ТОШКАНД ҲАҚҚИ ТРОНЗИТ БАРОИ ТОҶИКИСТОНРО БОЛО БУРД
Ӯзбакистон арзиши тронзити вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави худро даҳ дарсад афзоиш додааст. Дархости ҷониби Тоҷикистон барои лағви ин муқаррарот рад шудааст ва акнун ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" омода аст алайҳи Ӯзбакистон иқдоми мушобеҳе рӯйи даст бигирад. Ин дар ҳолест, ки ҳудуди як ҳазор вогуни Тоҷикистон ҳамчунон дар қаламрави Ӯзбакистон мунтазири иҷозаи хурӯҷ аз ин кишваранд.
Владимир Собкалов, муъовини ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", рӯзи ҷумъаи 13 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз даҳуми август арзиши тронзити қаторҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави Ӯзбакистон даҳ дарсад боло рафтааст. Вай афзуд: “Бо дарназардошти ин нукта, ки дар моҳи январ низ Ӯзбакистон арзиши тиронзитро даҳ дарсад боло бурда буд, дар маҷмӯъ дар ним соли аввал қиммати роҳкиро 20 дарсад афзоиш ёфт”. Ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари” афзоиши қимати маводди сӯхтӣ, таҷҳизот ва вуҷуди таваррумро далели боло бурдани мизони роҳкиро унвон кардааст.
Ба гуфтаи оқои Собкалов, ҷониби Ӯзбакистон пешниҳоди ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон"-ро барои лағви ин муқаррарот напазируфта ва ҳамакнун "Роҳи оҳани Тоҷикистон" низ мехоҳад арзиши тронзити вогунҳои Ӯзбакистон аз қаламрави вилояти Суғдро боло барад.
Вай афзуд, ки тибқи қарордоди кишварҳои ҳамсуд, ҳар кишвар аз ҳаққи дар як сол ду маротиба боло бурдани арзиши тронзити вогунҳо аз тариқи қаламрави худ бархурдор аст. Ба эътиқоди иқтисоддонҳо, афзоиши даҳдарсадии тронзити вогунҳо аз қаламрави Ӯзбакистон ба боло рафтани куллияи қимматҳо дар Тоҷикистон мунҷар хоҳад шуд. Зеро то 90 дарсади коло ва мавод дар бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, умдатан таввасути роҳи оҳан ва аз қаламрави Ӯзбакистон ворид мешаванд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Владимир Собкалов, ҳатто бо дарназардошти афзоиши қимати тронзит, ҳудуди як ҳазор вогуни Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон аз ҳаракат бозмондаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, шеваи интиқоли вогунҳо аз Ӯзбакистон ба вилояти Хатлон ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Вай гуфт: "Дар ҳар се рӯз Ӯзбакистон ба ин вилоят 10-15 вогун интиқол медиҳад. Ҳарчанд дар вилоятҳои ҷанубии Ӯзбакистон ҳаракати беш аз 200 вогуни Тоҷикистон ба таъвиқ уфтодааст."
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин масъули ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар Ӯзбакистон ҳудуди як ҳазор вогуни Тоҷикистон қарор доранд. Зимнан, дар авоили моҳи июли имсол Эмомалӣ Раҳмон ва Президент Каримов дар дидори худ дар Тошканд ба тавофуқ расида буданд, ки аз ин ба баъд ҷониби Ӯзбакистон аз ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон, ба истиснои вогунҳои ҳомили колоҳо барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, монеъ намешавад. Вале ин тавофуқ иҷро нашудааст.
Сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе ахиран мақомоти тоҷик ва расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистонро ба пахши иттилоъоти носаҳеҳ дар бораи таъвиқи вогунҳо муттаҳам карда буд. Диплумотҳои ӯзбак мегӯянд, ки кишварашон барои интиқоли сареъи вогунҳои Тоҷикистон талошҳое ба харҷ додаанд ва ин мавзӯъ дигар ҳассос набудааст. Вале манобеъи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мукарраран иддаъо мекунанд, ки мушкили таъвиқи вогунҳо дар қаламрави Ӯзбакистон ҳамчунон ҳалли худро наёфтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2888-2010-08-13-11-52-09.html