06:05:38 04-уми Июни 2025 сол

САРАЗМ МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ФАРҲАНГӢ ЭЪЛОН ШУД

Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал - ЮНЕСКО бо судури як қарор ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакенти Тоҷикистонро ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид кард. Тоҷикистон тайи 10 соли ахир талош дошт, то ин ёдгорӣ фориди феҳристи ЮНЕСКО шавад. Саразм, ки ёдгории 5 ҳазорсола аст, дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45-километрии шаҳри Самарқанд воқеъ шудааст. Саразм ба гуфтаи бостоншиносон, як ёдгории беназире маҳсуб мешавад, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталиф дар Осиёи Марказиро таҷассум кардааст.

 

Дар сӯҳбате, ки доир ба қарори ЮНЕСКО дар мавриди Саразм бо Ҷованнӣ Бокардо, мудири дафтари Осиё ва Уқёнусия дар Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки бо назардошти кадом арзишҳо, Саразм ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил карда шуд?

 

-Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Бар асоси меъёрҳои дуввум ва саввуми системаи мероси ҷаҳонӣ. Аввал бар асоси ин меъёр, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Саразм аз чаҳорҳазолаи пеш аз милод як маркази муҳими тиҷорат ва фарҳангӣ Осиёи Марказӣ будааст. Саразм ғолибан муҳимтарин маркази тиҷоратии ҳамон аҳд дар минтақа будааст, ки аслан ду навъи мардумро ба ҳам мепайваст, чорводорони кӯчӣ, ки дар манотиқи кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар ҳамворӣ зиндагӣ мекарданд."

 

Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан, нақши ин маҳал дар мубодилот ва тиҷорат миёни миёни минтақаҳои ниҳоят гуногунро нишон медиҳад, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнанаҳрайн, таммадуни Ҳинд ва албатта Осиёи Марказиро. Ин аст сабаби аввали пазируфтани Саразм ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ. Яъне дар воқеъ фарҳангҳо дар инҷо ба ҳам омехта шуда ва ҳамоиш ёфтаанд.

 

-Омили дуввум чӣ аст?

 

-Омили дуввуми шомил кардани Саразм ба феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ин аст, ки Саразм як навъ аз таммадуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чаҳорум ва саввуми пеш аз милод дар Осиёи Маркаӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, нишон гувоҳӣ медиҳад, ки ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишинии аввалия доштааст. Бояд зикр кунем, ки Саразм бештар аз якуним километр тул ва 700 метр бар дорад, ки ин як маҳалли маскунии бисёр бузург аст ва дар он аҳд воқеан бисёр барҷаста маҳсуб мешавад.

 

-Дар оянда ЮНЕСКО барои ҳифзи ин ёдгорӣ ва ҳафриёт дар он чӣ гуна мусоидат хоҳад кард?

 

-Ҳафриёт дар ёдгории таърихии Саразм идома дорад ва ҳафриётро бояд бисёр бо эҳтиёт сурат бигирад, то осори боқимонда вайрон нашавад. Албатта ЮНЕСКО, ташвиқ мекунад, то барномаи ҳафриётӣ идома ёбад, ки онро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо гурӯҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд. Айни замон мо таъкид мекунем, ки ҳафриёт бо васоили фанновариҳои навин сурат бигирад, то ба асли ёдгорӣ осеб нарасад.

 

Ҳафриёт дар ин маҳал бояд бидуни нобуд кардани ашёҳои он анҷом бигирад. Айни замон мо албатта мо мехоҳем, ки ҷиҳати анҷоми корҳои ҳифзи ёдгориҳои то кунун ошкоршудаи таърихии Саразм кӯмак кунем ва ҳам дар шарҳи таърихи шаҳр, ки ин ёдгории таърихӣ ба саёҳон муаррифӣ шавад. Ба он хотир, ки ин ёдгорӣ, як мояи ифтихор барои ҷомеаи маҳаллӣ бошад ва ҳам сарчашмае барои рушди иқтисоди минтақа.

 

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

 

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қароре аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500-солаи шаҳраки Саразмро ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон кардааст.

 

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2814-2010-08-02-07-19-14.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854