкати IRS пахш карданд, аслан асосҳои қонунӣ надоранд.

 

Ман барои фаҳмидани асосҳои ин хабар бо Олмон дар тамос шудам ва ҳарчанд мудирони ин родиюро пайдо накардам, аммо бо ҷаноби Бургов, яке аз масъулони он дар тамос шудам ва қазияро барояш фаҳмондаму манбаъи пайдоиши ин хабарро пурсидам. Манро ин хабар ҳам ғофилгир кард ва ҳам аз он дар ташвишам!

 

-Вале нигаронии Шумо аз чӣ буд ва асоси ин хабар чи будааст?

 

-Он ҷо навишта шуда буд, ки гӯё соҳиби аслии ширкати "IRS" Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини вазири дороӣ аст, вале ҳеҷ намуд аз далеле, ки битавонад ин хабарро таъйид кунад, дар он набуд. Ба назарам, ин худ аз сӯйи муаллифи ин матлаб бетаҷрубагӣ буд. Ва мақсад маълум буд, ки ин хабарро муаллиф таҳти фишори касе ва ё гурӯҳе навиштааст.

 

-Шумо фикр мекунед чунин хабарҳо ва ё шоеъот аз куҷо пайдо шудаанд? Шумо чи фикр мекунед?

 

-Ман худам ҳам намедонам, ки ин хабар аз куҷо пайдо шуд ва чаро дар ин рӯзҳо ва танҳо аз сӯйи Хайруллоҳ Мирсаидов, ки худро мухбири ин родию дар устони Суғд, муъаррифӣ кардааст, ин хабар пахш шуд. Ростӣ, барои ман ин хабар таъаҷҷубовар буд.

 

-Лутфан бигӯед, ки бо мудирони ширкати IRS ошноӣ доред ва оё аз фаъолияти он хабар доред?

 

-Бо фаъолияти ин ширкат аз гузоришҳои расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорам. Ва бо намояндагони он дар сатҳи корӣ ва симатам мулоқотҳо дошам. Вале бештар аз ин бо ширкат ҳеҷ муносибате надорам. Ман баъд аз ирсоли нома мунтазири он ҳастам, ки хабаргузориҳое, ки ин иттилоъи бардурӯғро пахш карданд, такзиби онро ва ахбори дигареро дар мавриди нодуруст будани он пахш кунанд. Вагарна, ман низ чораҳои дигареро хоҳам андешид.

 

-Қадами баъдии Шумо дар ин замина чи хоҳад буд? Яъне агар такзиби ин хабар нашавад, Шумо ба воситаи ниҳодҳои вижа ин қазияро ҳал хоҳед кард?

 

-Ҳоло ман мунтазирам, ки чи хоҳад шуд? Аммо ман фикр мекунам, ки родиюи “Deutsche Welle” дар ҷаҳон мӯътабар аст ва масъулони он барои эътибори он воқеъиятро хоҳанд гуфт. Мардум ҳаққи онро доранд, ки ахбори дуруст ва дақиқро аз хабаргузориҳо дарёфт кунанд. Аслан, ман намехоҳам, ки кор то ба додгоҳ биравад. Аммо ман бо бовари комил мегӯям, ки ман ҳақ ҳастам. Ва ба назарам, дар солҳои ахир озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои пеш рушди назаррасе кардааст. Вале хабарнигорон набояд таҳти шиъори озодбаёнӣ нисбат ба фарде тӯҳмат кунанд.

 

-Ба назаратон, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ба хотири наздикии Шумо бо хонаводаи Президент Раҳмон, Шуморо мехоҳанд бадном кунанд?

 

Намедонам. Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Ҳар кас барои шахсияти худ фаъолият мекунад ва барои ояндааш дурнамои корӣ дорад. Ҳарчанд иттилоъ дар мавриди ман дар канори масъулони дигари вазорат дар саҳфаи интернетии вазорати мо пахш шудааст ва бисёре аз тоҷикистониён медонанд, вале ба фикри ман, иддае дигаре шояд маро нашиносанд.

 

Ман 32 сол дорам ва ақидаронии ман замонавӣ аст. Ман таҷрибаи кориро аз фаъолиятам дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул омӯхтам. Таҳсилоти нахустини худро дар Тоҷикистон оғоз кардам ва бо баҳои аъло донишгоҳро хатм кардам. Сипас дар Амрико таҳсил кардам ва гувоҳиномаи MBA-ро дарёфт кардам. Ҳамчунин, дар Амрико гувоҳиномаи мудирияти ҳадафмандро низ гирифтам. Ман аз соли 2007 то имрӯз дар Вазорати молияи Тоҷикистон кор мекунам.

 

-Бархе дар Тоҷикистон бар ин ақидаанд, ки дарёфти ин симат, яъне муъовинат дар вазорати дороӣ барои Шумо ба шарофати хешовандии Шумо бо хонаводаи раиси ҷумҳур насиб шудааст?

 

-Саволи хеле аҷоиб ва посухи ман чунин аст, ки ман худро чун шахсе, ки барои вай ин вазифаро бовар кардаанд, аз раиси ҷумҳурӣ сипосгузорам ва ба муҳтарам Президент эҳтироми зиёде дорам. Ба назарам, ҳар касе, ки баъд аз кор ба манзил меравад, тамоми масоили кориро дар дафтари корӣ бояд гузорад. Аммо равобити хонаводагии ман ва ҳамсарам, ки низ дар як вазоратхона кор мекунад, ба вазоиф ва фаъолиятҳои ҳаррӯзаамон ҳеҷ рабте надорад.

 

Ман дар хонаводаам, падар ҳастам ва ҳамсарам модар аст. Ва дар манзил мо бештари вақтамонро ба тарбияти кӯдакон ва корҳои манзил мебахшем. Дар вақти мулоқотҳои хонаводагӣ бо ҷаноби олӣ (Президент Раҳмон) дар мавриди сиёсат суҳбат намекунем. Барои ман ва ҳамаи мо раиси ҷумҳурӣ падар аст ва ман чун падар ба вай эҳтиром мегузорам. Фикр мекунам, ки беҳтар мебуд, агар аз ман суол мекардед, ки аз фаъолиятам ман розӣ ҳастам ё хайр?

 

-Хуб агар лутф мекардед, ба ин суол посух медодед ва мегуфтед, ки то чи андоза муъовини вазир будан хастакунанда аст ё хайр?

 

-Мо бояд эътироф кунем, ки дар ин чанд сол вазорати мо корҳои хубе анҷом додааст ва мо дар мавриди ворид кардани ислоҳот ба сиёсати молиявии давлатӣ ва татбиқи истондордҳои байналмилалӣ дар кишварамон корҳоеро анҷом додем. Аз ҷумла, беш аз 35 барнома дар ин заминаро дар Тоҷикистон пиёда кардем.

 

Ҳамчунин, барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар корҳоеро анҷом додем. Алббата бархе вақтҳо мехоҳам барои чаҳор кӯдакам ва суҳбату тарбияти онҳо вақти бештаре ихтисос диҳам, вале мутаассифона баъзан вақти кофӣ барои ин дар ихтиёр надорам.

 

Вале ман рӯҳафтода намешавам, зеро мардум ба мо бовар карданд ва мо бояд ҷавобгӯйи ин боварӣ бошем. Фаъолияти моро мардум бояд арзёбӣ кунад, на як шахс ва ё хабарнигоре, ки барои расидан ба иззати нафс чизеро дар мавриди мо менависад.

 

-Бархеҳо ҳадс мезананд, ки Ҷамолиддин Нуралиев дар оянда вазири молия хоҳад шуд? Ақидаи Шумо дар ин бора чист?

 

-Аввал ин ки барои ман мақоми баланд ҳеҷ маъние надорад. Ман ба вазири кунунии молия арҷ мегузорам ва ин шахс яке аз мақомҳои хеле боистеъдод аст. Аз соли 2001 ман ин касро мешиносам. Ман ин гуна ҳадаф, яъне вазир шудан, надорам.

 

-Дар бораи хонаводаи худ чанд ҳарфе бигӯед?

 

-Ман чаҳор фарзанд - се духтар ва як писар дорам, ки бузурги онҳо духтар ва 12 сол дорад ва хурдии онҳо се сол дорад.

 

-Ва дар зиндагии хусусӣ чи алоқамандиҳо ё ба истилоҳ “хоббӣ” доред?

 

-Ман варзиши баскетболро дӯст медорам ва агар вақти каме пайдо кардам, ба ин бозӣ машғул мешавам. Дар вазорати мо тими бозигарони баскетбол ҳаст, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгоҳи севумро ба худ ихтисос додаст. Ҳоло ният кардем, ки аз ҷойи севум ба ҷойи аввал бароем. Ҳамчуннин, шояд ин корро хоббӣ гуфтан мумкин нест, вале яке дигар аз корҳое, ки ман берун аз фаъолияти кориям анҷом медиҳам, кумак ба афроди ниёзманд аст.

 

Фарзи мисол, баъди се рӯз ба ноҳияи аз сел осебдидаи Кӯлоб меравем. Ман аз ҳисоби маблағи шахсии худам манзилеро барои як хонаводаи беспараноҳмонда бунёд карда ва ҳоло он ҷо меравам, то бибинам, ки ин афрод дар чи вазъияте ба сар мебаранд.

 

-Ташаккур барои сӯҳбат.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2644---q-irs---q.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ