07:49:45 29-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАШТ БА МУШОҲИДАИ ЯК ХАБАРНИГОР

Баъди сар задани хушунатҳо дар шарқи Тоҷикистон ва куштори сарбозон дар водии Камароб, матбуоти мустақил бо камбуди маълумот рӯбарӯ шуданд: ҳама хатҳои телефону интернет бо минтақа то имрӯз масдуд боқӣ монда иттило аз ҷараёни амалиёти зидди шӯришиён танҳо аз манбаъҳои расмӣ дарёфт мегардад.

 

Ва ҳоло ҳам маълумоти дастрас аз минтақа якҷониба буда хабарнигорон наметавонанд дурустии ин ё он хабарро аз роҳҳои мустақилу бетараф бисанҷанд. Вале ба нашрияиАзия-Плюс”, ки ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта чандин бор хабарнигоронашро ба водии Рашт барои омӯзиши вазъ сафарбар кардааст, ин навбат ҳам даст дод аз дохили ноҳияи Ғарм дар паи сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ, наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифин ва ёварони ӯ, дар бораи тафсилоти музокироти ҳукумат бо ин фармондеҳи собиқ гузорише таҳия кунад.

 

Ҳайдар Шодиев, ки рӯзҳои душанбеву сешанбеи ин ҳафта аз ноҳияи Ғарм дидан кардааст, дар посух ба суоли мо дар мавриди вазъ дар Рашт гуфт: "Нисбат ба сафари пешина тақрибан дар як моҳ қабл,  вазъият нисбатан ором аст, вале дар шаҳр ҳарбиён бисёранд, мардум нигаронанд, то ба ҳол боварии пурра надоранд, ки музокирот ба тинҷӣ анҷом ёбад".

 

-Шумо дар бораи тафсилоти музокирот ва созиш миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Мирзохуҷа Аҳмадов чиҳо медонед?

 

-Чи тавре, ки ба ман Олим Одилов, яке аз наздикони Мирзохуҷа Аҳмадов, иттило дод, дар ҳақиқат бародари Аҳмадов ва писари ӯ баъд аз он шурӯи амалиёти Камароб боздошт шуда буданд, вале баъд аз музокирот ҳамон рӯзи аввал писараш, баъдтар бародараш аз ҳабс озод карда шуданд. Ҳоло ҳардуяшон дар Ғарм кору зиндагӣ доранд.

 

- Тафсилоти ин созиш чи ҳаст?

 

- Тавре, ки Олим Одилов ба ман гуфт, шарти Мирзохӯҷа Аҳмадов дар аввал ҳамин буд, ки қувваҳои ҳукуматӣ пурра аз Рашт бароварда шавад ва ӯ гуфт, он қувваҳое ки дар Камароб амал мекунанд, метавонем бо қувваи худ аз минтақа дур  ва саркӯб намоем. Лекин намояндагони ҳукумат ба ин шарт розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки агар розӣ бошед, биёед якҷоя ҳамкорӣ кунем. Мирзохӯҷа Аҳмадов розӣ шуд ба ин шарт ва ҳоло дар дараи Камароб якҷоя бо қувваҳои ҳукуматӣ дар амалиёти зидди террористон меҷангад.

 

- Олим Одилов дар бораи он гурӯҳҳои, ки ҳоло бо нерӯҳои давлатӣ меҷанганд чиҳо гуфт, киҳо ҳастанд, шумораашон чанд аст?

 

- Шумораашонро тақрибан ҳеҷ кас намедонад, аввал гуфтанд то 100 нафар, боз вазири дохилаи Тоҷикистон гуфтанд як –ду гурӯҳи 20-30 нафара ҳастанд. Олим Одилов дар сӯҳбати якум ҳам гуфта буд, ки дар минтақа,аҳолии худи Рашт, гурӯҳҳои калонро мушоҳида нанамудааст.

 

- Аммо дар мавриди мавҷудияти худи Мулло Абдулло чӣ?

 

- Бисёриҳо, сокинони Рашт, наздикони М Аҳмадов мегуфтанд, ки ягон кас то ҳоло мулло Абдуллоро дар онҷо надидааст ва онҳо боварии пурра надоранд, ки дар онҷо Мулло Абдулло худаш ҳаст ё на. Барои он, ки эҳтимолан Мулло Абдулло онҷо набошад.

 

- Чизе буд дар ин сафар бештар дар хотиратон монд?

 

- Вақте, ки аз бозори Ғарм мебаромадем, ду духтарчаи хурдеро дидам бо як зан, ки фикр мекунам модарашон буд. Бо он каме сӯҳбат кардам. Гуфт солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-97-ро мо дида будему фарзандонамон надида буданд. Ва мо орзу доштем, ки фарзандонамон  дигар он рӯзҳои вазнинро набинанд. Вале афсус, ки нишонаҳое дар Ғарм аз он ҳаст.

 

Дар Ғарм вазъият нисбатан ором вале ба ҳар ҳол ҷангиён мегузаранд ин тараф он тараф, нооромӣ ҳис мешавад. Шабҳо садои тир ба гӯш мерасад. Вай гуфт намехостам фарзандонам ҳамин чизҳоро бинанд, вале афсус ҳамин тавр шуда истодааст. Валекин ман шабу рӯз аз худованд дуо мекунад, ки рӯзи вазнини дидаи фарзандонам ҳамин рӯзҳои гузашта бошаду дар пеш фақат тинҷӣ бошад.

 

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3403-2010-10-22-16-18-34.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi