12:25:59 29-уми Апрели 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/30_census_2147_3'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/30_census_2147_3'

ПОЁНИ МАЪРАКАИ САРШУМОРИИ АҲОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Шоми рӯзи панҷшанбеи 30 сентябр дар Тоҷикистон маъракаи саршуморӣ ва сабти манозили шаҳрвандон анҷом меёбад. Зебо Исмоилова, раиси идораи саршумории Кумитаи омор хабарҳо мабнӣ бар вуҷуди мушкилоту мавонеъ дар роҳи саршумории аҳолӣ дар ноҳияи Раштро рад кард ва гуфт, бо вуҷуди ташаннуҷи авзоъ кормандони маҳаллии кумитаи онҳо ва довталабон дар рустоҳои ин ноҳия корҳои баҳисобгирии аҳолӣ ва манозили онҳоро анҷом додаанд.

 

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи омори Тоҷикистон, дар ҷараёни ин маърака, ки даҳ рӯз идома дошт, хонаводаҳои ҳамаи манотиқи кишвар саршуморӣ шудаанд. Ҳамчунин, хонуми Исмоилова таъкид кард, ки иттилоъи зарурӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, тавассути наздикону пайвандони онҳо ҷамъоварӣ ва сабт шудааст.

 

Тибқи иттилоъи вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус, дар Русия беш аз 450 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди ин гуна афродро болиғ ба 1 милюн нафар гуфтаанд. Дар оғози маъракаи саршуморӣ ва сабти манозили шаҳрвандон дар рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ масъулони Кумитаи омор иброз доштанд, муҳоҷироне, ки дар муддати як сол ба Тоҷикистон наомадаанд, ба ҳисоб гирифта намешаванд.

 

Ҳамакнун Зебо Исмоилова, раиси идораи саршумории ин кумита гуфт, ки новобаста аз муддати буду бош дар хориҷи кишвар муҳоҷирони тоҷик атбоъи Тоҷикистон маҳсуб шуда ва аз ин лиҳоз, онҳо тавассути пайвандону наздикони саршуморӣ шудаанд. Дар ҳоле ки шоми панҷшанбеи 30 сентябр маъракаи саршумории аҳолӣ дар Тоҷикистон поён меёбад, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз саршуморӣ нашудани хонаводаҳои худ хабар медиҳанд.

 

Усмон Неъматов, сокини хиёбони Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе гуфт, ки рӯзи аввали саршуморӣ ду корманди вобаста ба кумитаи омор омада ва варақаи иттилоъи дар бораи ҳадаф ва усули саршумориро ба сокинони маҳаллаи маскунии онҳо тавзеъ карданд, вале сипас барои анҷоми саршуморӣ ба манзили ӯ наомадаанд. Бархе аз сокинони хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Алишер Навойии шаҳри Душанбе низ аз саршуморӣ нашудани аъзои хонавода ва сабт нашудани манзили худ шикоят карданд.

 

Парвиз Ҳакимов, коршиноси умури саршумории аҳолӣ ва корманди собиқи дафтари Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон вуҷуди навоқис дар раванди саршумории аҳолиро як амри маъмулӣ хонд ва гуфт, ки мумкин аст, мавориди саршуморӣ нашудани сокинон дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ дар муқоиса ба шаҳрҳо ба маротиб бештар низ бошад. Оқои Ҳакимов таъкид кард, ки бо ин вуҷуд саршумории аҳолӣ дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо маъракаи қаблӣ дар соли 2000 беҳтар буда ва бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.

 

Гуфта мешавад, барои аввалин бор шумораи саволҳо дар пурсишномаи саршуморӣ то 25 адад афзоиш ёфта ва 15 савол дигар дар бораи манзил илова шудааст. Ба ин тартиб, саволҳои марбут ба вазъи иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва нуфуси аҳолиро фаро гирифта, теъдоди атбоъи кишвар, шароити буду бош, манзил ва иштиғоли онҳо мушаххас хоҳад шуд. Дар назар аст, натоиҷи муқаддамотии саршуморӣ дар Тоҷикистон дар моҳҳои апрел ва майи соли оянда ва натоиҷи ниҳоӣ дар соли 2013 эълом шавад.

 

Бар асоси тавсияи Созмони Милали Муттаҳид ҳар кишвари ҷаҳон дар муддати даҳ сол як маротиба саршумориро анҷом медиҳад. Давлати Тоҷикистон барои саршумории феълӣ 27 милюн сомонӣ ё муъодили шаш, милюн дулори омрикоӣ ҳазина тахсис додааст. Саршумории қаблӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000 анҷом шуда ва бино ба натоиҷи он ҷамъияти ин кишвар шаш милюну 127 ҳазор нафар эълом шуда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3247-2010-09-30-13-53-38.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ