ШӮРОИ УЛАМОИ ИСЛОМӢ: ЗАНҲО ЛИБОСИ МИЛЛӢ ПӮШАНД
Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба имомони масоҷиди ин кишвар тавсия кардааст, ки дар баробари ҳиҷоб ё рӯсарии мазҳабӣ пӯшиши либоси миллӣ барои бонувонро таблиғ кунанд. Пероҳани занона бо остинҳои дароз ва рӯймоли калон аз намунаҳои либоси миллӣ унвон шудааст. Қобилҷон Боев, раиси бахши фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин шӯро сатри занонро манъ накардааст, аммо аз занону духтарони тоҷик даъват шуда, ки аз пӯшиши либоси исломии сохти кишварҳои арабӣ, Эрон ва Туркия, худдорӣ кунанд.
Оқои Боев афзуд теъдоди занону духтароне, ки бо пӯшиши исломии хориҷӣ дар Тоҷикистон зоҳир мешаванд, дар ҳоли афзоиш аст ва пӯшиши онҳо умдатан ранги сиёҳ дорад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси одобу русуми тоҷикон либоси сиёҳ рамзи мотам аст. Зимнан, то замони инқилоби Октябр ва таъсиси ҷумҳурии сусиёлистии Тоҷикистон дар авоили қарни 20 занони тоҷик навъе аз бурқаъро, ки "фаранҷӣ" ном дошт ва рӯю қисмати болоии бадани занонро мепӯшонд, ба бар мекарданд.
Аммо ба назар мерасад ин навъи бурқаъ ба феҳристи либосҳое, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро "миллӣ" ё "тоҷикӣ" мехонанд, шомил нашудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Шӯрои уламои исломӣ ин тасмимро бар асоси дастури кумитаи дин ва дар ҷаласае муштарак бо масъулони ин кумита гирифтааст.
Вале Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ин хабарҳои мабнӣ ба дастурӣ будани ин тасмими Шӯрои уламои исломиро рад кард ва гуфт, ки ин шӯро як ниҳоди мустақил буда ва дар иттихози ҳама гуна тасмимҳои худ озод аст. Ҳамзамон, оқои Мухторов аз тавсияи Шӯрои уламои исломӣ барои таблиғи пӯшиши либоси миллӣ дар миёни занон пуштибонӣ карда ва ин иқдомро навъе талош барои посдории фарҳанги миллӣ хонд.
Озодии пӮшиши либос
Имрӯзҳо занҳое, ки бо сатр ё ҳиҷоб дар хиёбонҳо ва бозорҳои шаҳри Душанбе зоҳир мешаванд, зиёд ба чашм мехуранд. Масалан, иддаи зиёде аз фурӯшандагони зан дар бозорҳои “Шоҳмансур” ва “Корвон”-и шаҳри Душанбе сатр доранд. Раъно Имомалиева, фурӯшандаи ҳиҷобпӯши як дукони орд дар бозори “Шоҳмансур”, мегӯяд, ки дар хонаводаи ӯ ин шеваи либоспӯшӣ маъмул аст ва ҳамаи наздикону пайвандони зан ва духтари хонавода сатр ё ҳиҷоб доранд.
Хонуми Имомалиева гуфт, ки то ҳол масъулони бозор ё афроди дигар ба тарзи пӯшиши ӯ ва ё занҳои дигари ҳиҷобпӯш эрод нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо дар бораи талошҳо барои мамнӯъ сохтани фаъолияти фурӯшандаҳои ҳиҷобпӯш дар бозори "Фаровон", яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, хабар дода буданд.
Аз сӯйи дигар, Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз уламои саршиноси маҳзабӣ, даъвати Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба пӯшиши либоси миллиро навъе мудохила дар умури хусусии занону духтарон ва "фишор бар онҳо" арзёбӣ кард. Ба эътиқоди оқои Розиқ, мумкин аст ин тасмим бо дастури кумитаи дин ё мақомоти ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ гирифта шуда бошад.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки аз тақлиди занҳои тоҷик ба пӯшишҳои эронӣ, афғонӣ, арабӣ ё туркӣ хушаш намеояд. Зеро фаранҷии афғонӣ куллияи баданро пинҳон мекунад ва дар бурқаъи роиҷ дар Арабистони Саъудӣ даҳон низ бо порчае сиёҳ баста мешавад. Эшони Зубайдуллоҳ гуфт, ки агар либоси миллӣ ҷилодор ё шаҳватбаргез набошад ва дар он сатри исломӣ риъоят шавад, ин тарзи пӯшиш қобили қабул аст.
Интиқодоти тозаи мақомоти Тоҷикистон аз ҳиҷоб
Дар моҳи ҷорӣ мавориди интиқоди раиси ҷумҳурӣ ва масъулони дигари давлатӣ аз густариши пӯшиши исломӣ дар миёни занону духтарони тоҷик зиёд ба мушоҳида расидааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аввали сентябри соли ҷорӣ зимни ифтитоҳи биноҳои ҷадиди Донишгоҳи миллии ин кишвар аз тарзи пӯшиши иддае аз занон башиддат интиқод кард ва хостори риъояти "шеваи либоспӯшии миллӣ" шуд.
Аммо лаҳни Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, дар қиболи занҳои ҳиҷобпӯш тундтар буда ва ӯ низ дар маросими ифтитоҳи литсейи Донишгоҳи миллии ин кишвар аз занҳои ҳиҷобпӯш ба таври шадид интиқод кардааст.
Дар ҳоле ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, дар мавриди ин суханони оқои Раҳмонов ҳеч вокунише накардаанд, Анҷумани муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Новосибирски Русия зимни пахши як баёния суханони "тавҳиномези" вазири маъориф дар қиболи занони ҳиҷобпӯшро шадидан маҳкум кардааст. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ин суханони оқои Раҳмонов бо Қонуни Асосӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар заминаи интихоби дину ибодат ва шеваи пӯшиши либос тазмин карда, муғойир аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3237-2010-09-29-13-45-00.html