ҶАМЪОВАРИИ ПАРДОЗҲОИ ГУМРУКӢ КОҲИШ ЁФТААСТ
Коҳиши мизони воридот ва афзоиши имтиёзот барои воридкунандагон, таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба будҷети Тоҷикистон хисорот ворид кардааст. Тибқи иттилоъи Идораи гумруки Тоҷикистон, дар зарфи ним соли ахир мизони ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ танҳо 80 дарсад иҷро шуда ва ин амр то охири соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, барномаи давлатии ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ воқеъӣ набудааст.
Нуриддин Маҳмадов, муъовини раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 19 илюл дар нишасти матбуъотӣ эълом кард, ки ҳарчанд, равобити иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ беш аз шаш дарсад афзоиш ёфтааст, вале мизони ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ дар ҳоли коҳиш будааст.
Аз ҷумла, маъмурони гумруки Тоҷикистон натавонистаанд дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди 180 милиюн сомонӣ пардозҳои гумрукиро ҷамъоварӣ кунад, ки 20 дарсад камтар аз супориши давлати ин кишвар аст. Оқои Маҳмадов иддаъо дорад, ки мизони доду ситади коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби содирот боло рафтааст. Вале воридот, ки манбаъи аслии ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ мебошад, коҳиш ёфтааст.
Вай хабар дод, ки дар муқоиса бо замони пеш аз бӯҳрон, яъне нимаи аввали соли 2008, мизони воридоти колоҳо ва маводд ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 31 дарсад коҳиш доштааст. Гузашта аз ин, афзоиши мизони колоҳо ва маводд, ки бо истифода аз имтиёзоти гумрукӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, дар нимсолаи аввали сол афзоиш ёфтааст, ки низ ба коҳиши ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ мунҷар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки таъвиқи вогунҳо дар қаламрави Ӯзбакистон ба будҷети Тоҷикистон чӣ пайёмадҳои молӣ гузоштааст, натавонистанд посухи дақиқ бидиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, бахше аз 180 милиюн сомонӣ, ки камтар ҷамъоварӣ шуд, натиҷаи таъвиқи вогунҳо низ мебошад. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Нуриддин Маҳмадов, супориши давлати Тоҷикистон барои ҷамъоварии пардозҳои гумрукӣ дар соли ҷорӣ аз оғоз воқеъӣ набудааст.
Вай гуфт: “Шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон ҳарчанд то андозае коҳиш ёфтааст, вале ҳамчунон маҳсус аст. Тибқи дурнамо ин раванд то авохири соли ҷорӣ идома хоҳад дошт ва ба ин далел метавон гуфт, ки камбуди мизони ҷамъоварии пардозҳои гумуркӣ низ ҳамчунон боқӣ мемонад”.
Оқои Маҳмадов изҳори умедворӣ кард, ки давлати Тоҷикистон зимни таҳияи тарҳи будҷети соли 2011, ки ҳамакнун оғоз шудааст, барномаи воқеъбинонаееро ба Идораи гумрук барои соли оянда дар назар бигирад. Аз сӯйи дигар, муъовини раиси Идораи гумрук хабар дод, ки ин ниҳод ба такмили мизони пардозҳо ва таъруфаҳои гумрукӣ оғоз кардааст. Ба гуфтаи вай, “мо ҷонибдори афзоиши таъруфаҳо нестем, вале такмили онҳо дар шароити бӯҳронӣ зарур аст”.
Ин дар ҳолест, ки вазорати молияи Тоҷикистон бо дарназардошти камбуди будҷети кишвар ва коҳиши мизони воридоти молиёт ба давлати ин кившар пешниҳод кардааст, ки бархе аз анвои ҷадиди молиёти изофӣ, аз ҷумла барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ роҳандозӣ шавад. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон бо камбуди ҷиддии будҷети ин кишвар рӯбарӯ аст. Ин мушкил Президент Раҳмонро водор сохтааст, ки дар ҷаласаи ахири Ҳукумат аз мақомот иҷрои сареъи ҷамъоварии молиётро дархост кунад.
Ин мушкил боъис шуда, ки ахиран давлати Тоҷикистон аз Сандуқи зиддибӯҳронии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё эътибори 70 милюн дулорӣ ва аз Бонки Ҷаҳонӣ ба далели мушобеҳ ҳудуди 25 милиюн дулор қарз бигирад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2714-2010-07-19-10-28-55.html