02:17:09 29-уми Июни 2025 сол

КОҲИШИ АЛОҚАИ МАРДУМ БА МАСРАФИ АЛКУЛ

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ним соли нахусти соли 2010 фурӯши машруботи олкулӣ дар кишвар ҳудуди 65 дарсад коҳиш пайдо кардааст. Ба гуфтаи ҷомеъашиносон, ин амр ба устувортар шудани суннатҳои исломӣ дар ҷомеъаи ин кишвар бастагӣ дорад, ки тибқи онҳо, майхорагӣ амре ғайришаръӣ маҳсуб мешавад.

 

Тибқи омори ҷадид, арақ, ликёр ва настойкаҳо дар нимаи аввали соли 2010 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 63 дарсад ва коняк 77 дарсад камтар ба фурӯш рафтаанд. Танҳо мизони фурӯши шароб (вино), ки ба хориҷ аз кишвар содир мешавад, каме афзоиш ёфтааст. Соҳибназарон омилҳои мухталиферо далели ин таҳаввул медонанд, аммо бештари таҳлилгарон тамоюли рӯзафзуни мардум, бахусус ҷавонон, ба арзишҳои исломиро сабаби аслии касодии бозори арақ ва нӯшокиҳои дигари алкулӣ мехонанд.

 

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, раиси маркази таҳлилии Ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон, низ мӯътақид бар ҳамин нукта аст. Вай мегӯяд: "Аслан матраҳ кардани саволи "барои чӣ дар ҷомеъаи мусалмонӣ фурӯши алкул кам шудааст?" ғайримантиқӣ ба гӯш мерасад."

 

Дар посух ба ин савол, ки оё ҳеч иттилоъе ҳам дар бораи боло рафтани таваҷҷуҳи мардум ба арзишҳои мазҳабӣ ё масалан дар бораи афзоиши теъдоди афроде, ки ба масҷид мераванд ва ё намозхон шудаанд, вуҷуд дорад ё хайр, оқои Сайфуллозода гуфт, ки чунин оморе мавҷуд нест. Аммо вай афзуд, ки боло гирифтани арзишҳои исломӣ дар ҷомеъа басодагӣ мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи ин масъули ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, раванди ба истилоҳ "мусалмоншавии" ҷавонони тоҷик дар Русия бештар мушоҳида мешавад.

 

Вай мегӯяд: "Муҳоҷират паҳлӯҳои манфии зиёде дорад, вале боз ҷиҳати мусбат ҳам ҳаст, ки мардуми мо дар онҷо ба ислом рӯ меорад. Дар мушкилот ба ёди худо меафтад ва ба ӯ рӯ меорад."

 

Фарҳанги майнӯшӣ дар Тоҷикистонро бисёриҳо мероси даврони шӯравӣ ё русҳо мехонанд ва ба ақидаи ҷомеъашиносон, ин фарҳанг дар миёни насли бузургсолтар ба таври барҷастатаре ҳифз шудааст. Зимнан, “майхорагӣ” аз ҷумлаи клишеҳо ё барчасбҳоест, ки маъмулан ба мардуми рус нисбат дода мешавад. Соли гузашта “Лансет”, як маҷаллаи пизишкии байналмилалӣ, бо инитшори натоиҷи пажӯҳише илмӣ хабар дода буд, ки 50 дарсади мардҳои мустаъид ба кор дар Русия аз майзадагӣ мемиранд.

 

Майнӯшӣ дар миёни ҷавонони замони Шӯравӣ амре маъмулӣ ва то ҷое нишонаи “мудерн будан” талаққӣ мешуд. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки “мазҳабӣ будан” дар миёни иддаи зиёде аз ҷавонони тоҷик нишонаи обрӯ ва эътибор маҳсуб мешавад.Масалан, имрӯзҳо бисёре аз маҳофили арӯсӣ ва хатнасур дар Тоҷикистон бидуни арза кардани нӯшидании алкулӣ, бавижа арақ, ба меҳмонҳо сурат мегиранд - чизе ки қаблан "беэҳтиромӣ" нисбат ба бархе аз меҳмонон талаққӣ мешуд.

 

Ин мавзӯъ дар бархе маворид то ҷойе ҳассос аст, ки гоҳо ба баҳсҳое миёни хонаводаҳои арӯс ва домод доман мезанад. Яке мехоҳад арӯсиро "ба шеваи мудерн", яъне бо алкул ва дигари "ба шеваи мусулмонӣ", яъне бидуни алкул, баргузор кунад. Дар натиҷа бархе аз издивоҷҳо лағв шудаанд. Аз сӯйи дигар, масъулони Кумитаи давлатӣ дар умури ҷавонон, гардишгарӣ ва варзиш мегӯянд, ки ҷавонони тоҷик дар солҳои ахир ба шеваи зиндаги солим тамоюлоти шадиде доранд.

 

Ба гуфтаи Қобилҷон Ҷӯраев, муъовини раиси ин кумита, бо афзоиши теъдоди бошгоҳҳои мухталифи варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ҷавонони бештаре ба анвоъи варзиш ҷалб шудаанд. Тобистони гузашта Вазорати додгустарии Тоҷикистон санадеро таҳти унвони “Қавоъиди низоми ҷамъиятӣ, беҳдоштӣ ва муҳити зист” ба тасвиб расонд, ки яке аз муқаррароти он нӯшидани алкул дар амокини умумиро мамнӯъ мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2695-2010-07-16-16-42-03.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ