03:49:36 29-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛОТИ БУНЁДИ РОҲҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Марҳалаи сеюми бунёди роҳи Кӯлоб-Қалайихум, аз минтақаи Шоҳон то Зиғар дар моҳи сентябр оғоз хоҳад шуд. Ин қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қароқурум, ки ҳудуди беш аз панҷоҳ километрро ташкил медиҳад, аз ҷумла қисматҳои душворгузари ин шоҳроҳ аст, ки бозсозии он мунҷар ба беҳбуди ҳамлу нақли коло аз Душанбе-пойтахт ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Масъулони Маркази татбиқи барномаҳои тармими роҳҳои Тоҷикистон мегӯянд, иҷрои ин барномаҳо ба кундӣ пеш мераванд ва яке аз сабабҳои ин амр “тӯлонӣ будани раванди муҳокимот ва интихоби ширкатҳои роҳсозӣ ва таъйини онҳо барои сохтмон будааст.” Исмонқул Шоҳқулов, масъули ин марказ дар нишасти матбуъотӣ, ки рӯзи душанбеи 26-уми июл доир шуд, гуфт, “34 килуметр аз роҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷараёни марҳилаи севуми бунёди он асфалпӯш мешавад ва беш аз 18 килуметри дигари он пурра бозсозӣ хоҳад шуд.”

 

Вай афзуд, барои бунёди ин қисмати роҳ аз Шӯробод то Шоҳон низ сармоя ихтисос ёфт ва сохтмони ин қисмати роҳ дар авохири моҳи сентябр шурӯъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай дар се қисмати душворгузари ин роҳ дар ноҳияи Шӯробод аз ҷумла Кишт, Хирманҷо ва Обиниё, ки бар асари сел ва обхезиҳо ҳамасола хароб мешавад, се пули беш аз 300 метрӣ бунёд хоҳад шуд.

 

Оқои Шоҳқулов мегӯяд, ки "ин се пул дар Тоҷикистон ба навъи худ беназиранд, зеро дар баландии 60 килуметр сохта хоҳанд шуд." Бунёди ин қисматҳои роҳро панҷ ниҳоди маблағгузор аз ҷумла Бонки исломии Рушд, ОПЕК (OPEC), созмони кишварҳои содиркунандаи гоз, Бунёдҳои Саудӣ, Қуввайт ва Абудабӣ сармоягузорӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулон бунёди ин қисмати роҳро низ ширкати “Собир”-и Эрон бар дӯш хоҳад дошт. Барои бунёди қисмати роҳи Шӯробод то Шоҳон озмуни байналмилалии машваратӣ баргузор шуд ва дар ин озмун ширкати арабии “Абдул-ҳадди Спектори Қуввайт ва Лубнон ва ширкати “Автострада” Тоҷикистон пирӯз шуданд.

 

Масъулон мегӯянд, ки қарор аст, дар авоили моҳи август тандери барои роҳсозон доир шавад ва аз миёни даҳ ширкате, ки дар он номнавис шудаанд, масъулон се ширкатро барои сохтмони ин роҳ интихоб кунанд. Сипас дар давраи ниҳоии тендер аз миёни се ширкат масъулони ниҳодҳои сармоягузор барои бунёди роҳ як ширкатро интихоб мекунанд.

 

Ба гуфтаи бисёре аз коршиносони иқтисодӣ бештари мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ношӣ аз набуди роҳҳои хуби иртиботӣ аст. Онҳо аз ин интиқод мекунанд, ки иҷрои тарҳҳои бунёди роҳҳо дар ин кишвар ба кундӣ пеш рафта ва дар натиҷа тоҷирон ва мардум дар заминаи ҳамлу нақал ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд. Соҳибназарон бо ишора ба қазияи гир кардани вогунҳои борбарӣ дар самти Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон, аҳамияти тарҳҳои роҳҳои олтернотиви заминиро хеле боло медонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2768-2010-07-26-19-10-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ