23:59:16 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_mozaffar_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_mozaffar_2147_1'

САРИХОСОР: ҲЕЗУМКАШӢ БА ҶОЙИ ТАҲСИЛ ДАР МАКТАБ

mozaffarМузаффар як бошандаи рустои Пештобаи ҷамоъати Сарихосори ноҳияи Балҷувон аст. Вай мебоист, ки аз моҳи сентябр ба синфи якуми мактаби миёна равад, вале дар рустои онҳо, ки аз марказ фарсахҳо дур аст, мактаб нест ва ба мисли даҳҳо кӯдакони рустояш Музаффар низ аз таълим дур монда ва хатту савод надорад. Музаффари хурдсол бештар ба кори хона ва ҷамъоварии ҳезум машғул аст. Ӯ мегӯяд: "Мо ҳамроҳи бобоям ба ҷамъоварии ҳезум машғул мешавем. Инҷо мо мактаб надорем, ман намехонам, ҷӯраҳои ман ҳам намехонанд, барои зимистон ҳезум мекашем ва зимистон гарм мешавем."

 

Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, наздики 30 деҳаи ҷамоъати Сарихосор мактаб надошта ва бузургсолон мактабро дар он ҷо ёд надоранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки бештари ин деҳаҳо хурд ва иборат аз 5-10 хонавода ҳастанд ва барои сохтани мактаб дар ин деҳоти дурдаст маблағи ҳангуфте лозим аст. Фотима Абдулллоева сокини деҳаи Нисайи Сарихосор мебошад. Вай ҳафт фарзанд дорад, ки онҳо дар ҷое таҳсил накардаанд.

 

Доштани мактаб ва таҳсили кӯдаконаш барои Фотима орзуе дерина аст: "Ман аз хатту савод надоштани ҳафт фарзандам ғамгин ҳастам. Онҳо ҳато навишта наметавонанд, хонда наметавонанд. Ростӣ, худам ҳам намедонам, ки писари калониям бояд синфи чанд бошад, чун намехонад, инро намедонем. Ҳайронам, чӣ гуна онҳо дар зиндагӣ муваффақ мешуда бошанд?"

 

Умедҷон Абдуллоев яке аз писарони Фотима Абдуллоева мебошад. Вай мегӯяд, ки синнаш барои шомил шудан ба артиши миллӣ расидааст, вале нигарон мебошад, чун хатту савод надорад. Умедҷон меафзояд: "Ман хондану навиштан наметавонам, боре ҳам мактабро надидаам. Мо мехостем ба мисли дигарон таҳсилкарда бошем, лекин дар деҳаҳои мо мактаб нест ва мо бесавод мемонем."

 

"Ман синнам ба хидмати сарбозӣ расидааст, аммо чун хондану навиштан наметавонам, аз ин шарм мекунам. Ва боз мегӯянд, ки бесавод бошӣ, азоб мекашӣ."

 

Дар чандин деҳаи Сарихосор, ки зимни сафар бо мардуми онҷо шинос шудем, пиронсолон гуфтанд, ки мардум бо пешниҳоди ҳукумати Шуравӣ он ҷоро макони зист интихоб намудаанд. Шайх Саидмуҳаммад, бошандаи деҳаи Мулокон, мегӯяд ҳукумати онвақта ё, ба қавли вай, ҳукумати "ленинӣ", онҳоро водор сохтааст, то дар ин макони дурдаст зиндагонӣ кунанд ва инҷоро обод созанд.

 

Шайх Саидмуҳаммад мегӯяд он замон барояшон ваъдаҳои зиёде дода буданд, ки яке аз онҳо сохтмони мактаб будааст: "Ба мо ҳукумати "ленинӣ" ваъда дода буд, ки дар ин деҳаҳои дурдаст зиндагӣ кунед ва ҳама шароит хуб мешавад, вале зиёд интизорӣ кашидему нашуд. Баъди пош хӯрдани ҳукумати "ленинӣ" умедамонро кандем ва ба ҳамин бемактабӣ ва бебарқӣ одат кардем."

 

"Бо вуҷуди он ки кӯдакони мо бесавод ҳастанд ва ваъдаи сохтмони мактабро касе ба мо накардааст, мо ин маконро дӯст медорем."

 

Дар сурати набудани мактаб ва бекор мондани кӯдакон, волидайн аз қувваи кории онҳо фаровон истифода мекунанд. Бо ҷавоне шинос шудам, ки ба нигоҳубини чорпоён машғул буд ва баъди ҷӯё шудани номаш худашро Хуршед муъаррифӣ кард. Хуршед 20 сол дорад ва аз даҳсолагӣ ба нигоҳубини гову гӯсфанд машғул аст. Вай бештари вақт дар кӯҳҳо ва даштҳо ба чарондани рама машғул аст.

 

Хуршед мегӯяд: "Мо дигар чӣ кор кунем, ки мактаб нест? Дар ҳамин кӯҳҳо ба нигоҳубини гову гӯсфандонамон машғул мешавем ва зиндагии мо аз ҳамин ҳисоб аст. То бегоҳ аз қафои рама ҳастам ва ҳар рӯз кори ман ҳамин аст."

 

Анваршоҳ Ибодов марди солманде мебошад, ки дар яке аз деҳаҳои Сарихосор таваллуд шуда ва дар ҳеч куҷо таҳсил накардааст. Ба гуфтаи вай, кори саҳро ва ҷамъоварии ҳезум ба дилаш задааст ва мехоҳад набераҳояш таҳсил кунанд: "Бесаводӣ дили моро гирифтааст, мехоҳем набераҳои мо дониш дошта бошанд ва мактаб хонанд."

 

Сокинони деҳаҳоиСарихосор бо вуҷуди мушкили бемактабӣ ва бебарқии доимӣ зодгоҳи худро дӯст медоранд ва аз он ҷо ба ҷойи дигаре рафтан намехоҳанд. Вале дар ин миён нафароне ҳам ҳастанд, ки ба хотири фарзандонашон тасмим гирифтаанд ба ҷойи дигаре кӯч банданд. Гулаҳмад Қурбонов ба хотири таҳсили набераҳояш мехоҳад зодгоҳашро тарк намуда ва ба ҷойи, ба гуфтаи худаш, ободтаре кӯч бандад.

 

Оқои Қурбонов мегӯяд: "Фикри ҳамин кӯдаконро мекунем ва мехоҳем равем ба ҷойе, ки мактаб дошта бошад ва набераҳои мо дониш омӯзанд ва хатту савод дошта бошанд. Ояндаи ҳамин кӯдаконро фикр мекунам ва вазифаи мо ба онҳо таълими хуб додан аст."

 

Кӯдакони 30 деҳаи дурафтодаи Сарихосор, ки аз таълиму тарбияти омӯзгорон дур монда ва ба сабаби набудани барқ барномаҳои телевизиюнро танҳо дар меҳмонӣ мебинанд, бештар рӯй овардаанд ба афсонаҳои мардумие, ки то ин замон даҳон ба даҳон расидааст. Онҳо дар бораи мазору зиёратгоҳҳои зодгоҳашон ривояту нақлҳои зиёдеро шунидаанд ва медонанд.

 

Онҳо то ба ҳол ба афсонаҳои шунида ва донистаашон бовар доранд ва шабҳо дар торикӣ афсонагӯӣ мекунанд, вале барои мардуми шаҳр, ки соли маъориф ва фарҳанги фаннӣ (техникӣ) эълон шудааст, афсонаҳо ба фаромӯшӣ рафтаанд ва афсона гуфтан дигар аҷиб ё ҷолиб нест.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3325-2010-10-11-09-12-14.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ