ТАҲРИР: "ТАРАФДОРОНИ МО ЗИНДОНИЁНИ СИЁСИАНД"
Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгарои сиёсӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, асомии 178 нафар аз тарафдорони маҳкумшудаи худро интишор дода ва мегӯяд, ки онҳо зиндониёни сиёсӣ ҳастанд.
Дар баёнияе аз фаъолони ин ҳизб, ки батозагӣ мунташир шуда, аз давлати Тоҷикистон, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар башиддат интиқод шудааст. Ин гурӯҳ аз ҷумла менависад: "Ҳизби Таҳрир ҳизби сиёсист ва аъзои он, ки ҳукумати Тоҷикистон онҳоро зиндонӣ кардааст, маҳбусони сиёсианд. Онҳо танҳо барои субот дар эътиқоди динии худ, танҳо барои фикр шиканҷа ҳабс карда мешаванд."
Интиқод аз расонаҳо
Ба эътиқоди фаъолони ҳизби Таҳрир, давлати Тоҷикистон аз муборизаи фикриву сиёсӣ бо ин гурӯҳ оҷиз аст ва ба ҳамин далел аз соли 1999 ба ин сӯ алайҳи тарафдорони он аз зулму шиканҷа кор мегирад. Ин гурӯҳи ғайриқонунии мазҳабӣ давлати Тоҷикистон, бахусус Президент Раҳмон ва аъзои кобинаи ӯро ба "ҷинояткорӣ" ва расонаҳову гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро ба "сукут ва бепарвоӣ дар баробари ин золимон" муттаҳам кардааст.
Фаъолони ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон маъмулан баёнияҳои худро дар варақаҳое ғайрирасмӣ ва бидуни муҳру имзо мунташир мекунанд. Ин гурӯҳ дар гузашта низ бо интишори баргаҳо ва баёнияҳои мушобеҳе аз давлати Тоҷикистон интиқод мекард, вале ин бор лаҳни он шадид ба назар мерасад.
Ин гурӯҳ ин бор аз расонаҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар низ башиддат интиқод кардааст: "Васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, монанди радиоҳои "Озодӣ" ва "Би-би-си", рӯзномаи "Миллат" ва ғайра, ташкилотҳои ба ном ҳимояи ҳуқуқи инсон, монанди "Бюрои ҳуқуқи башар", дафтари СММ дар Тоҷикистон ва ғайра бо сукут ва бепарвогии худ ба ин золимон дар ҷиноятҳояшон мусоъидат мекунанд."
Ҳизби Таҳрир аз уламои мазҳабии Тоҷикистон низ башиддат интиқод карда ва менависад, ки онҳо "дини худро ба дунё фурӯхта" ва бевоситаву билвосита аз Президент Раҳмон ва аъзои ҳукумати пуштибонӣ мекунанд. Ин гурӯҳ, ки садҳо тан аз пайравонаш ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, иттиҳомоти матрӯҳа алайҳи пайравони худро "туҳмати хушку холӣ" хонда ва аз он ибрози таъаҷҷуб мекунад, ки қозиёну додситонҳо, ҳуқуқдонҳо, расонаҳо ва мардуми одӣ "инро хуб медонанд..., вале ҳама лаб ба хомӯшӣ задаанд."
Таҳдиди муҷозот
Ҳизби Таҳрир раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои давлати ӯро таҳдиди муҷозот ҳам карда ва менависад, ки ҳар шахс ё гурӯҳ ё давлат, ки бар зидди Ислом ва даъваткунандагон кор мебарад, "дар назди халифаи рошид, ки дар рӯзҳои наздик бо изни Аллоҳ Таъоло барпо хоҳад шуд, ҷавоб медиҳад ва ҷазои сазоварро хоҳад гирифт."
Дар идомаи ин матлаб омадааст: "Онҳо на ба мо, балки ба худашон раҳм кунанд ва ҳоло ки дер нашудааст, аз ҷиноятҳояшон даст кашида ба Аллоҳ истиғфор гӯянд ва тавба кунанд, шояд, ки касе аз ин мазлумон ба онҳо амонӣ диҳад."
Ин гурӯҳ ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳеч гуна таҳдиду зӯроварӣ иродаи пайравони ҳизби Таҳрирро шикаста наметавонад ва аксари тарафдорони он баъд аз адои ҷазо дар зиндон ҳам ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва ҳатто бархе аз онҳо бори дуюм зиндонӣ карда шудаанд.
Ба гуфтаи фаъолони ҳизби Таҳрир, тайи 10 соли гузашта беш аз 300 нафар аз пайравони ин гурӯҳ барои муддатҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда ва дар ин муддат даҳ тан аз пайравони он "дар паси деворҳои кумитаи амният ва зиндонҳои кишвар ба шаҳодат расидаанд."
Гуфта мешавад ҳоло ҳудуди 300 тан аз пайравони ҳизби Таҳрир, аз ҷумла занон, дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки бисёре аз онон бо ҳамдигар хешу табор ва ё афроди як хонавода ҳастанд.
Вокуниш ба додгоҳ?
Баёнияи тозаи ҳизби Таҳрир дар ҳоле мунташир шуда, ки чанд рӯз қабл теъдоди даҳ тан аз тарафдорони он дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, барои муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Ба ин далел, бархе аз коршиносон мегӯянд баъид нест, ки баёнияи тозаи ин гурӯҳ дар вокуниш ба маҳкумияти шумори қобили мулоҳизае аз тарафдоронаш дар шимоли Тоҷикистон содир шуда бошад.
Ҳизби Таҳрир як гурӯҳи мазҳабиии сиёсист, ки ҳадафаш эҷоди хилофати исломӣ дар ҷаҳон буда, тарафдоронаш ин андешаро дар миёни мусалмонон таблиғ мекунанд. Фаъолияти пайравони он дар кишварҳои Осиёи Миёна дар даҳ соли ахир густариши чашмгире доштааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2001 бар асоси мусаввабае фаъолияти пайравон ва ҷонибдорони ҳизби Таҳрир дар қаламрави ин кишварро дар канори бархе дигар аз гурӯҳҳои ба гуфтаи давлат ифротгаро мамнӯъ эълом кард. Тибқи ин мусавваба воридот, таҳия ва тавзеъи адабиёти марбут ба ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки назарияи эҷоди хилофати исломӣ, ки тавассути он ҳизби Таҳрир мехоҳад ҳамаи ҷомеъаҳои мусалмони ҷаҳонро зери як парчами исломӣ гирдиҳам оварад, истиқлол ва пояҳои давлатдории миллӣ дар ин кишварро бо хатар мувоҷеҳ месозад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2828--q---q.html