18:06:59 24-уми Июни 2025 сол

ПОСУХИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ БА ДИПЛОМАТҲОИ ҒАРБӢ

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар посух ба баёнияи сафирони кишварҳои хориҷӣ дар робита ба сарнавишти Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот гуфтааст, фаъолияти ин донишкада на аз сӯи вазорат, балки бо ҳукми додгоҳ манъ шудааст. Дар посухи Вазорати маориф омадааст, ки ҳукми додгоҳи иқтисодӣ дар мавриди донишкада дар чаҳорчӯби Сарқонун ва дар асоси далелҳои ироакардаи ин вазорати сурат гирифтааст.

 

Ба навиштаи вазорат, ин далелҳо собит кардааст, ки шароити Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот мутобиқи меъёрҳои муассисаҳои омӯзишии олии кишвар нест. Вазорати маориф мегӯяд, қатъи кори донишкада ба таҳсили донишҷӯён таъсир нахоҳад гузошт ва тамоми муҳассилини ДНФИ ба дигар макотиби олии кишвар интиқол дода хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорат, устодони донишкада дар дигар муассисаҳои таълимӣ бо кор таъмин хоҳанд шуд.

 

Нигаронии сафирон аз сарнавишти ДНФИ

Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе дирӯз бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ унвонии ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба фармони Вазорати маорифи ин кишвар дар бораи манъи фаъолияти Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин нома, ки аз сӯи сафирони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо имзо шудааст, гуфта мешавад, вазорати маориф бидуни ироаи далели сареҳ дар мавриди манъи фаъолияти ин донишкада тасмим гирифтааст.

 

Намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ аз ДНФИ ҳамчун донишкадаи бонуфуз ва маркази омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ ном бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон имрӯз ба чунин марказҳо ба мисли Донишкадаи навовариҳои фаннӣ сахт ниёз дорад ва баста шудани донишкада ин нигарониро дар пай дорад, ки дигар марокизи хусусии таълимӣ дар Тоҷикистон ҳар гоҳ метавонанд ба чунин мушкил рӯбарӯ шаванд.

 

Намояндагони дипломатии хориҷӣ ба ношаффофии бозрасии парвандаи Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот дар додгоҳ ишора кардаанд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ин парвандаро таҳқиқ намояд ва донишҷӯёни ин донишкадаро аз таҳсил маҳрум накунад.

 

Баҳси вазорат бо донишкада

Вазорати маориф моҳи июли соли ҷорӣ фармони баста шудани донишкада ва манъи қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2009-2010 содир кард, аммо сарфи назар аз ин, раҳбарияти ин мактаби олӣ имсол беш аз 400 нафар донишҷӯи навро қабул кардааст. Дар умум, теъдоди донишҷӯёни ин ҷо беш аз 1500 нафар аст.

 

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот бархе аз меъёрҳои муайяншуда дар иҷозатномаи ин донишкадаро риоят накардааст. Аммо раёсати ин донишкада амри вазоратро ғайриқонунӣ донист ва гуфт, ДФНИ як сол қабл пас аз санҷишу баррасӣ аз сӯи ҳамин вазорат иҷозатномаи фаъолият гирифтааст. Раёсати донишкада низ дар робита ба қарори вазорати маориф ба додгоҳ шикоят бурдааст.

 

Таҳлилгарон ин мавзӯъро ҳам ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки қазияи мутаваққиф шудани донишкадаи хусусии марбут ба ширкати “Садр”, аз як сӯ, ба рақобатҳои ба гуфтаи онҳо носолим дар миёни муассисаҳои омӯзишу парвариши давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҷалби донишҷӯён марбут аст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳузури фаъоли мухолифони давлат дар ин донишкада мақомоти давлатиро нороҳат кардааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2917-2010-08-18-08-20-42.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ