18:52:52 22-уми Майи 2025 сол

ХАТАРИ АФЗОИШИ МОҲИИ МОРСАР ДАР КӮЛҲОИ ҶИЛИКУЛ

Моҳиҳои овозадоре, ки дар истахрҳои хурду бузурги Бешаи Палангон дар ноҳияи Ҷиликул мавҷуданд, ба далели таҳоҷуми моҳиҳои хатарноки "морсар", ки ба таври маснӯъӣ ба об андохта шудаанд, рӯ ба нестӣ овардаанд. Морсар моҳии хатарноки дусолае будааст, ки ҳаёти моҳиҳо ва мавҷудоти дигари зери обро бо хатари мувоҷеҳ карда ва онҳоро аз миён мебарад. Ин навъи моҳӣ аз тариқи оби рӯдидхонаи Вахш ба кӯлҳои (истахрҳои) моҳидории ноҳияи Ҷиликул ворид шуда ва зарари зиёди молӣ овардааст.

 

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҷиликул ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки хисорати ворида аз моҳии морсар ба анвоъи ҷонварони обии кӯлҳои моҳипарварии Бешаи Палангон то ба ҳол арзёбӣ нашудааст, вале камшавии моҳиҳои дигар дар ин кӯлҳо ба мушоҳида мерасад. Нуриддин Сайфуллоев, як масъули Бешаи Палангон, ки ба нигоҳдории кӯлҳои парвариши моҳӣ машғул аст, мегӯяд ин моҳиҳо тоза вориди кӯлҳои моҳидорӣ шудаанд ва моҳиҳои дигарро хӯрда ва нобуд мекунанд.

 

Оқои Сайфуллоев афзуд: "Мо барои пешгирӣ аз афзоиши моҳии морсар ҳамаи кормандонамонро равона сохтем, то ин навъи моҳиро ба нестӣ расонанд. Барои нест кардани ин навъи моҳӣ, ки хеле зуд афзоиш меёбад, имконоти зиёде надорем, вале кӯшиш мекунем, то ҷойи тухмгузории моҳии морсарро ёбем ва бо афзоиши он мубориза кунем."

 

Олимони зистшинос мегӯянд, ки моҳии морса хатароти зиёде дошта ва на танҳо моҳиҳо, балки мору мушҳои обиро низ хӯрда ва ба нестӣ мерасонад. Ин навъи моҳӣ ҳама гуна мавҷудоти обиро мехӯрад ва тухмгузорияш низ зиёд ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи оқои Сайфуллоев, баъзе аз зистшиносон моҳиии морсарро "даранда" ё "гурги кӯлҳо" мехонанд. Ин моҳӣ дар баробари хатарнок будан бисёр аҷиб аст, чун аз ду соъат бештар наметавонад зери об монад ва бештар шабона дар рӯйи об хоб мекунад.

 

Вай афзуд: "Моҳии морсар нахуст дар Чин кашф шуда ва қурбоқа ва морҳоро мехӯрдааст ва тез бузург мешудааст, ки дар ин кӯлҳои моҳидории мо мору қурбоқа намондааст. Мо кӯшиш мекунем, ки ин моҳиҳоро аз кӯлҳо нест кунем, вале чи гуна инро бапуррагӣ нест кунем, намедонем ва ҳамроҳ бо олимони зистшинос сари ин маъсала фикр мекунем."

 

Дар ноҳияи Ҷиликул 17 кӯл ё истахр барои моҳидорӣ мавҷуд буда ва моҳидорӣ як манбаъи даромади худи ҳукумат ва қисмате аз мардуми моҳипарвар ба ҳисоб мерафт, ки акнун зоҳиран дар вазъи нигаронкунандае қарор дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки моҳии морсар, ки дар натиҷаи корҳои озмоишгоҳӣ афзоиш ёфта ва дар ду сол бузург мешавад, шояд ба рӯдхонаи Вахш расиданаш кори дасти нафаре бошад.

 

Бибирокия Абдуллоева, як хабанигори маҳаллӣ, ки тоза дар як ҳамоиши зистмуҳитӣ ширкат дошт, мегӯяд моҳии морсар аз кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба вилояти Хатлон расидааст. Вай афзуд: "Мо дар як кунфронси зистмуҳитӣ сӯҳбати олимони кишварҳои гуногунро сари мавзӯъҳои гуногун шунидем, бахусус, дар бораи моҳии хатарноки морсар, ки дар Ҷиликул ва дигар рӯдхонаҳо мушоҳида шудааст. Олимон ин моҳиро хеле хатарнок медонанд."

 

"Дар ин кунфронс зистшиносон гуфтанд, ки ин моҳӣ аз Ӯзбакистон аз тариқи рӯдхонаҳо ба Тоҷикистон расидааст ва дар ҳоли афзоиш ёфтан мебошад. Ин на танҳо дар кӯлҳои вилояти Хатлон, балки дар тамоми обанборҳои Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва ҳашарот ва ҳатто морҳоро мехӯрдааст."

 

Рустами Сафар, як сокини вилояти Хатлон, баъид намедонад, ки кадом гурӯҳе ё шахсе моҳии морсарро амдан ё ҳадафмандона ба рӯдхонаҳои Осиёи Миёна андохта бошад. Вай мегӯяд шояд ҳадаф мухтал кардани вазъи муҳити зисти обанборҳои нерӯгоҳҳо ва, ба ин тартиб, латма задан ба тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид дар рӯдхонаи Вахш буда бошад. Оқои Сафар афзуд: "Ман фикр мекунам, ки агар ин навъи моҳӣ дар озмоишгоҳ парвариш ёфта бошад, шояд дар тарҳи обанборҳои рӯдхонаи Вахш низ таъсироти бади худро гузорад."

 

Ҳукумати ноҳияи Ҷиликул барои ҷилавгирӣ аз афзоиши моҳии морсар, ки моҳиҳои кӯлҳои моҳипарварии Бешаи Палангонро бо хатари нестӣ мувоҷеҳ сохта, аз ҳеч куҷо дархости кумак накардааст. Масъулони ҳукумат мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд сараввал ба дасти моҳипарварони моҳири ноҳия моҳии морсарро аз дигар моҳиҳо ҷудо намуда ва аз миён баранд.

 

Донишмандон мегӯянд моҳии морсар, ки аз моҳиҳои даранда маҳсуб мешавад, тақрибан 50 милюн сол пеш дар минтақаҳои ҷануби Ҳимолой пайдо шудааст, зеро бақоёе аз фуссили он дар ин манотиқ кашф шудаанд. Ин моҳӣ аз авноъи гуногуне иборат аст, ки бештар дар Осиё ва Африқо зиндагӣ мекунанд. Навъи чинии он, киChanna argusном дорад, дар сад соли ахир ба обҳои Осиёи Миёна ворид карда шудааст.

 

Аз вижагиҳои моҳии морсар ин аст, ки вай, агар тар бошад, то чаҳор рӯ метавонад дар хушкӣ зиндагӣ кунад ва ҳатто бо лағзидани кирмвор ва такон додани болҳояш бар рӯйи замини хушк аз як рӯдхона ба рӯдхонаи дигари наздик ба маҳалли зисташ, аз кӯле ба кӯли дигар ва ё аз ботлоқе ба ботлоқи дигар ҳаракат кунад. Моҳии морсар ҳарчанд маводди ғизоии хубе маҳсуб мешавад ва дар бисёре аз кишварҳо ба таври дастӣ онро парвариш мекунанд, вале истифода аз он дар бархе аз кишварҳо, монанди Устролиё, ба далели хатароте, ки барои анвоъи дигари ҷонварони обӣ ва дар маҷмӯъ, бар вазъи муҳити зист, дорад, мамнӯъ аст.

 

Ба гуфтаи зистшиносон, афзоиши ин моҳӣ дар обҳои мухталиф бештар омили инсонӣ дорад, яъне он бештар тавассути инсонҳо ва ба далели огоҳ набудани парваришдиҳандагон аз хатароти зистмуҳитии он дар обҳои мухталиф андохта шуда ва афзоиш меёбад. Бархе кишварҳо бо вазъи қавонин ва муқаррароте парвариш ё афзоиши моҳии морсарро танзим мекунанд, вале ба назар мерасад, ки то кунун ҳеч кишвари Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳеч иқдоми қонунӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши он дар рӯдхонаву истахрҳои худ анҷом надодаанд.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3411-2010-10-23-18-32-38.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ