КУШТОРИ СОКИНИ ҲАМАДОНӢ АЗ СӮИ ҚОЧОҚЧИЁНИ АФҒОН
Як гурӯҳи 7-нафарии мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар мавзеи Назарайвони ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷануби Тоҷикистон, як сокини ин ноҳияро кушта, дубора ба он сӯи марз фирор кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти интизомии маҳаллӣ Баҳриддин Одинаев, нафари кушташуда, сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ буда, қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зиндонӣ буд ва соле қабл бо адои мӯҳлати ҷазо ва тадбиқи «Қонуни авф» аз зиндон раҳо шуд.
Қотил: «Саттор пойлучи афғон»
Чанд тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки машғули ҷамъоварии ҳосили писта будаанд, шоҳиди ин куштор гаштаанд. Ҳангоми шаҳодат шоҳидон ба мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки қочоқчиён пас аз паррондани Баҳриддин ба онҳо таъкид кардаанд, то ба пайвандони марҳум бирасонанд, ки қотили наздикашон «Саттор пойлучи афғон» аст.
Ба қавли қотилон, гӯиё Баҳриддин аз онҳо ба миқдори 18 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор буда, аз бозпас гардонидани қарз ба мӯҳлати тӯлонӣ сарпечӣ мекардааст. Феълан мақомоти интизомӣ дар маҳаллӣ ҳодиса қарор дошта, ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
13 гурӮҳи мусаллаҳи қочоқчӢ дар Шӯрообод
Моҳе қабл бар асари даргирии марзбонон бо қочоқчиён дар мавзеи Ёли ноҳияи Шӯрообод 2 қочоқчӣ кушта шуда, аз онҳо ба миқдори 118 килограм маводи мухаддир мусодира гардида буд. Таи 6 моҳи ахир дар ин ноҳия 8 нафар қочоқчиён кушта гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан ба қавли як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки аз ифшои ном худдорӣ кард, дар мавзеи Шпилови ноҳия Шӯрообод 13 гурӯҳи мусаллаҳи афғон, тақрибан беш аз 200 нафар, барои амали кардани аҳдофи номаълум, ҷой гирифтаанд.
Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2795-2010-07-30-07-08-16.html