21:00:52 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/18_m.asrari203'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/18_m.asrari203'

М. АСРОРӢ: «БАЪЗЕ ЧОПХОНАҲО МЕЪЁРҲОИ ЧОПРО РИОЯ НАМЕКУНАНД»

Дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз шумораи муассисаҳои табъу нашр, адади нашри маводи чопӣ, сифати чоп беҳтару бештар мегардад. Дар баробари ин дар самти мазкур камбудию норасоиҳо низ ба чашм мерасанд, ки бартараф сохтани онҳо яке аз вазифаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар иртибот ба ин мавзӯъ 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини соҳа ҷамъомад баргузор гардид. Бо истифода аз фурсати муносиб бо чанд савол ба Вазири  фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ муроҷиат намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 

ӯҳтарам вазир, ҳадафи аслии нигаронии Шумо аз ин мушкилот дар чист?

 

-Мусаллам аст, ки ба миён гузоштани ин масъала тасодуфӣ набуда, тақозои рӯз мебошад. Тавре мову шумо медонем, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо, мулоқоту сӯҳбатҳо бо табақаҳои мухталифи кишвар дар баробари дигар масоили ҳаёти фарҳангӣ ба проблемаҳои табъу нашр, чопи осори ниёгон ва адибони муосир, ташаккул ва барқарорсозии мағозаву нуқтаҳои фурӯши китоб таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

 

Сохтмони  бинои нави Китобхонаи миллӣ, эълони Рӯзи Китоб, Ҳаракати ҳамасолаи «Корвони китоб», чопи китобҳо аз ҳисоби Фонди  захиравии Президенти кишвар далели он мебошанд, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ба таври муназзам баҳри худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик ва густариши робитаҳои ҳасана бо аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

 

Вазорати фарҳанг бо мақсади амалисозии ин сиёсати дурандешонаи фарҳангӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ  пайваста тадбирҷӯӣ менамояд. Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки муассисаҳои нашриётии «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик, ҶСШК «Матбуот» дар соли 2009 бо теъдоди 406060 нусха 268 номгӯй китоб  ба чоп расониданд. Ин рақам дар ним соли равон  мутаносибан 114 номгӯй ва 218 550 нусхаро ташкил медиҳад.

 

Аз ҷониби муассисаҳои нашриявӣ дар давоми якуним сол ба китобхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо 760 номгӯй китоб бо теъдоди 54 ҳазору 362 нусха ва  ба маблағи 291  ҳазору 169 сомонӣ  ба таври ройгон ҷудо карда  шудааст. Китобхонаҳои ҷумҳурӣ тавассути Ҳаракати ҳамасолаи «Корвони китоб» дар давоми соли 2009 ва нимсолаи равон бо теъдоди 80 664 нусха ба маблағи 399 427 сомонӣ бо китоб таъмин гардиданд.

 

-Ба андешаи Шумо омилҳои асосии ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаи табъу нашр кадомҳоянд?

 

ӯшида нест, ки дар даврони шӯравӣ дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо танҳо матбааҳои давлатӣ фаъолият менамуданд ва тамоми масоили марбут ба табъу нашр ва паҳн намудани маҳсулоти чопӣ ба зиммаи онҳо вогузор буд. Имрӯз бошад бо тақозои дигар гаштани муносибатҳои иқтисодӣ теъдоди зиёди корхонаҳои табъу нашри хусусӣ арзи вуҷуд намуданд, ки дар бисёр мавридҳо фаъолияти онҳо моро қаноатманд намесозад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  баъзе корхонаҳои хусусӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи осон аз оддитарин меъёрҳои чопи китоб сарфи назар менамоянд.

 

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007 № 351 баҳисобгирии тамоми муассисаҳои табъу нашр ва матбуотро Вазорати фарҳанг ба зимма дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 120 матбааи хусусию давлатӣ ва 45 нашриёт ба ҳисоб гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо воридгардида айни замон дар ҷумҳурӣ  86 мағозаи давлатӣ, 71  адад хусусӣ ва 303 нуқтаи фурӯши китоб амал менамояд.  Дар Вазорати фарҳанг танҳо 22 мағоза ва нуқтаи фурӯши китоб бақайд гирифта шудаанд, ки  ин холат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошанд.

 

Вазорат ҳангоми баҳисобгирӣ риояи бечунучарои муқаррароти дахлдори қонунҳои амалкунандаро тавассути тавсиянома пешкаши таъсисдиҳандагони муассисаҳои табъу нашр ва мағозаву нуқтаҳои фурӯши китоб менамояд. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, мутаассифона дар ин самт то ҳол камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд ва ислоҳи онҳо яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои вазорат ва дигар мақомоти дахлдор  ба ҳисоб меравад.

 

иҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт чӣ чораҳо андешида мешаванд?

 

-Мавриди зикр аст, ки  ҷиҳати ҳалли   масъалаи мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2010 Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткориҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронид. Дар ҷараёни санҷиш теъдоди зиёди адабиёти бегона, аз ҷумла  китобҳои динии ғайриқонунӣ батабърасида ва аз ҷиҳати мазмуну ороиш пастсифатро  аз мағозаҳои «Меҳроб» воқеъ дар шафати бозори «Саховат» ва дӯконҳои фурӯши маводи динии назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон дарёфт намуда, аз ҷониби масъулини Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткориҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира гардид.

 

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш чораҳои таъсиррасонии муштарак андешида шуд. Чунин вазъи ташвишовар дар дигар шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва як қатор ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба назар мерасад. Ё мисоли дигар, 18 июни соли равон аз ҷониби суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъиноти хусусӣ нисбат ба шаҳрванд, директори корхонаи ҶДММ «Мотуридиён» Яъқубов Сунатилло муайян гардид, ки корхонаи номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида ба чопи китобҳо бе риояи оддитарин талаботи меъёрҳои нашри китоб машғул гардидааст.

 

Чунин муносибат ба чопи китоб ва дигар маводи чопӣ ҳодисаи ягона нест ва имрӯз мо дар бисёр нуқтаҳои фурӯши китоб ҳолатҳои бе иҷозати мақомоти дахлдор  фурӯши китобҳои пастсифат ва бидуни риояи талаботи қонунгузории чопи китоб ва дигар мавод дучор мегардем. Чунин ҳолатҳо махсусан дар чоп ва фурӯши китобҳои динӣ дар назди бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва ҷойҳои серодам ба назар мерасанд.

 

Моҳи июни соли равон дар ин робита аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба омӯзиши нуқтаҳои фурӯш ва матбааҳо ҷиҳати ба танзим даровардани чоп ва фурӯши адабиёти динӣ мавриди санҷиш қорор гирифт.  Вазорати фарҳанг тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро   мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор дод.

 

Дарвоқеъ, факту рақамҳои барои маълумот дар хусуси   чопу фурӯши адабиёт ва фиттаҳои динӣ пешниҳоднамудаи гурӯҳҳои корӣ воқеӣ буда, ин амали ноширону фурӯшандагон хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аст ва андешидани тадбирҳои қатъии  таъсиррасониро тақозо менамояд.

 

-Оё маводи чопӣ ва фиттаҳое, ки тариқи қочоқ вориди Тоҷикистон мегарданд, ба стандартҳои давлати мо ҷавобгӯянд?

 

-Вазорат, албатта, дар ин самт бо хадамоти гумрук пайваста ҳамкорӣ менамояд. Вале бояд зикр намуд, ки то ҳол ҳодисаҳои вуруди ғайриқонунии  адабиёт ва маҳсулоти чопӣ, махсусан адабиёти динӣ, порнография ва дорои хусусияти экстремистӣ, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҷой доранд, ки  ин ба амнияти иттилоотии кишвар низ метавонад халал ворид  созад. Нашр ва фурӯши китоб дар ҳама давру замон рисолати басо муқаддас ва шарафнок ба ҳисоб мерафт ва китоб ҳамчун тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ ва  ахлоқу одоби ҳамида хизмат менамояд, чӣ гуна мо ин рисолатро ,ки имрӯз ба дӯши мост, иҷро менамоем аз дилу ният ва ҳисси масъулиятшиносии  ҳар яки мову шумо  аст.

 

Бо дарназардошти ин моро зарур аст, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ ва муассир андешем. Аз ин рӯ, зарур аст,  якҷоя бо мақомоти дахлдор ҷиҳати танзими масоили марбут ба  табъу нашр, фурӯши китоб ва маҳсулоти чопӣ фаъолият кард.  Зеро имрӯз қисмати зиёди мағозаҳои фурӯши китоб дар тавозуни Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  ва мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд ва ё иҷозаи фаъолият аз ҷониби мақомоти андоз дода мешавад.

 

Тибқи қонунгузориҳои амалкунанда нашри китобҳои динӣ бе хулоса ва  иҷозати мақоми ваколатдор, яъне Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст ва инро бояд ноширон ҳатман риоя намоянд.

 

-Барои сӯҳбат ташаккур!    

 

Дилшодаи Ҷонмард, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3147---l-----r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ