08:16:46 29-уми Июни 2025 сол

”СОҲИБКОРБОНК” МУФЛИС МЕШАВАД

Интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат “Соҳибкорбонк” муфлис эълом шавад. Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки “наҷоти” ин муассисаи молӣ ғайримумкин шуда ва қарор аст ин бонк худро муфлис эълом карда ва фаъолияташро қатъ кунад. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин амр муштариёни ин бонк хисороти чандоне нахоҳанд бардошт. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло идораи муваққатии "Соҳибкорбонк” идома дорад, вале умеде барои “наҷоти” ин муассиса боқӣ намондааст.

 

Ба гуфтаи вай, то ҳол бештаре аз муштариёни ин бонк суратҳисоби расмии худро ба бонкҳои дигар таҳвил дода ва барои дороиҳои онҳо хатаре вуҷуд надорад. Вай афзуд: “Бештар аз ҳама, саҳмиядорон ва соҳибони бонк зарар хоҳанд дид”.

 

Оқои Раҳимзода гуфт, ки дар моҳи август муфлисшавии “Соҳибкорбонк” расман эълом хоҳад шуд. Далели чунин таъхирро раиси Бонки миллӣ ба қавонини Тоҷикистон марбут донист. Зеро ба гуфтаи вай, қонуни муфлисшавӣ дар Тоҷикистон умдатан ба муфлисшавии ширкатҳо ва корхонаҳо созгор буда ва вижагиҳои фаъолияти бонкиро дар бар нагирифтааст.

 

Тибқи ин қонун, барои муфлис эълом кардани бонкҳо муддате зарур аст. Ҳарчанд ба гуфтаи оқои Раҳимзода, дар ин муддат соҳибони бонкҳо метавонанд маболиғ ва манофеъи худро дар қиболи саҳмиядорон ва муштариён аз муфлисшавӣ эъмин созанд. Зимнан, дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ раёсати Бонки миллӣ тасмим гирифта буд, ки барои шаш моҳ идораи муваққат дар “Соҳибкорбонк”-ро роҳандозӣ кунад.

 

Ба ин тартиб, коршиносони Бонки Миллӣ талош карданд, то дар ин муддат фаъолияти “Соҳибкорбонк”-ро муассир созанд. Зеро, он замон вазъи молии “Соҳибкорбонк” нигаронкунанда арзёбӣ шуда буд. “Соҳибкорбонк” соли 1999 ба унвони бонки хусусӣ таъсис шуда буд. Соли 2006 ҳудуди 75 дарсади саҳмияҳои ин муассисаи молӣ аз сӯйи “АТFБонк”, як муассисаи молии қазоқистонӣ, харидорӣ шуд.

 

Дар оғози соли ҷорӣ масъулони “Соҳибкорбонк” эълом карданд, ки “АТFБонк” 75 дарсади саҳмияҳои худ дар ин муассисаи молии Тоҷикистонро ба ниҳодҳои дигари қазоқистонӣ фурӯхтааст. Вале ба гуфтаи манобеъи Бонки миллии Тоҷикистон, эҳтимол дорад дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки бар низоми бонкии Қазоқистон асароти номатлубе гузошт, нахуст “АТFБонк” ва сипас “Соҳибкорбонк” низ бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки “Соҳибкорбонк” нахустин бонке нест, ки Бонки Миллӣ идораи муваққати онро дар даст мегирад. Аз соли 2001 то ҳол Бонки Миллӣ идораи муваққати бонкҳое, назири “Душанбе”, “Айём” ва “Олимпӣ”-ро дар даст гирифта буд. Вале ҳатто роҳандозии ин амр, ин бонкҳоро аз муфлисшавӣ наҷот надод ва дар ниҳоят Бонки Миллӣ муҷаввизи фаъолияти онҳоро бозхонд.

 

Ҳамакнун, интизор меравад, дар моҳи август Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи “Соҳибкорбонк”-ро лағв кунад ва ба ин тартиб аз феҳрасти муассисоти молии ин кишвар исми як бонк ҳазф хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2765-2010-07-26-13-20-47.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ