КӮМАКИ НИЗОМИИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Порлумони Қазоқистон тарҳи қонуни ин кишвар дар бораи ироаи кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ироаи ин кӯмакҳо баъд аз дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта ва таъкид шудааст, ки ихтисоси чунин кӯмак ба суди амнияти Қазоқистон хоҳад буд. Қазоқистон кумаки низомӣ барои тақвияти артиши Тоҷикистонро ба хотири таҳкими субот дар соири кишварҳои минтақа зарурӣ мехонад.
Сено ё маҷлиси улиёи порлумони Қазоқистон дар ҳоле баррасии тарҳи ин қонунро рӯи даст гирифтааст, Президент Раҳмон як сол қабл аз фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, яъне Нурсултон Назарбоев дархости кӯмаки низомӣ карда буд. Ба эътиқоди Мухтар Алтинбаев, узви Сенои Қазоқистон, дар гузашта ду маротиба симати вазири дифоъи Қазоқистонро бар уҳда доштааст, Тоҷикистон вазъи душвори иқтисодиро паси сар мекунад ва ба ин далел раиси ҷумҳури Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба ин кишвар кӯмаки низомӣ ироа шавад.
Тибқи муқаррарот акнун ин тасмим бояд дар шакли қонун аз сӯйи порлумони кишвар тасвиб шавад. Оқои Алтинбаев таъкид кардааст, ки кӯмакҳо аз таҷҳизоти иктишофӣ, минрӯбӣ, ошхонаҳои низомӣ, сарпӯшҳои зиреҳпӯш барои низомиён ва лавозимоти дигари зарурӣ барои сарбозон ва афсарон иборат аст. Тибқи иттилоъи ӯ, феҳристи ин кӯмакҳо бо вазири дифоъи Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст.
Алтинбоев дар суханрониаш дар порлумони Қазоқистон таъкид кардааст, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ, Тоҷикистон аз ҳазинаи ғании низомии Иттиҳоди Шӯравӣ ба далоили мухталиф чизи андак ба мерос гирифтааст, акнун барои тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи худ ба кӯмакҳо ниёз дорад. Мухтар Алтинбоев афзудааст, ки дар замони шӯравӣ вай дар Тоҷикистон хидмати низомӣ анҷом додааст ва аз мушкилоти низомиёни тоҷик ба хубӣ огоҳ аст.
Вай афзудааст: “ҳарчанд, давлати Тоҷикистон кунтрули қаламрави Бадахшони ин кишварро дар ихтиёр дорад, вале воқеъият ин аст, ки кунтрули чунин минтақаи кӯҳистонӣ фақат нисбӣ буда метавонад. Дар чунин минтақаи кӯҳистонӣ размандагон бидуни душворӣ метавонанд аз қаламрави Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд”.
Дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, ироаи кумакҳои низомӣ ба давлатҳои худкома, ки аз артиш алайҳи мардумони худ истифода мекунанд, муғойир ба арзишҳои демукросӣ аст, оқои Алтинбоев гуфтааст, ки кумакҳои Қазоқистон метавонад, барои муқобала бо авбошон муфид бошад. Вай афзудааст: "Ман мухолифи он ҳастам, ки авбошон ба қасрҳои руасои ҷумҳурӣ ҳамла карда, ба бадрафторӣ машғул шаванд, зеро ин таҳқири миллат низ аст. Ҳамон гуна ки мо дар Қирғизистон мушоҳида кардем."
Вай ҳамчунин хабар додааст, ки интиқоли кӯмакҳои низомии Қазоқистон ба Тоҷикистон махориҷи изофӣ дар пай нахоҳад дошт, зеро, ин кӯмакҳо тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ дар чорчӯби парвозҳои омӯзишии халабонҳо интиқол дода хоҳанд шуд. Талошҳо барои дарёфти шарҳи ин мавзӯъ аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон бенатиҷа монд. Зеро ба назар мерасад, ки масъулони низомии Тоҷикистон ҳоло фақат гирифтори анҷоми амалиёт дар шарқи кишвар ҳастанд.
Дар пайи ҳамлаи рӯзи 19 сентябр ба комюнҳои низомӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дастикам 28 нафар сарбозону афсарон кушта ва теъдоде захмӣ ва нопадид шудаанд. Аммо давлати Тоҷикистон қабл аз ин ҳодиса барои иҷрои амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ ва гурӯҳи “Мулло Абдуллоҳ” ба минтақаи Рашт нерӯҳои изофӣ эъзом карда буд.
Дар ҳоле амалиёти низомӣ дар ин минтақа идома доранд, манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки давлат дар таъмини нерӯҳои худ бо ғизо бо мушкилоте рӯбарӯст. Зеро ба гуфтаи сокинон, ҳар як хонавода муваззаф шудааст, ҳамарӯза барои ин нерӯҳо як дона нон ва панҷ сомонӣ диҳанд. Чунин иддаъо аз сӯйи мақомоти низомии Тоҷикистон радд мешавад. Вале дар гузашта низ расонаҳои гурӯҳӣ аз мавориди зиёди камбуди ғизо ва униформ барои низомиёни "артиши деҳқону коргар"-и Тоҷикистон гузориш дода буданд.
Зимнан, кишварҳои мухталиф, назири Русия, Чин, Эрон, Ҳинд ва Омрико пайваста ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ ва молӣ ироа мекунанд. Гузашта аз ин, теъдоди зиёди афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии ин кишварҳо, умдатан дар Русия, таҳсил кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3206-2010-09-24-14-27-33.html