"ҲИФОЗАТ АЗ БОЗДОШТГОҲИ КУМИТАИ АМНИЯТ НОКОФӢ БУД"
Як мақоми умури зиндонҳои Тоҷикистон коромадии системи нигаҳбонӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро зери суол бурдааст. Вай дар мусоҳиба бо нашрияи “Asia-Plus” гуфтааст, ки шаби 23 август, ки фирори 25 зиндонӣ сурат гирифт, аз ин боздоштгоҳ танҳо се нафар посбонӣ мекарданд. Гузашта аз ин, миёни ин боздоштгоҳ ва боздоштгоҳи Вазорати адлия, ки ҳамагӣ 18 метр фосила будааст, ҳеч гуна иртибот вуҷуд надоштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ки номи худро ифшо накарда, суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар боздоштгоҳи амниятӣ он шаб миқдори зиёди аслиҳа ва либоси низомӣ вуҷуд дошт? Ин амр, ба эътиқоди ин намояндаи умури зиндонҳо, муғойир бо муқаррарот будааст. Вай афзудааст: "Чунин вазъ имкон дод, ки фирориён тӯли се соъат риши худро тарошида, тағйири либос кунанд ва барои фирор аз дарвозаи асосии боздоштгоҳ ва зиндони Вазорати адлия омодагӣ гиранд."
Ин мақоми умури зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки Иброҳим Насриддинов, яке аз мубтакирони фирори зиндониён, ки бо лақаби "Қорӣ Иброҳим" маъруф аст, ба сурати норӯшан дар ин боздоштгоҳ қарор доштааст. Зеро, ин зиндонии собиқи Гуонтоному, ки баъд аз таҳвил ба Тоҷикистон аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, бистӣ дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа, қарор дошта бошад.
Вале Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тасмим гирифтааст оқои Насриддиновро дар боздоштгоҳи амниятӣ нигаҳ дорад. Ба гуфтаи ин мақоми умури зиндонҳо, оқои Насриддинов дар ин боздоштгоҳ "аз имтиёзоте" бархӯрдор будааст. Аз ҷумла, алорағми муқаррарот вай ҳам рӯзона ва ҳам шабона дар дохили бинои боздоштгоҳ омаду рафт мекардааст. Ҳамчунин, дар ҳуҷраҳои ин боздоштгоҳ ҳоҷатхона вуҷуд надошта ва зиндониёнро аз рӯйи зарурат посбонон ба дастшӯйии умумӣ мебурдаанд.
Бо истифода аз чунин шароит, дар шаби фирор як зиндонӣ хоҳиш кардааст, ки ӯро ба дастшӯйӣ бубаранд ва ҳамроҳ бо Иброҳим Насриддинов онҳо ба як посбон ҳамла карда ва ӯро ба қатл расондаанд. Сипас, дигар зиндониёнро озод карда, ба ҳамла ба посбонони боздоштгоҳи вазорати адлия омода шудаанд. Ин манбаъи умури зиндонҳо хабар додааст, ки Ёқуб Салимов, вазири пешини кишвари Тоҷикистон ва Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии ин кишвар, азбаски дар боздоштгоҳи вазорати адлия буданд, натавонистаанд ба фирориён бипайванданд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи аршади пулиси Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки бо гузашти беш аз як ҳафта аз фирори зиндониён, бозрасон натавонистаанд ҳатто пайи фирориёнро пайдо кунанд. Вай афзуд: "Гӯё ҳамаи онҳо зери замин рафтаанд."
Ин дар ҳолест, ки баъд аз ҳодисаи фирор дар ҷаласаи изтирории ҳукумати Тоҷикистон ситоди вижае барои боздошти фирориён таъсис шуда ва раҳбарии он ба зиммаи Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила, гузошта шуда буд. Бархе аз соҳибназарон чунин тасмимро ба коҳиши эътимоди Президент Раҳмон ба Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, марбут хонда ва ба эҳтимоли барканории вай аз ин симат ишора мекунанд.
Аз сӯйи дигар, фирори бесобиқаи гурӯҳи бузурги зиндониён аз маҳбасе, ки дар канори манзили Президент Раҳмон дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, нигарониҳоеро дар мавриди дастгоҳи амниятии Тоҷикистон ба миён овардааст. Соҳибназарон бо ишора ба фасоди густарда дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар мегӯянд, ки ҳамакнун эътимоди мардум ба таъмини амният ва субот дар Тоҷикистон аз даст рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳодисаи фирори зиндониён миёни сокинони кишвар сару садоҳои мухталифе паҳн мешаванд. Бархе аз фирори ҳудуди 70 нафар зиндонӣ ҳарф мезананд, ҳарчанд манобеъи амниятӣ танҳо феҳристи 25-нафарии фирориёнро мунташир карданд. Иддае аз сокинони ноҳияи Ёвон дар авохири ҳафтаи гузашта аз вуқӯъи даргирие дар зиндони воқеъ дар ин ноҳия хабар доданд, вале мақомот ин хабарҳоро такзиб карданд.
Расонаҳои маҳаллӣ зимни интишори матолибе дар бораи фирори зиндониён имкони даст доштани ниҳодҳои ҷосусии Русия дар ин қазияро баъид надонистаанд, вале Президент Раҳмон тӯли як ҳафтаи ахир, ки бо сокинони бархе аз манотиқи кишвар мулоқот дошт, боре ҳам аз ин қазия ёдовар нашудааст. Вай танҳо аз сокинон мукарраран хоста, ки фарзандони худро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ бозхонанд ва дар бораи "фаъолияти ҷосусҳои хориҷӣ" дар Тоҷикистон изҳори назар кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3015-q------q.html