НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ КАМНАЗИР ДАР ГУЗАРГОҲИ ПАНҶИ ПОЁН
Рӯзи чаҳоршанбеи 21 июл мақомоти гумрук, марзбонӣ ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон терминоли ҷадиди гузаргоҳи марзии Панҷи Поёнро ифтитоҳ карданд. Ин терминол бо сармояи Амрико ва тавассути як ширкати муштараки Афғонистон ва Итолиё бозсозӣ шуда ва бо фанноварии ҷадиде, ки дар Осиёи Марказӣ собиқа надоштааст, муҷаҳҳаз шуд. Қаблан Амрико дар ин қисмати марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон як пули иртиботӣ бунёд карда буд.
Ин таҷҳизоти ҷадид системи вижаи баррасии дохили утумубилҳо ва комюнҳо барои ошкор кардан ва ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди ғайриқонунӣ аз марз, аз ҷумла маводди мухаддир, ба кор бурда мешавад, ки “Рапискан” ном дорад. Ҳоло терминоли гумрукии гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ду намуна аз ин системро дар ихтиёр дошта ва кормандони гумруки ин терминол аз сӯйи мутахассисони хориҷӣ барои омӯзиши наҳваи кор бо ин таҷҳизот омӯзиш мебинанд.
Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси идораи гумруки Тоҷикистон, гуфт, ки пас аз ифтитоҳи пули иртиботӣ дар ин қисмат аз марзи муштарак на танҳо табодули коло ва тиҷорат миёни ду кишвар афзоиш ёфта, балки хатари қочоқи маводди мухаддир низ аз ин роҳ афзоиш ёфтааст. Вай гуфт ба ин далел таҷҳизоти муъосире, ки аз сӯйи Амрико ба ин гузаргоҳ эъто шудааст, имконоти қочоқбарон барои интиқоли маводди мухадир дар ин минтақаро хеле коҳиш медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи терминоли ҷадиди гумрукӣ дар марзи Панҷи Поён Женерол Роберт Ливингстон, раиси бахши амалиёти низомӣ ва ғайринизомии Маркази ҳамоҳангсозии эътилофи J5, як ниҳоди вобаста ба Ситоди марказии Амрико низ ширкат дошт. Вай бо ишора ба интиқодҳои марбут ба ончи “муборизаи ғайримуассири Амрико бо кишти хашхош ва қочоқи маводди мухаддир” унвон мешавад, гуфт, ки қочоқчиён аз навоқиси мавҷуд дар ҳукумати Афғонистон суиистифода мекунанд.
Вай афзуд, ки танҳо бо таҳкими тавоноии давлат барои мубориза ва кунтрули кишти хашхош ва қочоқи он метавон аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кард. Ин женероли Амрикоӣ таъкид кард, ки танҳо бо густариши иқтисод ва тиҷорат дар Афғонистон барои афроде, ки машғули кишт ва қочоқи маводди мухаддир ҳастанд, ҷойи кор ва роҳи даромади олтернативӣ пайдо мешавад.
Ва фароҳам кардани имконоти беҳтар барои рушди тиҷорат байни Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз роҳҳои рушди иқтисод аст, ки Амрико дар ин росто сармоягузории терминоли ҷадиди марзиро дар ин минтақа анҷом додааст.
Дар ҳоле ки дар гузаргоҳҳои маъмулӣ як утумубил то ду соъат бозрасӣ мешавад, бо фароҳам шудани таҷҳизоти лейзерӣ дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён ин амр танҳо дар чанд дақиқа анҷом мешавад. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ин кишвар барои бозсозии ин терминол ва муҷаҳҳаз кардани он ҳудуди дувоздаҳу ним милюн дулор масраф кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2730-2010-07-21-17-54-07.html