22:55:11 28-уми Июни 2025 сол

САЛИМЗОДА: "МАН ҶОНИБДОРИ РОҲИ ПУЛАКӢ ҲАСТАМ"

Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки аз роҳандозии роҳи пулакӣ дар масири Душанбе-Чаноқ пуштибонӣ мекунад. Ба эътиқоди Шерхон Салимзода, агар ин роҳ пулакӣ нашавад, сарнавишти ҷоддаи Душанбе-Қӯрғонтеппа такрор хоҳад шуд.

 

Вай гуфтааст, ки натиҷагирии додситонии кул дар бораи қонунӣ будани роҳандозии роҳи пулакӣ ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 13 июл дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки аз иқдоми давлати ин кишвар дар заминаи роҳандозии роҳи пулакӣ пуштибонӣ мекунад. Вай гуфт, ки ин ҷодда бо сармояи хориҷӣ бозсозӣ шудааст ва агар ширкате умури нигоҳубини онро ба ҳда нагирад, он ба зудӣ хароб хоҳад шуд.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Бубинед, роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки низ бо сармояи хориҷӣ бозсозӣ шуда буд, базудӣ хароб шуд ва ҳоло дар ин роҳ наметавон ҳатто бо суръати 100 килуметр дар соъат ҳаракат кард."

 

Зимнан, тибқи қавоъиди роҳи Тоҷикистон, ҳаракати худравҳо ва комюнҳо дар ҷоддаҳо, аз ҷумла дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа танҳо бо суръати на бештар аз 90 килуметр дар соъат ҷоиз аст. Шерхон Салимзода афзуд, ки қабули роҳи пулакӣ барои сокинон душвор аст, вале агар "мо хоҳем, ки роҳҳои мо бозгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ бошанд, пас чунин шароитро мо бояд қабул кунем."

 

Вай хабар дод, ки дар заминаи роҳандозии роҳи пулакӣ ба додситонӣ шикоёти мардум ворид шудааст. Оқои Салимзода мегӯяд: "Шояд дар заминаи ҳаққи роҳкиро ва бархе аз паҳлӯҳои дигари фаъолияти ин роҳ зарурати таҷдиди назар вуҷуд дорад."

 

Вале дар маҷмӯъ, ба гуфтаи вай, фаъолияти ширкати “IRS”, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон барои ҷамъоварии ҳаққи роҳ дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд интихоб шуда, қонунӣ будааст. Зимнан, дар моҳи гузашта гузориш шуда буд, ки додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати “IRS”-ро мавриди санҷиш қарор додааст. Ҳамакнун рӯшан шуд, ки додситонӣ фаъолияти онро қонунӣ дониста, аз роҳандозии роҳи пулакӣ пуштибонӣ мекунад.

 

Дар авохири моҳи гузашта як кумисиюни давлати Тоҷикистон, ки низ барои таҳқиқи фаъолияти роҳи пулакӣ дар ҷоддаи Душанбе-Чаноқ таъсис шуда буд, қонунӣ будани ин тарҳро таъйид кард. Вале матбуъоти Тоҷикистон, аҳзоби сиёсии мухолиф дар ин кишвар ва соҳибназарон аз роҳандозии роҳи пулакӣ дар ин масир ва сангин будани ҳаққи роҳ интиқод мекунанд.

 

Ба гуфтаи онҳо, бидуни мавҷудияти роҳи олтернотиф дар шароити кӯҳистонӣ пулакӣ кардани танҳо роҳи омаду рафт байни шимолу ҷавоб бо мавозини байналмилалии иқтисодӣ ва ҳамчунин бо Қонуни асосии Тоҷикистон созгор набудааст. Аммо дар сӯҳбати имрӯзи худ Шерхон Салимзода дар бораи ин ихтилофот ва носозгориҳо тавзеҳ надод.

 

Мавзӯъи дигаре, ки мавриди нигаронии ҷомеъаи Тоҷикистон шудааст, эълом нашудани асомии соҳибони ширкати мавсум ба “IRS” мебошад, ки гуфта мешавад дар ҷазоири Вирҷиниёи Бритониё сабти ном шудааст. Ҳамчунин, ин суол матраҳ аст, ки чаро давлати Тоҷикистон ин ширкатро аз пардохти анвоъи мухталифе аз молиёт маъоф кардааст?

 

Ахиран, бархе аз расонаҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини вазири молияи Тоҷикистон ва домоди Президент Раҳмонро, соҳиби ин ширкат муъаррифӣ карданд. Вале худи оқои Нуралиев ин хабарро такзиб кард ва ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи пахши чунин хабарҳо расонаҳоро ба додгоҳ хоҳад кашид.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2672--q----q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ