06:05:46 04-уми Июни 2025 сол

11 ҚУРБОНИИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ЯК ҲАФТА

Аз 25 июл  то 1 августи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 34 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 11 нафар ба ҳалокат расида, 59 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. 

 

Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД иттилоъ доданд, ки 26 июли соли 2010 ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2705» Ҳусайн Маҳмудов ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Мӯъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Шар-Шари ҷамоати Зирак аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба чуқурии 10 метра чаппа мешавад. Дар натиҷа 4 нафар мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, 9 нафар мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд ва ба беморхона равон карда мешаванд.

 

Инчунин, 27 июл ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Акбар Исмоилов ҳангоми ҳаракат дар 42 км роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Дайво-Сиело», ки таҳти идораи ронанда Абдусалом Очилдиев қарор дошт, бармехурад. Дар натиҷаи ин садама А. Очилдиев ва мусофири автомашинаи ӯ Ҳодӣ Мирзоев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафар мусофирони дигари автомашинаи «Дайво-Сиело» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

 

Дар шаҳри Душанбе бошад, 29 июл ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Нусратулло Бурҳонов ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Сино пиёдагард Ибодат Муродова, соли таваллудаш 1970-ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад.

 

Ҳамчунин, 1 августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» Муродалӣ Лоиқов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии 57 метра чаппа мешавад, ки дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, 3 нафар мусофирони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ба беморхона равон карда мешаванд.

 

Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2818-11------.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854