18:11:47 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/13_farishteh2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/13_farishteh2147'

ПӮШИШИ БУРҚА: МУД, СУННАТ Ё ИФРОТГАРОӢ?

"Ман довталабона бурқа пӯшидам. Касе маро ба ин кор маҷбур накардааст." Ин суханони Фаришта аст, ки 21сол дорад ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Фаришта афзуд, ки дар хонаводае маъмулӣ бузург шуда ва падараш ҳатто намозхон ҳам набудааст. Вай аз ду сол пеш ба пӯшидани бурқа, як навъ пӯшиши роиҷ дар кишварҳои исломӣ, оғоз кардааст. 

 

Фаришта мегӯяд: "Волидони ман мазҳабӣ нестанд. Ба ҷуз ман, дар хонавода чаҳор духтари дигар ба сар мебаранд. Онҳо рӯсарӣ мепӯшанд, вале ман пӯшидани бурқаро ихтиёр кардаам." Фаришта қасд дорад, ки узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар ин кишвар, шавад. Вале ба гуфтаи вай, масъулони ҳизб аз вай хостаанд, ки рӯсарӣ пӯшад, на бурқа. Аммо вай мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ бурқаро аз сар нахоҳад гирифт, зеро ба ақидаи вай, дар гузашта занон ва духтарон дар Тоҷикистон фаранҷӣ мепӯшиданд, ки хеле шабеҳ ба пӯшиши имрӯзии вай будааст.

 

Ҳарос аз бурқа

Мисли Фаришта имрӯз занону духтароне, ки бурқаи сиёҳ ба бар кардаанд, дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасанд - падидае, ки чанд сол пеш ҳатто тасаввураш намерафт. Занони маҳаллӣ, бахусус дар манотиқи рустоӣ, ҳатто дар замони Шӯравӣ, рӯймол ба сар мебастанд. Вале рӯймолҳои онҳо, бахусус аз духтарони ҷавон, монанди пероҳанҳояшон, мулавван ё рангоранг будааст.

 

Дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон мардум бар ин ақидаанд, ки як зан ҷуз дар мавриди азодорӣ набояд либоси сиёҳ ё тира ба тан кунад, "чун хоссияти хубе надорад." Бар хилофи бисёре аз кишварҳои исломӣ, тоҷикон ранги сиёҳро нишонаи азодорӣ ё мусибат медонанд. Вале пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, бавижа дар чанд соли ахир, анвоъи мухалифе аз рӯсарӣ ё ҳиҷоб дар миёни занону духтарони тоҷик, бавижа аз хонаводаҳои мазҳабӣ, мӯд шудааст. Бурқаи сиёҳ низ аз ҷумлаи пӯшоки занону духтаронест, ки бештар гароиши мазҳабӣ доранд.

 

 

Аммо ба назар мерасад, ки на ҳама ин навъи пӯшишро қабул доранд. Аз ҷумла як зани сокини Душанбе, ки худро Сарвиноз муъаррифӣ кард, гуфт, ки аз дидани занони бурқапӯш ҳарос дорад. Вай мегӯяд: "Ҳар бор, ки чунин занонро дар хиёбон вомехӯрам, эҳсос мекунам, ки онҳо зери бурқа маводди таркандае пинҳон кардаанд, то мо, занони дорои пӯшиши замонавиро, битарконанд."

 

Шояд бо таваҷҷуҳ ба ин амр, бисёре аз занону духтарони дорои гароиши мазҳабӣ тарҷеҳ медиҳанд анвоъи дигаре аз сатри исломӣ, монанди ҳиҷоб ё рӯсариро, ба бар кунанд.

 

Тақлид ба филмҳои хориҷӢ?

Зарина, як зани тариқбан 30-сола аз шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи онҳост. Вай мегӯяд, ки пӯшидани бурқа барои духтарони имрӯзӣ хеле сангин аст ва аз ин рӯ, худи вай пӯшидани рӯсариро ихтиёр кардааст. Зарина дар бозори "Корвон", яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, ба дунболи рӯсарӣ мегашт. Дар ин бозор дар дӯконҳои вижа либосҳои исломӣ, аз ҷумла рӯсариҳо, ба фурӯш гузошта шуданд ва духтарони зиёде машғули тамошо ва харидории онҳо буданд.

 

Аммо ба эътиқоди Зарина, бештари духтарон ба хотири мӯд либоси исломӣ ба бар мекунанд, то ба хотири иҷрои фароизи динӣ: "Ҳоло бисёре аз духтарон бидуни дарки мазҳабии пӯшиши ҳиҷоби исломӣ ба хотири муд ё дар пайравӣ аз Ҷаддӣ, яке аз қаҳрамонони филме, ки дар телевизиюнҳои Тоҷикистон намоиш дода шуда буд, ҳиҷоб мепӯшанд."

 

Аз суханони Зарина чунин бармеояд, ки худи вай то замоне ки издивоҷ накарда буд, пӯшиши либоси мудерн ё урупоиро дӯст медошт. Ҳоло вай мегӯяд, ки ҳарчанд шавҳараш мазҳабист, аммо пӯшиши ҳиҷоб интихоби худи ӯст ва шавҳараш ӯро ба ин кор водор накардааст.

 

Ҳамакнун духтарчаи шашсолаи Зарина ҳам сатрпӯш аст. Зарина бо пӯшиши ҳиҷоб ё рӯсарие, ки оро дода шуда ё ва ё зардӯзӣ дорад, мухолиф аст, зеро ба ақидаи вай, ин гуна либос таваҷҷуҳи мардонро ба худ ҷалб мекунад. Аммо ба назари вай, пӯшидани ҳиҷоб, агарчи тақлид ҳам бошад, нисбат ба пӯшиши либосҳои "нимаурёни урупоӣ" беҳтар аст, зеро онҳое, ки ҳиҷоб ё рӯсарӣ мепӯшанд, ҳарчанд оро дода шуда бошад, боз ҳам, ба ҳар ҳол, кӯшиш мекунанд ба гунае гесувон ва андоми худро пӯшида нигаҳ доранд.

 

"ҲиҷобпӮшии маҷбурӢ"

Бархе аз духтарони ҳиҷобӣ мегӯянд, ки бо пӯшиши урупоӣ ё мудерн мухолиф ҳастанд. Ба назари онҳо, духтарони беҳиҷоб барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонписарон ва мардон амдан либосҳои танг ва кӯтоҳ мепӯшанд, ки бо фармудаҳои дин созгор нест. Аммо Армона, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе, ки корманди як ширкати хусусӣ аст, мегӯяд, ки вай ба пӯшиши духтарони ҳиҷобӣ коре надорад.

 

Армона афзуд: "Ман худам либоси мудерн ё урупоиро дӯст медорам. Вале агар духтаре аз қонунҳои аслии ислом хабардор бошад ва либоси исломиро огоҳона ба бар кунад, ба назарам, коре хубест."

 

"Вале бисёре аз духтарони мазҳабӣ баъд аз он ки намозхон мешаванд, таҳсил дар мадорис ва донишгоҳҳоро мутаваққиф мекунанд ва дар натиҷа, бидуни шуғле монда ва хонанишиниро ихтиёр мекунанд, ки барои ояндаи ҷомеъаи мо хуб нест."

 

Ба ақидаи Армона, падару бародарони бархе аз духтарони ҷавоне, ки вай бо онҳо ошноӣ дорад, ба зӯр ё иҷбор духтарону хоҳарони худро сатрпӯш кардаанд. Ба гуфтаи вай, шавҳарҳо ва ё бародарону дӯстписарони иддае аз духтарон дар ивази пӯшиши ҳиҷоб ё рӯсарии исломӣ ба онҳо армуғонҳое, аз қабили худрав, харидорӣ мекунанд.

 

Бозори рӮсарӢ

Аз сӯйи дигар, ба эътиқоди бархе аз сокинон, фурӯши ҳиҷоб ё рӯсарӣ барои фурӯшандагон дар бозорҳо судманд аст. Фотима, як фурӯшандаи либоси исломӣ, мегӯяд бо ворид кардани либоси исломӣ барои занон ба Душанбе "кори хайре анҷом медиҳад." Фотима мегӯяд: "Ман бо харидорон мушкил надорам, ҳоло бештар духтарони ҷавон рӯсарӣ ва сатрҳоро харидорӣ мекунанд. Ва қимати онҳо низ он қадар гарон нест."

 

"Ман бештари колоро аз Туркия ба Душанбе ворид мекунам. Ахиран дар миёни мардум шоеъоте дар мавриди вуқӯъи “рӯзи қиёмат” паҳн шуда ва шояд бисёриҳо аз тарси он рӯз ҳиҷобпӯш шудаанд."

 

Аммо Дилбар, як фурӯшандаи пӯшиш барои арӯсон гуфт, ки бархе аз духтаронро волидони домод водор мекунанд, ки либоси арӯсиро бо ҳиҷоби вижа ба бар кунанд. Дилбар афзуд: "Мо барои чунин духтарон ба изофаи фатта ё пӯшиши вижаи арӯсӣ, ки аз бештар дар Урупо маъмул аст, рӯсариҳои махсусе илова мекунем. Теъдоди довталабон ба либосҳои арӯсии ҳиҷобдор сол то сол афзоиш меёбад."

 

"Ҷалби таваҷҷуҳи мардон"

Мавзӯъи аслие, ки дар суҳбатҳои рӯҳониён дар мавриди либос ё сатри исломӣ матраҳ аст, иҷтиноб аз ҷалби таваҷҷӯҳи мардон аст. Уламои дин бештар ба ин таъкид мекунанд, ки либоси занон бояд ҷалби таваҷҷӯҳ накунад ва баръакс тақводорӣ ва парҳезгории занонро ба намоиш гузорад. Зубайдуллоҳи Розиқ, аз уламои саршиноси мазҳабӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки бархе аз либосҳои миллии занона, аз ҷумла пероҳанҳое, ки аз порчаи атлас сохта шудаанд, таваҷҷуҳи мардонро ҷалб мекунанд.

 

Вай ҷонибдори он аст, ки занон ва духтарон ба гунае сатр пӯшанд, аммо дар ин кор ифрот накунанд. Бо ин ҳол, ба ақидаи вай, занону духтарон бояд дар интихоби либос озод бошанд. Вай афзуд: "Либосҳои исломӣ тақрибан аз пӯшишҳое, ки дар кишварҳои исломӣ занон ба бар мекунанд, тафовут надоранд. Либоси миллии мо низ ба пӯшишҳои исломӣ наздик аст."

 

Аз сӯйи дигар, бархеҳо низ бар ин назаранд, ки ҳамин пӯшиши ҳиҷоб ё рӯсарӣ дар ҷомеъае, ки чандон ривоҷ надорад, худ боъиси ҷалби таваҷҷуҳи мардон мешавад.

 

"Фарҳанги бегона"

Аммо баҳси ҳиҷоб ва рӯсарӣ ба мавзӯъи ҷалби таваҷҷуҳи мардон хатм намешавад. Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки афзоиши рафту омад ба кишварҳои исломӣ боъис шудааст, ки шеваи пӯшиши он кишварҳо аз роҳҳои гуногун ба Тоҷикистон нуфуз кунад. Мақомоти давлатӣ пайваста аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки мумкин аст ҳамроҳ бо ҳиҷобу рӯсарӣ афкори тундрав ва ифротӣ низ вориди Тоҷикистон шавад.

 

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд занону духтароне, ки баосонӣ ба пӯшиши ҳиҷобу рӯсариҳои бегона барои мардуми тоҷик даст мезананд, ҳамчунин ба осонӣ метавонанд ба саффи ифротгароён пайванданд.

 

Вай афзуд: "Бисёре аз сокинони Тоҷикистон баъд аз сафар ба кишварҳои исломӣ дар пӯшиши либос, мондани риш, пайравии мардумони он кишварро мекунанд. Чунин афрод, ки аксаран мардон ҳастанд, сипас занон ва хоҳарони худро сиёҳпӯш мекунанд, ки ин амр бо фарҳанги мо, тоҷикон, созгор нест."

 

Оқои Сафаров мегӯяд яке аз ангезаҳои мухолифати давлат бо пӯшиши ҳиҷобу рӯсарӣ ҳамин нигаронӣ аз хатари густариши ифротгароӣ дар миёни афроди мазҳабист.

 

Нигаронии давлат

Ахиран бисёре аз мақомоти баландпоя дар Тоҷикистон зимни суханрониҳои хеш дар сутуҳи мухталифи расмӣ шеваи пӯшиши исломии занону духтарон дар ин кишварро маҳкум кардаанд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, зимни суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр аз наҳваи либоспӯшии бархе аз занони тоҷик башиддат интиқод карда ва хостори он шуда буд, ки ончи ӯ шеваи пӯшиши миллӣ меномад, риъоят шавад.

 

Саъдии Юсуфӣ, коршинос дар умури дин, мегӯяд, ки яке аз сабабҳои аслии нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши пӯшиши исломӣ муғойирати ин навъи либос бо арзишҳои давлати дунявӣ аст. Оқои Юсуф афзуд: "Раванди бедории ҳувияти мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар намозхонӣ ва пӯшиши либосҳои вижаи исломӣ ба назар мерасад. Вале тафовут дар он аст, ки намозхонӣ метавонад дар манзил анҷом шавад, вале занон ва духтарон бо либоси исломӣ ба хиёбонҳо мераванд ва зуд ба чашм мехӯранд."

 

"Аз тарафи дигар, бардошти бархе аз мақомоти Тоҷикистон аз низоми дунявият ин аст, ки пӯшиши чунин либосҳо бо арзишҳои дунявият мухолифат дорад ва аз ин рӯ аз шеваи пӯшиши онҳо интиқод мекунанд."

 

Дар гузашта пӯшиши рӯсарӣ мӯҷиби ихроҷи теъдоде аз занону духтарони донишҷӯ аз донишгоҳҳо шудааст. Даъвоҳои миёни донишҷӯёни ҳиҷобпӯш ва вазорати маъориф ва донишгоҳҳо дар бештари авқот ба суди муассисоти омӯзишӣ анҷомидааст. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан кишварҳои бегонаро омили афзоиши ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ медонанд.

 

Вале ба гуфтаи таҳлилгарон, фақру бекорӣ ва фасоди густарда ва набуди барномаҳои вижаи сиёсӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар мӯҷиб шудааст, ки онҳо ба гурӯҳҳои мухталифе чун Салафия, Ҳизбу-Таҳрир ва "Ҷамоъати Таблиғ", пайванданд.

 

Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3342-2010-10-13-16-03-51.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ