19:03:23 22-уми Майи 2025 сол

ФАҚРУ ФАСОД: АВОМИЛИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН?

Шаҳри Душанбе пойтахти давлати Тоҷикистон аст. Танҳо давлате, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ дар Осиёи Миёна даргири ҷанги дохилӣ шуд ва саранҷом бо имзои як тавофуқномаи сулҳ мухолифони исломияшро дар мудирияти кишвар саҳим кард.

 

Бо гузашти 13 сол аз имзои ин тавофуқнома, ҳеҷ як аз чеҳраҳои исломӣ дигар дар мансабҳои давлатӣ дида намешаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ раҳбарони маънавии худро аз даст дода ва ҳоло бо як мушкили умда рӯбарӯст: аз як сӯ давлат баъзе аз аъзои онро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунад ва, аз тарафи дигар, насли ҷавон фикр мекунад, ки ин ҳизб ба андозаи кофӣ бунёдгаро ва тарафдори ислоҳоти сиёсӣ нест. Дар айни ҳол, нерӯҳои ҷадиде ба номи ислом сар баровардаанд, ки ба гуфтаи давлат, ба ифротгароии динӣ доман мезананд.

 

ШукуфоӢ ё фақр?

Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ дар охирин рада дар Осиёи Миёна қарор дорад. Шояд ба ин сабаб дидани худравҳои гаронқимат дар хиёбонҳои Душанбе барои бисёре аз хориҷиҳо таъаҷҷубовар бошад. Дар солҳои ахир теъдоди виллоҳо ё манозили бошукӯҳ дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Инҳо бештар ба мансабдорон ва афроди сарватманд таъаллуқ доранд.

 

Бисёре аз коршиносон манобеъи даромади бархе аз сарватмандон дар Тоҷикистонро инҳисори (монополияи) тиҷорати бархе аз колоҳо аз сӯйи гурӯҳҳои наздик ба мақомот ва ё қочоқи маводди мухаддир медонанд. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 килуметр марзи муштарак дорад.

 

Манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз масирҳои аслии интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Осиёи Миёнаю Русия ва сипас ба Урупо маҳсуб мешавад. Бар асоси арзёбиҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон аз назари густариши фасоди идорӣ дар пойинтарин радаи кишварҳои ҷаҳон қарор мегирад. Мизони фақр дар ин ҷо болост. Бисёре аз мардум дар як рӯз камтар аз як дулор даромад доранд.

 

Ҳоло бисёре аз хонаводаҳо аз ҳисоби маблағҳое зиндагӣ мекунанд, ки наздиконашон - муҳоҷирони кории тоҷик, аз Русия мефиристанд. Бар асоси омори расмӣ, онҳо ҳар сол ба Тоҷикистон ҳудуди ду милёрд дулор интиқол медиҳанд, маблағе тақрибан баробари будҷеи солонаи давлат.

 

Алӣ Муҳаммад, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд: “Вақте дар ҷомеъа, дар ҳукумат, дар вазорат нисбат ба мардум беъадолатӣ мекунанд, баъд мардум ба динҳо ва равияҳои дигар рӯ меоранд. Ман хостори он ҳастам, ки худованд ба ҳамаи раҳбарон тавфиқу инсоф диҳад.”

 

Аммо ҳазорҳо нафар аз мардум на ба хотири он ба масҷид мераванд, ки аз Худо барои раҳбарони кишвар талаби адлу инсоф кунанд. Бисёриҳо роҳи наҷоти худ аз вартаи фақру нодориро дар тоъату ибодат мебинанд. Аз тарафи дигар, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ барои ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мамнӯъи мазҳабие, монанди Салафия, Ҷамоъати таблиғ, Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон, фурсати муносибе фароҳам кардааст, то онҳо суфуфи худро аз ҷумлаи ҷавонон тақвият кунанд.

 

Давлат ва гурӮҳҳои исломӢ

Дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ мухолифати кумунистҳо бо гурӯҳҳои исломгаро ва миллӣ дар Тоҷикистон мунҷар ба оғози ҷангҳои дохилӣ дар ин кишвар шуд. Ҷанге, ки ҳазорҳо кушта бар ҷой гузошт ва даҳҳо ҳазори дигарро бехона ва овора кард. Пас аз панҷ соли ҷанг давлати Тоҷикистон ва мухолифони исломияш дар тобистони соли 1997 дар шаҳри Маскав мувофиқатномаи сулҳро имзо карданд.

 

Дар чорчӯби иҷрои тавофуқоти сулҳ, ҳизби наҳзати исломӣ, ки нерӯи аслии мухолифи давлат буд, иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро ба даст овард ва ҳоло танҳо ҳизби сиёсии мазҳабӣ дар қаламрави шӯравии пешин аст. Яке аз тавофуқоти дигари сулҳ вогузории 30 дарсади мансабҳои давлатӣ ба намояндагони мухолифони пешин буд.

 

Дар оғоз бисёре аз мансабҳои давлатӣ ба намояндагони мухолифон вогузор шуда буд. Вале ҳоло, бо гузашти беш аз даҳ сол аз имзои тавофуқномаи сулҳ, ҳеҷ кадом аз намояндагони мухолиф, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ, дар ҳайъати давлат боқӣ намондаанд. Интихоботи ахири порлумонӣ ва он чи мухолифони давлат тақаллуботи густарда дар интихобот хондаанд, ихтилофи миёни давлат ва ҳизби наҳзати исломиро то андозае афзоиш додааст.

 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд: “Ин интихобот ба мо ҳушдоре дод, ки шояд ҳукумат дар он ки ҳизби моро ҳамчун шарик ва ҳамкори худ барои сохтани як ҷомеъаи нави Тоҷикистон мебинад ё не, саволҳоро ба вуҷуд овард, ки ин саволҳоро мо бояд дуруст ва амиқ таҳлил кунем.”

 

“Албатта, мо ҳеҷ гоҳ берун аз чорчӯби қонун қадам нахоҳем зад, фарҳанги сиёсӣ ҳамеша сармашқи кори мо хоҳад буд, манофеъи миллию давлатӣ ҳамчунин, вале мо муносибати худамонро бо касоне, ки бо мо муносибати ба истилоҳ хушунатбор ва ғайриахлоқӣ мекунанд, як каме тағйир хоҳем дод.”

 

Бар асоси омори расмӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи ахири порлумонӣ ҳудуди ҳашт дарсади орои раъйдиҳандагонро ба даст овардааст. Аммо раҳбарони ҳизб ва баъзе аз нозирони интихоботӣ иддаъо мекунанд, ки ҳизби наҳзати исломӣ дастикам 30 дарсади ороро ба худ ихтисос дода буд.

 

Фарзона Холиқова, як донишҷӯ, мегӯяд: “Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон аксарияти ҷавонони ҳамсоли ман ва худи ман ба ҳизби наҳзати исломӣ раъй дода будем. Чаро? Чунки ҷавонон, масалан, шароити хуб барои зиндагӣ ва таҳсил надоранд. Ва шояд ин вазъ ононро водор мекунад, ки ба ҷараёнҳои динию мазҳабӣ, ки шояд ба онҳо оромӣ мебахшад, рӯй оваранд.”

 

Бисёре аз коршиносон ба афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба ислом, арзишҳои динӣ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои охир таъкид мекунанд. Аммо муддатҳост, ки ҳизби наҳзати исломӣ аз мавзеъи тунду хашини давлат дар қиболи ин ҳизб шикоят мекунад. Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи муносибати давлат бо ин ҳизби сиёсӣ гуфт: “Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон он аст, ки дар паҳнои як давлати демукротик ва дунявӣ як ҳизби дорои хусусиятҳои динӣ фаъолият мекунад ва бо давлат ҳамкорӣ дорад.”

 

“Намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ҳоло дар порлумон фаъолият мекунанд, онҳо дар тасвиби қонунҳо ширкат меварзанд, ва умуман, дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсию ҳуқуқӣ андешаҳои худро баён мекунанд. Албатта, баъзе масоили ҷузъӣ пайдо мешавад, сари он масоили ҷузъӣ мо бояд дуруст андеша кунем, то ба иштибоҳ роҳ надиҳем.”

 

НооромӢ дар Рашт

Шояд ду ё се сол пеш касе фикр намекард, ки ҳоло ҳам дар Тоҷикистон рақибони билқувваи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, боқӣ монда бошанд ва тавонанд барои мақомот дарди сар эҷод кунанд. Аммо ҳаводиси ахир дар водии Рашт, аз ҷумла ҳамла ба низомиёни тоҷик дар дараи Камароб, нишон дод, ки вазъияти сиёсии кишвар он гуна ки қаблан тасаввур мешуд, нест.

 

Ба гуфтаи нозирон, рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон, яъне ҳамла ба низомиён дар Рашт, фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ аз Душанбе ва аввалин ҳамлаи интиҳорӣ дар Хуҷанд нишон медиҳад, ки на танҳо пойдории давлат, балки тамомии кишвар ва ҳатто минтақа ҳам чи қадар мумкин аст шикананда бошад.

 

Шаҳобуддини Фаррухёр, нависанда ва рӯзноманигор, мегӯяд: “Агар ҳукумате мехоҳад ҷомеъа ба самти тундравиҳои мазҳабӣ наравад, аввалан бояд як ҷомеъае созад одилона, озодиҳо дар он риъоят шаванд. Ба изофаи ин ки фурсати баёни назарот бошад, мардум мӯҳтарам шумурда шаванд,озодиҳои мардум, озодиҳои мазҳабӣ мӯҳтарам шумурда шаванд.”

 

“Вале болотар аз ақоиди динии мардум мӯҳтарам шумурдани ҳамаи ақоид аст. Яъне бояд таблиғ шавад, ки ҳамаи ақоид ба наҳве мӯҳтарам шумурда шаванд.”

 

“Аммо ба таври табиъӣ дар ҷомеъае, ки аз назари иқтисодӣ мушкил дорад, шояд ин роҳкорҳо хеле ҷавоб надиҳад. Яъне як давлат агар ҳамаи талошашро бикунад, ки як чеҳраи демукротик аз худаш нишон бидиҳад, агар ин ҷомеъа аз назари иқтисодӣ ба як рифоҳи нисбӣ нарасад, ҳамеша заминаи таблиғ барои гурӯҳҳои тундрав вуҷуд дорад.”

 

Мусаллам аст, ки дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ акнун мардуми тоҷик аз озодиҳои бештар, аз ҷумла дар заминаи эътиқодоти динӣ ва мазҳабӣ, бархӯрдоранд. Аммо ҳамзамон дар кишвари фақире монанди Тоҷикистон шикофҳои табақотӣ миёни мардуми доро ва нодор бештар мешавад. Ва зоҳиран ҳамин, беш аз ҳар омили дигаре, ҷавононро водошта, ки посухи мушкилоти худро дар исломи тундрав ҷустуҷӯ кунанд.

 

Суҳроби Зиё, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3290-2010-10-05-12-50-40.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ