14:05:17 02-уми Июни 2025 сол

РӯҲОНИЁНИ КӮЛОБ: ОШХОНАҲО ДАР РАМАЗОН БАСТА ШАВАНД

Бархе аз рӯҳониён ва афроди рӯзадор дар минтақаи Кӯлоб аз фаъолияти густардаи ошхонаҳои маҳаллӣ дар моҳи Рамазон ибрози нигаронӣ мекунанд. Нигаронии онҳо дар ҳоле рӯ ба афзоиш аст, ки ниме аз ин моҳи барои мусалмонон муқаддас поён ёфтааст. Домулло Холмурод, аз рӯҳониёни бонуфуз дар шаҳри Кӯлоб, гушода будани дарҳои ошхонаҳо ба рӯйи муштариёнро як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба моҳи Рамазон ва ҷамоъаи рӯзадорон медонад.

 

Вай мӯътақид аст, ки манзур аз фарз гаштани рӯза шикастани нафс буда, имкони аз наздиктар шинохтани Худовандро афзун мегардонад, аммо хӯрдан дар назди рӯзадор "боъиси авҷи нафси ӯ" хоҳад гашт. Домулло дар исботи назари худ ба ривояте дар бораи як яҳудӣ ва фарзандаш ишора мекунад, ки ин фарди яҳудӣ ҳангоми Рамазон таъомхурии фарзандаш дар назди рӯзадоронро дида ва ӯро итоб кардааст. Дар натиҷа, бар асоси боварҳо, Худованд бо ин рафтораш ӯро лоиқи ҷаннат донистааст.

 

Домулло Холмурод афзуд, ки чун нафаре аз мусалмонон баръакс рафтор намояд, яъне дар назди тӯдаи мардуми рӯзадор таъом хӯрад ё барои хӯрдану нӯшидани дигарон шароит муҳайё созад, ё худ бе узр рӯза надорад, ҳақ надорад худро аз муслимин ҳисобад. Ин дар ҳолест, ки на ҳамаи соҳибони ошхонаҳо дар мавриди маваққатан бастани ошхонаҳояшон тасмим гирифтаанд. Аъзам Шарифов, соҳиби як ошхона дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб, бастани ошхонаҳо дар моҳи Рамазонро амре зарурӣ намешуморад.

 

Ба андешаи ӯ, дар ин моҳ ба сабабҳои гуногун на ҳама метавонанд рӯза бигиранд. Рӯзахорон ба ҷойи ин ки фосилаи зиёдеро тай карда, барои ғизохӯрӣ ба хона раванд, аз наздиктарин ошхона истифода кунанд, беҳтар аст. Ҳамчунин, меҳмононе, ки аз дуру наздик барои анҷоми корҳои фаврӣ вориди шаҳри Кӯлоб мешаванд, ба хидмати ошхонаҳои ин шаҳр сахт ниёз доранд.

 

Оқои Шарифов меафзояд, ки дар сурати таътили якмоҳа ошхонаҳо аз лиҳози иқтисодӣ низ зиёни ҷиддӣ мебинанд. Масалан, худи ӯ ба ғайри ошхонааш дигар манбаъи даромад барои рӯзгузаронӣ надоштаааст. Вай мегӯяд таваққуфи фаъолияти ошхонаҳо ба ғайр аз мушкилоти иҷтимоӣ дар хонаводаи моликон боз ба мушкилоти молию идории дигар, монанди пардохти иҷорапулӣ, аз даст додани муштариён, дар ошхонаҳои рақиб ихтихдом шудани ошпазҳо ва ғайра мунҷар мешавад.

 

Саидикром Раҳимов, як сокини шаҳри Кӯлоб низ, ки ба иллати беморӣ натавонистааст рӯза бигирад, фаъолияти ошхонаҳоро дар моҳи Рамазон раво медонад. Вай ба ин назар аст, ки ошхонаҳо бояд фаъолият кунанд, то нафароне, ки ба сабабҳои гуногун рӯза нагирифтаанд, битавонанд бе мушкил аз онҳо истифода намоянд. Аммо ӯ мувофиқ нест, ки мардум дар саҳни бозорҳо ва болои катҳое, ки дар беруни ошхонаҳо қарор дода шудаанд, яъне дар маърази диди рӯзадорон, хӯрок хӯранд.

 

Оқои Раҳимов Ӯ мегӯяд: "Масъулини ошхонаҳо мебояд ба хотири эҳтироми рӯзадорон ба муштариёни худ дар дохили бино, ё пардасароҳои махсус хӯрок пешниҳод кунанд." Дар ҳамин ҳол, ошхонаи "Ҳоҷиён" танҳо ошхонаи бузург дар шаҳри Кӯлоб аст, ки аз рӯзи аввали моҳи Рамазон муваққатан фаъолияташро боздошта ва кормандонашро ба таътил фиристодааст.

 

Ошхонаи мазкур ин корро ҳамасола аз фарорасии моҳи Рамазон шурӯъ карда ва пас аз гузашти як ҳафта аз иди Фитр кор дар ин ошхона аз нав оғоз мешудааст. Мир Назирмадов, коргузори ошхонаи "Ҳоҷиён" ин амали худро "эҳтиром ба моҳи шарифи Рамазон" меномад.

 

Вай мегӯяд, ки моликони ин ошхона ҳарҷанд аз лиҳози иқтисодӣ дар як моҳи таътил зиёни назаррасе мебинанд, аммо "ҳурмати Рамазон ва рӯзадоронро" болотар аз даромади шахсӣ мешуморанд. Ҳамакнун, ҳарчанд беш аз ними моҳи Рамазон гузаштааст, аммо талошҳои иддае аз рӯзадорон ва амр ба маъруфҳои рӯҳониёни шаҳри Кӯлоб дар мавриди таътили муваққати ошхонаҳои шаҳр натиҷае надодааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2993-2010-08-29-10-03-53.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854