23:25:13 28-уми Июни 2025 сол

ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ ҲУҚУҚИ САРБОЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Хонаводаҳои сарбозоне, ки дар ҷараёни хидмати низомӣ дар Тоҷикистон фавт мекунанд, аз давлат ҳеч гуна кумакпулие дарёфт намекунанд. Ҳарчанд бар асоси қавонини Тоҷикистон, хонаводаҳои сарбозони ҳалокшуда бояд аз кумакпулии яквақтаи давлат бархурдор шаванд, вале ин муқаррарот ҳаргиз ба шеваи дурусте иҷро намешавад.

 

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 16 июл дар ҷараёни як мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, матраҳ шуд. Дар ин ҳамоиш масъулони кумисериёҳои низомӣ, додситонии низомии устони Суғд ва намояндагони созмонҳои маҳаллии 0ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ширкат доштанд. Созмони ғайридавлатии "Маркази ҳуқуқи инсон" аз мубтакирони аслии ҳамоиши "Риъояти ҳуқуқи инсон дар рафти даъват ба иҷрои хидмати ҳарбӣ" буд.

 

Сайфулло Эргашев, як масъули ин созмон, гуфт, ки ҳамкоронаш тайи як соли ахир ба иҷрои тарҳе машғул буданд, ки таҳлили вазъияти ҳуқуқи башар дар ҷараёни даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ дар вилояти Суғдро ҳадаф қарор додааст. Ин тарҳ аз сӯйи сафорати Бритониё ва бахши маҳаллии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон ҳимояти молӣ шудааст. Масъулони "Маркази ҳуқуқи инсон" гуфтанд, ки натоиҷи таҳлилҳои ин созмон дар авоили моҳи август мунташир хоҳад шуд.

 

Аммо Татяна Хатюхина, ҳуқуқшиноси ин марказ дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки яке аз масоили умдаи ҳуқуқи башар дар мавриди сарбозону артишиён, маҳрумияти хонаводаҳо аз дарёфти кумакпулӣ ба ҳангоми марги фарзандонашон дар ҷараёни хидмати низомӣ аст.

 

Вай афзуд: "Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки оилаҳои сарбозони ҳалокшуда бояд аз кӯмакпулии яквақтаи давлат бархурдор шаванд, вале ин муқаррарот дар кишвар дар мавориди зиёде иҷро намешавад."

 

Хонуми Хатюхина яке аз далоили ин амрро ноогоҳии волидон аз қонун ва талаб накардани ҳаққашон аз ниҳодҳои давлатӣ хонд. Вай гуфт: "Менталитети мардуми тоҷик чунин аст, ки аз фарзанди фавткардааш дар замони адои хидмати ҳарбӣ кӯмакпулие талаб намекунад."

 

Вале аз сӯйи дигар, мақомҳои давлатӣ низ дар иҷро нашудани ин амр муқассир будаанд. Дар нишасти шаҳри Хуҷанд, ки тақрибан яку ним моҳ пас аз анҷоми мавсими баҳории сарбозгирӣ (апрел ва май) баргузор мешавад, гуфта шуд, ки давлат бояд ба хонаводаҳои сарбозони фавткарда кумакпулӣ диҳад.

 

Ҳамчунин, дар ин мизи гирд намояндагони созмонҳои ҷомеъаи маданӣ бо масъулони давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони кумисериёҳои низомӣ масоили дигари марбут ба нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни сарбозгириро матраҳ карда ва тавсияҳое ба онҳо ироа доданд.

 

Яке аз тавсияҳои ҷомеъаи маданӣ ба масъулони давлатӣ ин буд, ки онҳо бояд бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ ҳамкории густардаеро ба роҳ монанд ва аз шикоёти онҳо дар мавсими сарбозгирӣ ё даъвати ҷавонон ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳ расидагӣ кунанд.

 

Он гуна, ки мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, мавориди густардае аз помолсозии ҳуқуқи башар дар ҷараёни сарбозгирӣ ва ҳам дар фароянди адои хидмати низомӣ сурат мегирад, вале ҷомеъа аз ин маворид куллан хабаре надорад.

 

Тибқи гузоришҳо, ҳануз ҳам дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар мавсими сарбозгирӣ масъулони маҳаллӣ ҷавононро бо шеваи "гирудор" ё "облава" ва бо истифода аз зӯр ва хушунат ба артиш мефиристанд, ки ин аз намунаҳои боризи нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.

 

Мақомоти давлатӣ ҳамвора мавориди зиёди ибтилои сарбозон ба бемориҳои мухталиф дар артиш ва ҳамчунин меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва хушунат дар миёни низомиёнро, ки мӯҷиби маргу мири бисёре аз навсарбозон мешавад, аз ҷомеъа пинҳон медоранд ва ҳатто рӯзноманигороне, ки ин мавзӯъро бозтоб медиҳанд, ҳамвора таҳти таъқибу фишор қарор гирифтаанд.

 

Бо таваҷҷуҳ ба инҳо, ниҳодҳои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон хостори таъмини шаффофияти бештаре дар фаъолияти кумисериёҳои низомӣ ба ҳангоми сарбозгирӣ ва фаъолияти сарбозон дар артиш ҳастанд ва мегӯянд, ки танҳо расидагии қонунӣ ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар ва баҳсу гуфтугӯҳои ошкор дар ҷомеъа перомуни ин мавзӯъот вазъият дар артишро метавонад беҳбуд бахшад.

 

Ҳамасола бо судури фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ навҷавононе, ки тоза ба синни 18 расидаанд ва шаҳрвандони бузургтаре, ки "ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд", ба хидмати ҳатмии сарбозӣ фаро хонда мешаванд.

 

Дар гузашта, дар устони Суғд аз мавориди зиёди боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш гузориш шуда, вале манобеъи кумисериёи низомии устони Суғд мегӯянд дар солҳои ахир шароит дар воҳидҳои низомӣ беҳтар шуда ва ҷавонон бештар ба таври довталабона ба артиш мераванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2699-2010-07-17-10-58-32.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ