21:38:18 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_hotam-pv_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_hotam-pv_2147_3'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_hotam-pv_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_hotam-pv_2147_3'

ОЁ ОЗОДӢ КИФОЯТ МЕКУНАД, КИ НОБИҒАҲО БА ВОЯ БИРАСАНД?

Баҳси Барзу бо директори гимназияи хусусии «Ҳотам+П.В.» Абдуфаттоҳ Ҳотамов

 

Барзу: Медонед, барои ман маънии  истеъдод ҳамеша як роз ба ҳисоб меравад. Эдисон мегӯяд, ки истеъдод ин 99 дар сад заҳмат аст ва ҳамагӣ як дар сади он неъмати Худовандист. Вале то ҷое, ки ман мебинам, муҳити мактаби Шумо ба муҳите табдил ёфта истодааст, ки дар он ҷо истеъдодҳо тавлид ёфта ба воя мерасанд. Сирри ин дар чист?

 

Ҳотамов: Ягон сирре  дар ин ҷо нест. Ба назари ман шояд ин ду сабаб дошта бошад. Аввалан эҷоди як муҳити озод, ки барои инкишофи қобилияти зеҳниву ҷисмии кӯдакон мусоидат мекунад. Дуюм  боз ҳам муҳит, вале муҳити хайрхоҳона, ки ягон наврас барои бо устод мулоқот кардан тарсу ҳарос надошта бошад. Табиист ки дар ин ҳол аз онҳо хоҳиш карда мешавад,ки одоби шарқиро риоя намоянд, вале дар баҳсу мунозира, пурсишу савол ва гузаронидани дигар сӯҳбатҳои дарсӣ онҳо худро озод ҳис кунанд.

 

Барзу: Шумо гумон мекунед, ки озодӣ кифоят мекунад, ки нобиғаҳо ба воя бирасанд? Мо медонем, ки чунин шахсиятҳои бузург аз қабили Чехов, Байрон, Мотсарт дар натиҷаи гӯшмолу лату кӯби устодони худ ба ин пояҳо расидаанд.

 

 Ҳотамов: Ба гумони ман ин шарти зарурӣ аст, лекин кофӣ нест. Ҳамин шароити ибтидоие, ки дар боло ман гуфтам, заминаест барои пурра кушода шудани қобилиятҳои зеҳнӣ-ақлонии насли наврас. Аммо барои воқеан мустаҳкам гардидани имкониятҳои табиии наврасон ва зиёд шудани қудрати эҷодию ақлонии онҳо кӯдакон бояд чанд шарти дигарро бе чуну чаро иҷро кунанд.

 

Барзу: Масалан?

 

 Ҳотамов: Бе ягон  маҳдудият бисёр меҳнат кардан, яъне ки барои аз худ кардан, хондан ,фикр кардан, вақти зиёд сарф кунанд. Онҳое ба комёбӣ ноил мешаванд, ки дар истифодаи вақт маҳдудият надошта бошанд. Дар ин байн  танаффус ва ҳаракати ҷисмонӣ кардан низ зарур аст. Ин хел не ки ман ҳатман бояд 7-8 соат хонам. Умуман рӯзи кории онҳо аз ҳамин хондану фикр кардану машқ кардан иборат аст.

 

Барзу: Муаллим, мо аз таърих медонем, ки  бисёр нобиғаҳо хусусиятҳои коҳилию танбалӣ доранд. Ман ҳамин шабу рӯз бо рӯзнома-ёддоштҳои нависандаи бузург Лев Толстой сару кор дорам. Шумо медонед, Толстой ду, ҳатто се хел рӯзнома-ёддошт менавишт. Якум рӯзномаи муқаррарӣ, дуввум рӯзномаи махфӣ ва саввум рӯзномаи хеле махфӣ. Ман бо хондани рӯзномаи махфии ӯ машғул ҳастам. Барои ман хеле тааҷҷубовар аст, ки бузургтарин нависандаи таърих ва сайёра мудом шикоят мекунад, ки навиштан намехоҳад. Ё худ вақте, ки аз нобиғаи даврон Фредерико Феллини пурсидаанд, ки муҳимтарин хислати ӯ кадом аст, посух додаст, ки «танбалӣ».

 

Барои ҳамин ҳам мегӯянд, ки одами боистеъдод пойбанди илҳом аст. Илҳомаш омад кор мекунад. Наомад не. Мо медонем, ки Флобер худашро маҷбур мекард, ки кор кунад. Ман намедонам Флобер буд ё Балзак барои он ки кор кунанд, пойҳояшонро дар даруни ташти об мегузоштанд. Нафари дигаре дарро аз дарун қулф мекард. Шумо чӣ кор мекунед? Шумо бо он истеъдодҳое, ки дар як муддати муайяне намехоҳанд кор кунанд, чӣ гуна рафтор мекунед? Шумо, ки яке аз шартҳои муҳимми инкишоф ёфтани бачаҳоро дар озод будани онҳо медонед?

 

Ҳотамов: Агар дар дасти наврас ё ки ҷавон китоб набошад, ин маънои онро надорад, ки ӯ бекор нишаста бошад. Вай дар бораи ягон чиз ҳатман фикр мекунад. Баъзан метавонад ин тараф ё  он тараф бидавад. Дар асл ӯ фикр карда истодааст. Шояд ҳалли ягон масъалаи мушкилро ҷустуҷӯ дорад. Толстой вақте мегӯяд, ки “танбалӣ мекунам” ҳамон навиштанро дар назар дошт, на фикр карданро. Чунки одаме, ки қобилият дорад ва ба замми он дониш дорад, ӯ ҳеҷ кор нокарда наметавонад, зеро агар бевосита нанавишта истода башад ҳам, расм накашида истода бошад ҳам, ё масъала ҳал накарда истода бошад ҳам, ё ягон кори эҷодӣ накарда истода бошад ҳам, ҳатман ба мавзӯи эҷоди оянда, рӯи қоғаз овардан ё ягон таҷрибаи дигаре гузаронидан фикр мекунад. Одамони эҷодкор ба назарам ҳатто дар хобашон фикр мекунанд. Дар назари аввал менамояд, ки вақтро беҳуда гузаронида истодаанд, дар ҳақиқат бошад, ҳатман ба хотири он ки чизе эчод кунанд, фикри зиёд мекунанд. Одами эҷодкор агар нависанда бошад барои як сатр навиштан ё як саҳифа навиштан, фикри зиёд мекунад, ки чи гуна онро рӯи қоғаз биёрад.

 

Барзу: Эйнштейн вақте ба синни 9-солагӣ мерасад, падараш ба ӯ мегӯяд, ки аз ту агар олим ҳам набарояд, як соатсози соз мебарояд. Соле, ки ба ГИТИС дохил мешудам, барои 10 ҷой 4500 кас довталабӣ мекард. Яъне барои як ҷой 450 кас. Он замон дар байни 10 нафар агар як нобиғае пайдо мешуд, ин муваффақияти бузург ба ҳисоб мерафт. Шумо дар масъалаи хоста гирифтани истеъдодҳо чӣ меъёрҳоеро пеш мегузоред?

 

Ҳотамов: Шумораи наврасони боистеъдод ва қобилияти баланд дошта он қадар зиёд нестанд.  Шумораи онҳо ҳамагӣ 0,1 дар садро ташкил мекунанд. Гап дар сари он меравад, ки ҳамон қобилияти баланд мафҳуми нисбӣ аст ва то як андоза воқеан бузургии мутлақи қобилиятро чен кардан кори осон нест. Ҳамеша  то як дараҷа вақте ки шумо роҳеро интихоб мекунед, дар кадом соҳае ки набошад, ҳатман ба саҳву хатоӣ роҳ медиҳед. Мо гуфта наметавонем, ки воқеан ҳамаи он наврасонеро, ки дар оянда одамони бузург мешаванд, хоста ё интихоб карда метавонем. Шояд як миқдорашро мо муайян карда натавонем.

 

Лекин ба ҳар сурат мо кӯшиш менамоем, ки бештарини ҳамон наврасоне, ки ба гимназияи мо меоянд, ҳамон тавр имтиҳонро гузаронем ки ягон нафари онҳо дар берун намонад. Ҳамаи нафароне ки мо интихоб мекунем, бо як барнома таълим дода мешаванд, лекин аз байни онҳо ҳам оҳиста-оҳиста чанд нафар ҷудо мешаванд, Чунки суръати азхудкунии онҳо хеле зиёд мешавад. Фарз кардем аз гурӯҳе ки мо қабул мекунем, тақрибан 20%-и онҳо ба дараҷаи муқаррарӣ мерасанд, ки ин аз 10 нафар 2 нафарашонро ташкил медиҳад.

 

Барзу: Мана ду дар садаш ҷудо шуд аз 10 кас. Дар байни  ин 10 кас ҳаст миёнаҳо ва ҳаст ақибмондаҳо. Шумо бо бачаҳое, ки ба ном «ақибмонда» ҳастанд, чӣ кор мекунед?

 

Ҳотамов: Бо онҳо низ кор мебарем. Ман вақте гуфтам ки мо 20%-ро ҷудо мекунем ва умед мебандем, ки дар оянда одамони бузург мешаванд, ин маънои онро надорад, ки дигарҳо намешаванд. Онҳо зина ба зина дар гурӯҳи дуюм омӯзонида мешаванд ва бо меҳнати зиёд,  метавонанд ба ҳамон дониши гурӯҳи аввал ноил гарданд. Фарз кардем бачаи пешқадами синф нисбати бачаи ақибмонда 100 маротиба донишаш зиёд бошад, ҳар рӯз ҳамон бача, ки дониши кам дорад, 100 маротиба нисбати ӯ зиётар меҳнат кунад, ки дар давоми як сол донишаш ба дониши синфи пешқадам баробар шавад. 

 

Барзу: Оё метавон бо ҳамин метод муайян сохт, ки дар чанд муддат қафомонии Тоҷикистонро аз кишварҳои пешрафтаи Аврупоӣ ҷуброн кунем?

 

Ҳотамов: Бале, ҳеҷ мушкил надорад. Масалан мо медонем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар яке аз кишварҳои пешрафта бигузор 40 ҳазор доллари амрикоӣ бошад. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон ҳамин рақам 1000 доллар сари ҳар одам аст. Барои он ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо нисбати онҳо зиёд шавад, хар як шаҳрванди тоҷик бояд ҳарчи қадар зиёдтар меҳнат кунад. Меҳнат кардан ин каланд карданро дар назар надорам. Пеш аз ҳама аз худ кардани дониш аст. Дар Сингапур ҳамин хел масъала пайдо шуда буд. «Чи кор кунем то сатҳи зиндагии мо низ боло равад?». Онҳо як давлати қашшоқ буданд.

 

Дар дохил боигарии табиӣ надоштанд. Онҳо ба қароре омаданд, ки ҳама донишашро бояд зиёд кунад. Системаи инаватсионӣ ё принсипи навоварӣ мегӯянд, ки  пеш аз ҳама ҳамин аст. Ба хотири он ки шумо дар ҷои кориатон навоварӣ кунед , бояд донишатонро зиёд кунед, дар ин бора зиёдтар фикр кунед , зиёдтар вақт сарф кунед. Ҳамин хел ки шуд мо мӯҳлати инро ҳисоб карда метавонем , дар муддати чанд вақт, ба ҳамон кишваре ки ба сари як шаҳрванд 40000 доллар рост меояд баробар шавем.

 

Барзу: Ёдатон ҳаст солҳои баъди ҷанг дар Япония заминҷунбӣ шуд? Ҳамон вақт 80 дар сади буҷаи давлатро барои рушди фарҳанг доданд ва танҳо 20 дар садро барои обод кардани харобаҳои ҷангу заминларза ҷудо карданд. Ин корро қариб тамоми кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё карданд. Зеро бе дониш тамоми он ибтикорҳое, ки дар масъалаи бунёди иқтисодиёт гирифта мешаванд, ҳамааш обрезиеро ба зарфи бетаге мемонанд. Лутфан бигӯед, чаро инро дастандаркорони мо намефаҳманд?

 

Ҳотамов: Чандин маротиба сарвари давлати мо низ иброз доштанд, ки масъалаи маориф воқеан масъалаи ба давлат афзалиятнок аст. Кадом ғояеро ки мо пеш нагирем, агар  амалӣ насозем, ба куҷое расида наметавонем, чунки ҳамаи ин инро инсон мекунад. Агар шахсони омода дар кишвар набошанд, чи хел фикре, ки мо надошта бошем, ҳатто бигзор ки олиҷаноб бошад, агар чунин одамон эҷодкор набошанд ва дар доираи эҷодкорӣ амал  накунанд, он фикр реалӣ нест. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала чи хеле, ки Менделев дар ин бора гуфтааст: “Вақте ки кишвар месӯзад, ҳатто дар ҳамин маврид ҳам давлат бояд пеш аз ҳама дар соҳаи маориф фикр кунад”. Бинед то чи андоза масъалаи маориф дар мадди аввал меистад.

 

Барзу: Номаш дар ёдам намондааст. Як дорандаи ҷоизаи нобелӣ дар Бангладеш, ки қашшоқтарин кишвари дунё ба шумор мерафт, бубинед, ки чи кор кард. Ӯ ба яке аз қашшоқтарин кӯчаҳои пойтахти кишвар омад ва ҳалқа бар дари як камбағале зад. Ба соҳиби он хона 50 мурғро муфт дода гуфт: «Бигир, инҳо аз туанд, вале бар ивазаш ту бояд як кор кунӣ. Ҳар рӯз аз он тухмҳое, ки аз мурғон мегирӣ, ду донагӣ ба фарзандонат бидеҳ ва онҳоро ба мактаб бифирист. Агар бачаҳои ту ба мактаб нарафтанд, ман мурғҳоро аз ту мегирам». Ӯ аз тамоми сокинони он кӯча ҳамин дархостро кард. Бачаҳо тухмҳоро ба ба ҷои ҳаққи заҳмат ба муаллим медоданд. Маълум, ки муаллим ҳам аз ин кор бурд мекард. Дар як муддати кӯтоҳ ин кӯча рушд кард, пеш рафт, шароити зиндагонии мардум хуб шуд. Он мард ба кӯчаи дигар гузашт. Дар кори шумо низ ман ҳамрангиҳоеро бо он амали кадхудои бангладешӣ мебинам. Мактаб кушодан ин бизнес кардан нест. Шуморо ман миссионер меномам. Дар ин нақш Шумо худро чӣ гуна ҳис мекунед?

 

Ҳотамов: Миссионер барои мо унвони баланд аст. Мақсади ягонаи мо беҳтар намудани системаи таълим дар Тоҷикистон аст. Ҳамон дорандаи мукофоти нобелӣ ғайр аз гуфтаи шумо боз чанд кори дигаре низ кардааст. Яке аз онҳо воқеан ҳам ҳамин ҷалб кардани наврасон ба таълим мебошад. Сатҳи маориф дар онҷо то ҳамин андоза буд, ки аслан сухан дар бораи хондану навиштан мерафт. Хондану навиштанро аксари наврасони мо метавонанд, агарчи вақтҳои охир баъзан пайдо мешаванд, ки хондан ҳам наметавонанд. Мо фикр кардем, ки ба ҷои он ки мо гап занем дар ин бора, танқид кунем, талош меварзем, ки ҳамон фикрҳоро амалӣ созем.

 

Барзу: Мактаби Шумо аз мактабҳои одии ҳамагонӣ чӣ фарқ дорад? Чӣ нуқсро Шумо дар он мактабҳо дидед, ки  имрӯз мактаби худро кушоед? Аз чӣ норозӣ будед?

 

Ҳотамов: Аз чизе розӣ набудан пеш аз ҳама дар он мавриде мешавад, ки агар худи шумо ягон фикри дигар дошта бошед. Яъне «ҳа, ҳамин хел кунам кор дигархелтар мешавад». Шукри худо ки мактаби ҳамагӣ 6-сол умр дорад ва аз тирамоҳи соли 2003 сар карда будем. То январи соли 2004 мо ҳамаги 4 хонанда доштем ва то охири сол шумораи онҳоро ба 50 нафар расонидем. Яъне аз моҳи сентябри соли 2004 мо таълимро сар кардем. Дар муддати ҳамин 6 сол аллакай шогирдони мо дар озмунҳои байналхалқӣ соҳиби медали зиёд гардиданд, ки шумораи онҳо аз 50 адад зиёд шуд. Ин маънои онро дорад, ки роҳи интихоб кардаи мо роҳи дуруст аст ва мо бе кӯмаки мутахассисони  беруна ба ин ноил гардидаем. 

 

Акнун дар мавриди саволи Шумо. Роҳбарони бисёр мактабҳо аз маоши худ норозигӣ баён карда , он қадар меҳнат намекунанд ва фикр ҳам намекунад, ки давлат имконияти маоши ӯро зиёд кардан надорад. Ақаллан барои се маротиба зиёд кардани онҳо давлат зӯраш намерасад. Агар шумо аз худи онҳо як имтиҳони дуруст бигиред дар сатҳи синфи 5, хусусан аз муаллимҳои математика, қариб 80%-и онҳо баҳои 2 мегиранд ва оё агар маоши онҳоро даҳ маротиба зиёд кунед ҳам, онҳо тағйир намеёбанд. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала, тарзи муносибати онҳоро ба таълим ниҳоят хунукназарона аст, ки албатта ба ин гуна меҳнат натиҷаи дилхоҳро интизор шудан ғайри имкон аст.

 

Ман зид нестам ки давлат то андозае маоши муаллимҳоро зиёд кунад, ҳатто ба ҳамонҳое ки меҳнати хуб ҳам намекунанд. Барои ҳамин пеш аз ҳама яке азроҳи дигари он дастгириву инкишоф додани мактабҳои хусусӣ аст, то ҳамон мардуме, ки то як андоза қобилияти маблағгузории таълими фарзандашро дошта бошад, таълими хуб бигирад. Агар шумораи мактабҳои хусусӣ, ки зиёд гардид, кори мактабҳои давлатӣ осонтар мешавад ва  аз ин ҳисоб маоши муаллимони мактабҳои давлатӣ низ зиёд мешавад.

 

Барзу: Ман бармегардам сари ҳамон саволе, ки мо бояд чӣ кор кунем, ки сафи нобиғаҳои мо аз 0,01 дар сад ба 0,10 дар сад боло равад. Сафи Беҳрӯз, Ҷаҳонгир, Олим ва дигар дӯстонашон бештар шавад. Дар посух ба ин суол боз чӣ метавон гуфт?

 

Ҳотамов: Воқеан ҳамон натиҷаҳое ки мо дар муддати кӯтоҳ ба даст овардем, шахсан ба ман , баъдан ба дигар бачаҳо ҳамон қадар таъсир расонид, ки қисми зиёди онҳо ба худашон боварӣ ҳосил карданд ва минбаъ  таъсири онҳо ба дигар наврасон низ мерасад. Агар ба кадом қуллае ки мо ҳоҳем, мерасем. Пинҳон намекунам чандин маротиба шогирдон омада муроҷиат карданд,ки муаллим, барои онки мо ба натиҷаи баланд расем, ба мо муаллимҳои хориҷӣ даркоранд, масалан аз Русия. Ман ба онҳо мустақилона масалан, аз  интернет, ки тамоми адабиёти зарур дар онҷо ҳаст  омӯхтанро тавсия додам.Вақте, ки Олим дар Олимпиада медали нуқра гирифт, омада ба ман гуфт, ки «хуб шуд, ки мо аз дигар ҷо муаллим наовардем, зеро мо худамон метавонем». Барои ман муҳим он буд, ки Олим фаҳмид, ки агар меҳнат кунад, ба натиҷаи дилхоҳ мерасад. Яъне меҳнатро подош ҳамеша ҳаст. Боварӣ ба худ ними муваффақият ҳаст. Агар боварӣ набошад кор пеш намеравад.

 

Барзу: Ба фикри ман сабаби комёбиҳои бачаҳои Шумо дар озмунҳои байналмилалӣ ин аст, ки онҳо аз рӯйи рост нигоҳ кардан ба чашмони ҳарифонашон ҳарос надоранд. Онҳо парво надоранд, ки дар пешашон ҷопонӣ ҳаст ё фин, рус ҳаст ё амрикоӣ.

 

Ҳотамов: Дуруст мегӯед. Аз дилҳоҳ кишвари Аврупо ҳамин мактабаки мо бо шумораи ками шогирдҳояш мегузарад. Фарз кардем шогирдони мо дар соҳаи информатика ҷои аввалро бигиранд, ин маънои онро дорад, ки дар худи мо низ дар соҳаи технологияи нав дар оянда пешравие шуда метавонад. Аз ҷиҳати техникӣ набошад ҳам, аз ҷиҳати бунёди барномаҳои компютерӣ пешсаф шуда метавонем, Бозори технологияи электронӣ имрӯзҳо ба трилилонҳо доллар мерасад.Тасаввур кунед, мо имрӯз агар 50 нафар барномасози мумтоз медоштем, маблағе кор мекарданд, ки аз буҷети Тоҷикистон зиёд аст. Натиҷае ки шогирдони мо ба даст оварданд, хеле хуб аст. Ва натиҷае ки таъсири ин ба дигарон расидааст ин садҳо маротиба зиёдтар аст. Онҳо ба худашон боварӣ ҳосил карда истодаанд, ки инҳо тавонистанд мо низ метавонем.

 

Барзу: Муаллим ман ба Шумо пеш аз ҳама сабру тамкинро орзу мекунам. Зеро хуб медонам, ки дар фаъолияти педагогӣ сабр чизи аз ҳама зарурист. Комёбиҳо дар натиҷаи заҳмати пурмашаққат даст медиҳанд. Боварӣ дорам, ки ояндаи кишвари мо дар дасти шумо  ва шогирдони шумо барин инсонҳо мебошад. Ташаккур барои сӯҳбати хуб.

 

«ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3274-bahsi-barzu.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ