СЕНЗДАҲ ПАРВАНДАИ "ФУРӮШИ ИНСОН" ДАР ШАШ МОҲ
Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол 13 парвандаи ҷиноӣ дар робита бо фурӯши инсон дар ин кишварро боз кардааст. Ба гуфтаи Валихон Муллоев, раиси бахши мубориза бо қочоқи инсони Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвари Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир кормандони интизомӣ 13 нафар аз духтаронеро, ки ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ қочоқ шуда буданд, ба ватан бозгардондаанд.
Ин масъули пулис гуфт, ки аз 13 парвандаи ҷиноӣ, панҷ парванда ба қочоқи инсон марбут будааст, ки бар мабнои он, нуҳ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба даст доштан дар фурӯши духтарон муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи вай, панҷ нафар аз онҳоро пулис боздошт карда ва чаҳор нафар аз ин афрод мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Дар ин муддат пулис ҳафт мавриди фурӯши кӯдакро низ дар Тоҷикистон кашф кардааст.
Ин арқом ва омор дар нишасте матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе ироа шуд. Оқои Муллоев ва иддае дигар аз мақомоти давлатӣ, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дигари марбут ба мубориза бо қочоқи инсон дар нишасти матбуъотии рӯзи сешанбеи 10 август дар шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Ин нишаст ба муъаррифии барномаи ҷадиди мубориза бо қочоқи инсони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, ки аз сӯйи Амрико ҳимояти молӣ мешавад, бахшида шуда буд. Ожонси Тавсеъаи Ҳамкориҳои Байналмилалии Амрико ё USAID барои иҷрои ин барномаи сесола беш аз як милюну панҷсадҳазор дулор ихтисос додааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин барнома мусоъидат ба рафъи мушкили қочоқи инсон дар Тоҷикистон унвон шудааст.
Бозгардондани қурбониёни қочоқ аз Дубай
Ба гуфтаи ширкаткунандагони ин нишаст, мушкили аслӣ дар роҳи мубориза бо қочоқи инсон набуди омори дақиқ дар мавриди афроди қочоқшуда аст. Сарҳанг Муллоев гуфт: "Ҳарчанд омори дақиқ дар мавриди занон ва духтароне, ки аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ қочоқ шудаанд, дар даст нест, вале тибқи таҳқиқоти мо, иддаи қобили мулоҳизае аз сокинони қочоқшуда аз Тоҷикистон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, бархе аз афроди гумонбар дар қочоқи инсон аз кишвари мо низ дар Дубай пинҳон шудаанд."
Натиҷаи таҳқиқоти парвандаҳои ҷиноӣ ҳокӣ аз он будааст, ки аксари духтарони қочоқшуда дар хориҷ иҷборан ба фаҳшо водошта шудаанд. Ба гуфтаи ин масъули вазорати умури дохила, онҳо барои бозгардондани афроди дигари қочоқшуда ва омилони фурӯши инсон бо кормандони амниятии Дубай ҳамкорӣ мекунанд. Ҳарчанд гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокӣ аз мавориди зиёди фурӯши шаҳрвандони тоҷик дар Русия аст, аммо масъулони пулис мегӯянд, ки "дар шаш моҳи соли ҷорӣ як духтар аз Тоҷикистон ба Русия қочоқ шудааст."
Ҷомеъашиносон яке аз сабабҳои ба осонӣ ба дасти қочоқчиёни инсон афтодани бархе аз занон ва духтарони ҷавонро надонистани қонуни давлатҳои хориҷӣ, бесаводии ҳуқуқӣ ва надонистани забонҳои хориҷӣ аз сӯйи бисёре аз сокинони Тоҷикистон унвон кардаанд.
КӮдакфурӮшӢ аз нодорӢ
Ба гуфтаи масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон, ҳамчунин дар шаш моҳи соли ҷорӣ онҳо ҳафт мавриди кӯдакфурӯшӣ дар Тоҷикистонро сабт карда ва дар робита бо ин ҷароим парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Сарҳанг Валихон Муллоев гуфт, ки бештари онҳое, ки даст ба кӯдакфурӯшӣ задаанд, аз ҷумлаи волидони онҳо будаанд. Вай афзуд: "Бисёре аз ин афрод аз хонаводаҳои камбизоъат буда ва кӯдакони худро бо қимати аз 100 то 200 дулор ба фурӯш гузоштанд."
Синни аксари кӯдакон аз якмоҳа то яксола буда ва коршиносон мегӯянд, ки сабаби аслии ба фурӯши фарзандони хеш даст задани модару падарон нодорӣ ва фақр аст. Аммо ба гуфтаи оқои Муллоев, таҳқиқоти муқадамотӣ собит кардааст, ки волидони кӯдакони "фурӯхташуда" кӯдаконро ба хонаводаҳое мефурӯхтанд, ки муҳтоҷи фарзанд будаанд. Ва ин тиҷорат ба манзури истифода аз узви бадани ин кӯдакон низ набудааст.
Дар ҳоле, ки бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар ҳамдастии иддае аз мақомот ва кормандони давлатиро дар қочоқи инсон дар Тоҷикистон баъид намедонанд, аммо мақомоти интизомии ин кишвар мегӯянд, ки дар ҷараёни таҳқиқоти парвандаҳои ҷиноӣ шарик будани ҳеҷ мақоме ва ё корманди ниҳодҳои давлатӣ дар ин ҷароимро ифшо накардаанд. Дар нишасти матбуъотӣ бархе аз масъулони давлатӣ аз ироаи кумакҳои назарраси давлати Амрико дар заминаи мубориза бо қочоқи инсон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тақдир кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2863---q-q---.html