МАҲДУДИЯТ ДАР ГАШТУГУЗОРИ МАРДУМ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар ноҳияи Рашт барои гаштугузори мардум ва ҳаракати васоили нақлия маҳдудият эҷод шудааст. Тибқи дастури низомиён аз соъати ҳашти шом то соъати шаши субҳ гаштугузори куллия сокинон дар ҳудуди ноҳия мамнуъ шудааст.
Гуфта мешавад, ин тадбир ба манзури тазмини амнияти шаҳрвандон дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи муҳоҷимони комюнҳои низомиён дар дараи Камароб иттихоз шудааст. Дар ҳамин ҳол масъулони ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ин савол, ки оё дар водии Рашт қуюди шабгардӣ (комендантксий час) эълон шудааст ё хайр, посухи манфӣ дода ва мегӯянд, ки эъломи қуюди шабгардӣ танҳо бо фармони раиси ҷумҳурӣ эълон мешавад.
Бо ин вуҷуд, як манбаъи амниятии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд дар ноҳияи Рашт "қуюди шабгардӣ" эълон нашудааст, аммо дар омаду рафти мардум дар ин минтақаи Рашт ба сурати ғайрирасмӣ маҳдудият эъмол шудааст. Вай гуфт ҳадаф аз ин амр таъмини амнияти сокинон ва анҷоми амалиёти боздошти муҳоҷимони низомиён дар ин ноҳия ва зиндониёни фирорӣ мебошад.
Соҳибназарон мегӯянд, дар шароити феълӣ эъмоли маҳдудият ва ташдиди амният дар ноҳияи Рашт амри зарурист, вале ба далели паёмадҳои сиёсӣ доштани эъломи расмии қуюди шабгардӣ, маҳдудияти рафту омад дар инҷо ба сурати ғайрирасмӣ анҷом мешавад.
Ба эътиқоди коршиносон, эъломи расмии қуюди шабгардӣ метавонад, сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро нигарон созад. Манобеъи ҳукумати ноҳияи Рашт аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо бархе аз сокинони минтақа мегӯянд, ба онҳо дастур дода шудааст, ки аз соъати ҳашти шом то соъати шаши субҳ гаштугузор накунанд.
Дар ҳамин ҳол, Олим Одилов, як тан аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифи собиқи давлат ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки дар ҳаракати васоили нақлия дар ҳудуди минтақа низ маҳдудиятҳо эҷод шуда ва гузашта аз ин, бархе низомиён худравҳои хусусии сокинонро барои анҷоми вазоифи худ истифода мекунанд.
Дар пайи ҳамла ба худравҳои низомиии Артиши миллии Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз сӯйи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ дастикам 25 низомӣ кушта ва ҳудуди 25 нафари дигар нопадид шудаанд. Манобеъи низомӣ эҳтимоли ба асорати ҳамлагарон даромадани бархе аз сарбозонро баъид намедонанд. Давлати Тоҷикистон дар ин ҳодиса гурӯҳҳои марбут ба "Мулло Абдуллоҳ" ва "Алӣ Бедак", ду тан аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистонро муттаҳам мекунад.
Иқрор ё эътирофҳои телевизиюнӢ
Дар ҳамин ҳол, шоми душанбеи 20 сентябр, шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон навореро бо сабти сӯҳбатҳои Ҳусниддин Давлатов, бародари "Алӣ Бедак" ба намоиш гузошт. Ҳусниддин Давлатови 33-сола, як фаъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рашт рӯзи 10 сентябр дар Душанбе аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд.
Оқои Давлатов дар ин сабти телевизиюнӣ мегӯяд, ки ба комюнҳои Вазорати дифоъ дар дараи Камароб бародараш ҳамла кардааст. Вай меафзояд, ки муддати чанд соли ахир "Алӣ Бедак" дар минтақаи Рашт аз ҷумлаи ҷавонони маҳаллӣ як гурӯҳӣ саднафарии размандагонро ташкил дода, ба онҳо фаъолиятҳои теруристӣ омӯзиш додааст.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар миёни ин гурӯҳ атбоъи кишварҳои хориҷӣ низ ҳастанд. Вай афзуд, бародараш ба ӯ чанд маротиба дастур додааст, ки барояш хокаи олюминиюм ва куди шимиёӣ харидорӣ кунад. Гуфта мешавад хокаи олюминиюм ва куди шимиёӣ барои сохтани маводди мунфаҷира истифода мешавад.
Барои бори нахуст нест, ки тӯли як моҳи ахир телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон эътирофоти бархе аз боздоштшудагонро пахш мекунад. Аммо сӯҳбатҳои телевизиюнии оқои Давлатов саволҳои зиёдеро дар зеҳни бинандагон ба вуҷуд овардааст. Агар Ҳусниддин Давлатовро нерӯҳои амниятӣ 10 сентябр боздошт кардаанд, чи гуна ӯ аз амали бародараш "Алӣ Бедак" дар рӯзи 19 сентябр огоҳ шудааст?
Ин дар ҳолест, Олим Одилов, яке аз фармондеҳони пешини мухолифони исломӣ, ки феълан дар маркази ноҳияи Рашт истиқомат мекунад, дирӯз, 20 сентябр ба Би-би-сӣ гуфта буд: “то ду рӯз қабл аз ҳодисаи дараи Камароб "Алӣ Бедак" ҳамроҳи мо буд. Вале баъд боздошти бародараш аз сарнавишти худ нигарон шуд ва рафт”.
Оқои Одилов сӯҳбатҳои телевизиюнии Ҳусниддин Давлатовро “эътирофоти сохта” хонд ва гуфт, ки ба воқеъияти сӯҳбатҳои ӯ эътимод надорад. Зеро, ба гуфтаи вай, “Алӣ Бедак" ҳаргиз бо бародараш Ҳусниддин кори муштарак надошт”.
Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон аз муддатҳо қабл пахши “эътирофоти” афроди мазнунро пахш накарда буданд. Чунин амал дар даврони ҷангҳои дохилӣ, замоне, ки кунтрули телевизиюни давлатии кишвар гоҳе дар дасти мухолифони пешин ва гоҳе дар ихтиёри давлат буд, ба мушоҳида мерасид. Дар зарфи як моҳи охир пахши чунин эътирофҳо зиёд мушоҳида мешавад. Телевизиюнҳои давлатӣ аз ҷумла эътирофи ҳамаи ҳафт зиндонии фирориии боздоштшударо борҳо пахш кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3173-2010-09-21-09-55-15.html