ЯК МИЛЛИОН НАФАР ДАР МАЪРАЗИ ҲАВОДИСИ ТАБИӢ
Ҳудуди як миллион нафар аз ҷамъияти тақрибан ҳаштмиллионнафарии Тоҷикистон дар манотиқи ноамн ба сар мебаранд. Ин матлабро масъулони Кумитаи умури изтирорӣ ё корҳои фавқулъодаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ, ки рӯзи сешанбеи 20 июл баргузор шуд, эълом кардааст. Дар Тоҷикистон, ки як кишвари куҳистонӣ буда ва танҳо 7 дарсади қаламрави онро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд, дар чаҳор фасли сол хатари вуқӯъи ҳаводиси мухталифи табиъӣ, аз ҷумла обхезӣ, сел, лағзиши кӯҳпора ва зилзила мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, 50 дарсади қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияи заминларзаи 9 дараҷаи Риштер ва 38 дарсади он дар ноҳияи зилзилахези ҳаштдараҷаӣ воқеъ аст. Аз сӯйи дигар, бо тағйири обу ҳаво дар курраи Замин ҳаводиси табиъӣ, ба монанди сел, обхезӣ ва лағзиши замин, дар Тоҷикистон афзоиш меёбад, ки ин низ ба вуқӯъи зилзилаҳои бештаре мусоъидат мекунад.
Вазорати умури изтирории Тоҷикистон эълом кард, ки беш аз 926 ҳазор нафар ё ҳудуди 260 ҳазор хонавода дар манотиқи Кӯлоб, Суғд, Бадахшон, Ҳисор, Рашт, Вахш ва шаҳри Душанбе дар "маҳалҳои хатарноки аҳолинишин" ба сар мебаранд.
Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ба далели камбуди молӣ дар назар дорад ҳар сол танҳо 600 хонаводаро ба манотиқи амн кӯч бидиҳад. Агар ин рақам дар солҳои баъдӣ тағйир накунад, бо ин шева, мумкин аст ин миқдор хонаводаҳоро дар 400 соли оянда ба манотиқи дигар кӯч дод.
Давлати Тоҷикистон барои кӯч додани ҳар хонавода ба онҳо қитъае замин ва 3000 сомонӣ ё муъодили 480 дулори омрикоӣ барои сохтани манзил ихтисос медиҳад, ки бо дарназардошти боло будани баҳои маводди сохтмонӣ ин маблағ хеле ночиз аст. Аз ин ҷост, ки бештари хонаводаҳо бо ин ки огоҳ ҳастанд, ки маҳалли зиндагиашонро ҳаводиси мухталифи табиъӣ таҳдид мекунад, ба кӯч бастан чандон моил нестанд.
Бо ин ки ҳоло эълом шудааст ҳудуди 260 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон дар минтақаҳои ноамн ба сар мебаранд, панҷ сол қабл вазорати умури изтирорӣ гуфта буд, ки дар кишвар танҳо 7200 хонавода ба хотири ноамн будани маҳалли зисташон бояд кӯчонда шаванд.
Дӯстмурод Забиров, сухангӯйи кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, гуфт, ки тафовути қобили мулоҳиза дар ин арқом пас аз таъсиси маркази иттилоъотӣ ва таҳлилии кумита ва омӯзиши вазъияти манотиқи аҳолинишин аз сӯйи онҳо дарёфт шудааст.
Бар асоси феҳристи таҳлилгарони ин марказ, ҳоло беш аз 53600 сокини пойтахти Тоҷикистон низ дар маҳаллҳои ноамн ба сар мебаранд. Онҳо умдатан афроде ҳастанд, ки дар хонаҳои кулбамонанди ноустувор ва дар канори конолҳо зиндагӣ мекунанд. Зимнан Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2010 бар асари ҳаводиси табиъӣ 49 нафар кушта шуда ва ҳудуди чаҳор ҳазор манзил осеб дидааст.
Бар асоси иттилоъи муқаддамотӣ, дар асари ин ҳаводис ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 230 миллиону 889 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст. Мақомҳои вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ки танҳо хисороти ворида ба ин арса беш аз 44 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2725-2010-07-21-06-07-51.html