09:08:05 29-уми Июни 2025 сол

НОС ВА СИГОРКАШӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАҲДУД МЕШАВАД

Давлати Тоҷикистон тарҳи қонуни ин кишвар дар бораи маҳдуд сохтани сигор ва носкаширо таъйид ва ба баррасии порлумон пешниҳод кард. Афроде, ки муқаррароти ин қонунро нақз мекунанд, аз 175 то 10500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Таъкид мешавад, ки тарҳи ин қонун ба ибтикори Президент Раҳмон таҳия шуда ва ҳадаф аз он ҳифзи саломатии сокинони кишвар аст. Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 30 июл баргузор шуд, лоиҳаи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифода аз маҳсулоти тамоку" таъйид шудааст.

 

Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз тасвиби ин санад кашидани сигор, папирос, нос ва анвоъи дигари маҳсулоти тамоку маҳдуд карда мешавад. Дар ин қонун аз ҷумла омадааст, ки истифода аз маҳсулоти тамоку дар муассисоти ҷамъиятӣ, омӯзишу парвариш, бемористонҳо, муассисоти идорӣ, ҳуҷраҳои кории давлативу ғайридавлатӣ, дар истироҳатгоҳҳо, фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти мусофирбар ва толорҳое, ки дар он чорабиниҳои расмӣ гузаронда мешаванд, мамнӯъ аст.

 

Ҳамчунин фурӯши маҳсулоти тамоку "дар ҳудуд ва наздикии" чунин муассисот мамнӯъ эълом мешавад. Ин қонун муқаррар кардааст, ки барои сигор ва носкашон бояд "ҷойҳои махсус" ташкил карда шаванд. Барои нақзи муқаррароти қонуни мазкур пардохти ҷаримаҳое дар назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, агар мушаххас шавад, ки як фарди одӣ дар ҷойҳои мамнӯъ сигор ё нос мекашад, ӯ аз 175 то 525 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд. Агар нақзи муқаррароти ин қонун аз сӯйи "шахси ҳуқуқӣ" сурат гирифта бошад, пас ин ширкат ё раҳбари он аз 1050 то 10500 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.

 

Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд интизор меравад, ки муқаррароти ин қонун баъд аз баррасии ин санад дар порлумон ва имзои лоиҳаи ин қонун он аз сӯйи президент, аз 1-уми январи соли 2011 мавриди иҷро қарор бигирад. Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи ин санад дар ҷаласаи имрӯзи ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштааст, ки "ҳадафи аслии ин қонун ва бисёр тадбирҳои дигар, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеъа, хусусан миёни ҷавонону наврасон, аст."

 

Вай афзудааст, ки барои иҷрои босамари ин ҳадаф минбаъд тадбирҳои муассири дигар низ рӯйи даст гирифта хоҳанд шуд. Ҳарчанд мушаххасоти дигари қонун "Дар бораи маҳдуд намудани истифода аз маҳсулоти тамоку" ироа нашудааст, вале дар гузашта масъулони пулиси роҳи Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки кашидани сигор ба ҳангоми ронандагӣ низ мамнӯъ хоҳад шуд.

 

Зимнан, эҷоди маҳдудиятҳо барои сигоркашон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маъмул аст. Гузашта аз ин, бархе аз ин кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши теъдоди сигоркашон қимати маҳсулоти тамокуро бамаротиб боло бурдаанд.

 

Ба унвони мисол, агар ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон як баста сигори “ESSE”, ки алоқамандони бештаре дорад, ҳудуди як дулор бошад, пас арзиши чунин сигор дар кишварҳои урупоӣ ҳудуди 6-7 юру аст. Бо дарназардошти ин нукта, ки буҷети Тоҷикистон пайваста бо камбуди маболиғ рӯбарӯст, соҳибназарон роҳандозии молиёти изофии бештаре барои сигорро баъид намедонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2797-2010-07-30-11-17-49.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ