22:58:59 28-уми Июни 2025 сол

ҚУРҒОНТЕППА: САНГИНИИ РӮЗГОР РӮЙИ ШОНАҲОИ НОЗУКИ КӮДАКОН

"Падарам барои мардикорӣ ба Русия рафтааст, вале барои мо ва хоҳару модари беморам пул равон намекунад. Падарам мегӯяд, ки корҳоям хуб нест ва пул надорам. Мо бепул мондем ва ман маҷбур шудам, ки аз мактаб баромада, дар бозор аробакашӣ кунаму барои модар ва хоҳаронам нон ва хӯроки дигар харам. Дар як рӯз то бегоҳ 12-15 сомонӣ кор мекунам."

 

Ин суханони Алишер аст, ки ҳамагӣ даҳ сол дорад. Вай ду хоҳар дорад, ки бо ҳамроҳии модари бемораш ба сар мебаранд ва се сол боз падараш дар мардикорӣ будааст. Монанди Алишер дар бозорҳои Қӯрғонтеппа ҳамарӯза даҳҳо кӯдаки мактабхони дигар ба назар мерасанд, ки ба корҳои мухталифе машғуланд. Дар ҳоли ҳозир бо истифода аз таътили тобистона шумори чунин кӯдакон дар бозорҳо ва хиёбонҳои Қӯрғонтеппа афзоиш ёфтааст. Муҳаммадҷон, кӯдаки дигаре, дар бозор тухми мурғу қандҳоро бо нархи нисбатан арзон харида, болояш 20 дирам мегузораду мефурӯшад. Сабаби рӯй оварданаш ба кор дар бозорро Муҳаммадҷон чунин баён намуд: "Мо аз ноҳияи Вахш ҳастем, бо ҳамроҳии модарам дар бозор кор мекунем. Падарам зани дигар гирифта, модарамро бо чаҳор фарзандаш партофтааст. Дигар мо ҷойи рафтан надоштем. Кор мекунем, пули иҷораро месупорем ва маблағеро ҳам барои зиндагӣ сарф мекунем.Барои таҳсил пуламон намерасад."

 

Муҳаммадҷон мегӯяд, ки ба далели мушкилоти зиндагӣ мактабро тарк кардааст: "Ман то синфи 2 хондам, вале дигар хонда натавонистам, чун писари калонӣ будам, шароит вазнин буд ва ман ба модарам кумак расондам. Вай худаш танҳо азоб мекашид." Дар ҳамин ҳол, маъмурони пулиси шаҳри Қурғонтеппа дар як амалиёти вижа аз бозор ва хиёбонҳои ин шаҳр 40 кӯдаки ба гуфтаи онҳо аз таълим дурмондаро, ки ба аробакашию дудандозии сипанд ва савдогарӣ машғул буданд, боздошт кардаанд. Маъмурони пулис мегӯянд, ки дар замони таътили тобистона шумори кӯдаконе, ки дар хиёбон ва бозорҳо ба корҳои мухталиф машғуланд, бештар шудааст.

 

Бахши аъзаме аз кӯдакони боздоштшуда тавассути пулис баъди бозпурсӣ дар тӯли як шабонарӯз ба хонаҳояшон фиристода мешаванд. Аммо манобеъи шӯъбаи маъорифи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки муҳассилони макотиби ин шаҳр ба истироҳатгоҳҳо фиристода шудаанд ва кӯдакони овора умдатан аз беруни шаҳр омадаанд. Солиҳамо Қосимова, мудири шӯъбаи маъорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: ӯдаконе, ки дар бозор ба корҳои сиёҳ даст мезананд, аз оилаҳои кабизоъати навоҳии дурдасти минтақа ҳастанд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки онҳо муҳассилони мактабҳои шаҳри Қӯрғонпеппа ҳастанд, вале чунин нест. Мактабиёни мо, бахусус кӯдакон, ба ин корҳо даст намезананд."

 

Хонуми Қосимова мӯътақид аст, ки бояд аз раванди дурмонии кӯдакон аз таълим ҷилавгирӣ шавад, то онҳо дар оянда таҳсилоти хубе дошта бошанд ва касбу кори гуногунеро омӯзанд.

Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, ки шӯъбаи онҳо дар ҳукумат навтаъсис буда, вале дар муддати кӯтоҳ корҳои машваратии зиёде бо волидони кӯдакони овора анҷом додааст. Хонуми Ғафурова мегӯяд: "Мо дар бозорҳо бо падару модарон ва намояндагони додситонӣ зиёд машваратҳо мекунем, вале ин мавзӯъ ташвишовар боқӣ мемонад.

 

Масалан, кӯдакони дурмонда аз мактаб ба корҳои сиёҳе монанди аробакашӣ ва борбарӣ даст мезананд, вале ин корҳо метавонад кӯдаконро ҳатто маълул кунад. Масъулияти ҳифзи кӯдакон танҳо ба дӯши кормандони маъориф нест. Бояд кормандони маъориф, хонавода, пулис дар ин бора бо ҳам кор кунанд." Коршиносони маҳаллӣ бар онанд, ки дар чунин шароите, ки бахши аъзаме аз хонаводаҳо дар фақр ва суитағзия ба сар мебаранд, ҷалби кӯдакон ба таълиму тарбият кори душворест.

 

Абдувалӣ Нодиров, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ки ҷалби кӯдакон ба таълиму тарбият бо боздошту машваратгузаронӣ намешавад: "Фикр мекунам, кӯдаконе, ки дар бозорҳо менишинанду корҳои сиёҳро барои рӯзгузаронӣ мекунанд, давлат беҳтар аст ба онҳо кумаки изофӣ кунад." Оқои Нодиров меафзояд: "Дар бозорҳо мушоҳида мекунем, ки кӯдакони хурдсоле корҳои вазнинеро иҷро мекунанд. Мебоист кӯдакон дар ин синну сол ба истироҳату омӯзиш ҷалб шуда бошанд, вале баъзе аз кӯдакони мо истироҳатро аслан фаромӯш кардаанд."

 

Ҳукумати вилояти Хатлон барои ҷилавгирӣ аз кори кӯдакон ва ҷалби онҳо ба мактаб ҳеч барномае рӯйи даст надорад, вале маблағеро барои таъсиси марказе барои нигаҳдории кӯдакон ва таҳвили онҳо ба хонаводаҳояшон ихтисос додааст. Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки ин марказ дар авоили моҳи сентябр ба кор оғоз хоҳад кард. Ба гуфтаи онҳо, дар ин марказ, ки "тавҳилгоҳ" ном дорад, кӯдакони аз таълим дурмондае, ки зимни амалиёти вижаи пулис дар кӯчаву бозорҳо дастгир мешаванд, нигаҳдорӣ ва тарбият мешаванд. Дар сурати фаъолияти ин марказ, он нахустин "тавҳилгоҳи кӯдакон" дар вилояти Хатлон хоҳад буд, ки кӯдакони дастгиршударо ба давраи таълими кӯтоҳмуддате аз 40 рӯз то 3 моҳ фаро мегирад.

 

Орзӯи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2650-2010-07-11-06-34-52.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ