08:31:20 30-уми Июни 2025 сол

ПУЛИСИ СУҒД: ДАР ПАЙИ ИНФИҶОР 3 НАФАР КУШТА ШУД

Пулиси Суғд аз кушта шудани танҳо ду нафар дар ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа хабар медиҳад. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ронандаи худраве, ки инфиҷор шудааст, ҷони худро аз даст додааст.

 

Аз сӯйи дигар 28 нафар дар пайи ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд, ки ду нафар аз онҳо афроди мулкӣ ҳастанд. Ин матлаб дар баёнияи пулиси вилояти Суғд эълом шудааст, ки рӯзи шанбеи 4 сентябр пахш шудааст. Дар ин баёния омадааст, ки дар пайи инфиҷор Алиҷон Маёқубови 22 сола, коромўзи бахши мубориза бо ҷароими созмонёфта ва Аюбҷон Маҳкамови як маъмури ин ниҳод кушта шудаанд. Пулиси Суғд хабар медиҳад, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса ба раҳбарии женрол Рауф Юсупов, раиси пулиси вилояти Суғд ситоди вижае таъсис шудааст.

 

Раёсати умури дохилии устони Суғд бо пахши як баёния рӯзи шанбеи 4 сентябр гуфтааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ дар иртибот бо таҳқиқи ҳодисаи қатли Ҳомидҷон Каримов, раиси собиқи яке бозорҳои Исфара ва аз аъзои пешини маҷлиси ин шаҳр рух додааст. Гуфта шудааст, ки афроди мазнун дар ин ҳодиса дар боздоштгоҳи бахши шўъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта дар вилояти Суғд ба сар мебурданд ва ҳадаф аз ҳамлаи интиҳорӣ озод кардани ин маҳбусон будааст.

 

Дар ин баёния аз мушорикати Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд ҳеҷ изҳори назаре нашудааст. Ҳарчанд, рӯзе қабл маркази матбуъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ин нукта таъкид карда буданд. Аз сӯйи дигар, субҳи рӯзи гузашта бо дастури Президент Раҳмон ба вилояти Суғд кумиссиюни вижае ба раҳбарии Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва муъовинони куллия вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои интизомиву амниятӣ эъзом шуданд.

 

Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 4 сетябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурон машғули таҳқиқи ин ҳодиса ҳастанд. Дар посух ба ин суол, ки оё то ҳол омилини ин қазия ошкор шудаанд ё хайр, оқои Норматов гуфт, ки “мушшахасан чизе нест, вале фарзияҳое мавриди кори бозрасон қарор гирифтааст”. Ин дар ҳолест, ки ҳодисаи ҳамла ба сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд нахустин мавриди ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ин ҳодиса вокунишҳои мухталиферо ба дунбол дошт.

 

Бархе аз коршиносон иртиботи ин ҳодиса бо фирои гурӯҳи 25 нафарии зиндониён аз боздоштгоҳ дар шаҳри Душанберо баъйид намедонанд. Ин дар ҳолест, ки дар баёнияи имрӯзи пулиси Суғд низ таъкид шудааст, ки ҳадафи ҳамла озод кардани афроди мазнун дар қатли Ҳомидҷон Каримов будааст. Вале ин иттилоъ аз куҷо дар ихтиёри пулиси вилоят қарор гирифтааст, норӯшан боқӣ мемонад. Зеро, дар баёния низ дар мавриди афроди муҳоҷим таъкид шудааст, ки “шахси номаълуме бо автомобил қасд дошт вориди маҳалли сохтмони пулис шавад”.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз вуқуъи нахустини ҳамлаи интиҳорӣ дар ин кишвар мегӯяд, ки бо эҳтимоли зиёд ин ҳодиса ба фирори зиндониён аз боздоштгоҳ рабт дорад. Оқои Мамадазимов ҳушдор медиҳад, ки "эҳтимолан, ин охирин ҳодисае дар остонаи рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, ки аз он 9 сентябр таҷлилд мешавад, нахоҳад буд".

 

Ба гуфтаи вай, наҳваи кори маъмурони пулис ва амниятӣ зимни таҳқиқи парвандаҳо ва муъомилаи дурушт бо афроди мазнун, ҳукмҳои беадолатонаи тӯлонии додгоҳҳо ва зарурати ислоҳот дар зиндагии мардуми кишвар метавонад аз омилҳои ҳодисаи ҳамла ба сохтмони пулиси Хуҷанд бошанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3047------3---.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ