08:25:29 29-уми Июни 2025 сол

ҲАВОПАЙМОЕ, КИ ҚАБЛ АЗ ВУРУД БА ТОҶИКИСТОН НОБУД ШУД

Асноди маҳрамона дар бораи ҷанги Афғонистон, ки сойти "Викиликс" интишор дода, иттилоъотеро низ дар бораи ҷиҳатгирии як ҳавопаймои Амрикоӣ ба қаламрави Тоҷикистон дар соли гузашта дар бар дорад. Тибқи яке аз мадорики дарзшуда, ин ҳавопаймои бехалабон, ки "Reaper MQ-9" ном дорад, 13 сентябри соли 2009 дар ҷараёни яке аз амалиёт дар Афғонистон аз кунтрули низомиёни Амрикоӣ хориҷ шуд ва "худсарона" ба самти қаламрави Тоҷикистон равона шуд.

 

Он замон талошҳои мукаррари нерӯҳои ҳавоии Амрико барои таҳти кунтрул даровардани ин бехалабон (беспилотник) натиҷае надода ва онҳо ночор шудаанд ин ҳавопаймои "гарданшахро" қабл аз вуруд ба фазои Тоҷикистон нобуд кунанд. Барои нобуд сохтани он, аз ҷангандаи "F-15E", ки бо халабон ҳаракат мекунад, истифода шудааст.

 

Ин ҷанганда аз фурӯдгоҳи Бағром ба ҳаво баланд шуд ва бо партоби мушаки "AIM-9 Sidewinder" ҳавопаймои бехалабони "Reaper MQ-9"-ро дар минтақае кӯҳистонӣ ва ғайримаскунӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзи Тоҷикистон аз по даровард.

 

Пас аз он ки мушаки партобшуда ба муҳаррики ҳавопаймои бехалабон зад, ногаҳон иртибот бо ин ҳавопаймо дубора барқарор шуд, вале дигар дер шуда буд. Сипас, нерӯҳои Амрикоӣ онро ба маҳалле амн ва дур аз маҳалли сукунати мардум ҳидоят карданд ва дар он ҷо суқут кард.

 

Манобеъи низомии Амрико мегӯянд ҳавопаймои нобудшуда 13 милюн дулор арзиш доштааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳавопаймои "Reaper MQ-9" бо дурбинҳои пешрафтаи родорӣ ва тавонманд ва ҳамчунин бо мушакҳои мавсум ба "Hellfire" ва бумбҳое, ки 500 пунд (ҳудуди 230 килуграм) вазн доранд, муҷаҳҳаз буд.

 

Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати вуруди он ба Тоҷикистон, эҳтимоли талафоти зиёде вуҷуд дошт. Ин ҳавопаймо дар пайи қатъи иртиботи моҳвораӣ бо халабоне, ки аз пойгоҳе дар Амрико онро идора мекард, аз кунтрул хориҷ шудааст.

 

Иттилоъоти маҳрамонаи мунташиршуда ҳокист, ки нерӯҳои Амрикоӣ теъдоди зиёде аз ҳавопаймоҳои кӯчаки бехалабонро, монанди "Raven" ва "Desert Hawk" то он замон аз даст дода буданд, вале ин барои нахустин бор будааст, ки як ҳавопаймои "Reaper" аз кунтрул хориҷ ва нобуд шудааст.

 

Сойти расмии Нерӯҳои ҳавоии Амрико 14 сентябри соли гузашта дар бораи суқути як ҳавопаймои бехалабони MQ-9 хабаре мунташир карда буд. Аммо дар ин хабар зикр нашуда буд, ки ин ҳавопаймо ба самти Тоҷикистон равона шудааст. Манобеъи низомии Амрико навиштаанд, ки суқути ин ҳавопаймо дар минтақае кӯҳистонӣ рух дода ва ҳеч гуна талафоте барҷо нагузоштааст.

 

Ҳавопаймои "Reaper MQ-9" аз ҳавопаймоҳои мудернест, ки дар иртифоъи баланд ва мутавассит дар фазо ҳаракат мекунад ва аз зарфияти шикории болое бархурдор аст. Нашри мадорики марбут ба ин ҳодиса ҳамроҳ бо беш аз 90 ҳазор санади маҳрамона дар бораи ҷанги Афғонистон асбоби нигаронии мақомҳои баландпояи Амрикоро фароҳам кардааст.

 

Аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар мавриди дарзи ин мадорик башиддат ибрози нигаронӣ карда, вале гуфтааст ин мадорик иттилоъоти ҷадиде ба даст намедиҳанд. Мақомҳои Амрикоӣ мӯътақиданд, ки ифшои иттилоъоти ҳассос аз майдони ҷанг мумкин аст сарнавишти баъзе афрод ва тарҳи бархе аз амалиёти ҷангиро бо хатар мувоҷеҳ кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2782-2010-07-28-11-52-56.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ