21:39:40 22-уми Майи 2025 сол

СУИҚАСД БА ҶОН БАРОИ ХУДДОРӢ АЗ ХИЗМАТ ДАР АРТИШ

Дотситони низомии вилояти Хатлон мегӯяд ҷавонон аз шомил шудан ба артиш сарпечӣ карда ва бархеҳо барои нарафтан ба артиш сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд.  Абдуқодир Нуров, додситони низомии вилояти Хатлон дар ин бора мегӯяд: "Мо ба ҳолате дучор шудем, ки ҷавоне аз ноҳияи Шаҳритус ба хотири ба артиш нарафтан хостааст, худро захмдор кунад. Он ҷавон шишапораро гирифта дасти худашро буридааст ва ба ин далел ӯро ба артиш сафарбар накарданд."

 

Додситон Нуров афзуд, ки додситонии низомӣ алайҳи шаш ҷавон аз вилояти Хатлон ба хотири худдориашон аз пайвастан ба сафи қувваҳои мусалаҳи кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, ки дар дасти баррасии додгоҳ қарор доранд. Вай гуфт: "Ин шаш ҷавон ҳоло дар артиш зери назорат буда хизмати худро оғоз кардаанд. Онҳо дар баробари ҷазо гирифтан, хизмати худро низ ба ҷо хоҳанд овард".

 

Гуфта мешавад, сабаби аслии саркашии ҷавонон аз хизмати артиши миллӣ, ҳавлдиси моҳҳои ахир дар ноҳияи Рашт ва кушта шудани сарбозону афсарон будааст, ки чандин нафари онҳо сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон буданд. Ҳусейнҷон Каримов, падари яке аз ҷавонони 20-солаи вилояти Хатлон мегӯяд: "Писари ман синнаш барои даъвати артиш расидааст, вале ман чандон моили сафарбар кардани писарам ба артиш нестам. Ҳамин ҳодисаҳои Рашт, нооромиҳо моро нигарон кардааст".

 

Аммо гурӯҳ -гурӯҳ занону мардон, ки фарзандонашонро ба сарбозӣ гирифтаанд, дар назди сохтмони кумисериёи низомӣ омеоянд ва аксари онҳо нигарон буда ва мехоҳанд писарони худро бубинанд. Моҳшариф (номи мустаъор) яке аз ин гуна модарҳо аз ноҳияи Данғара мебошад, ки се рӯз қабл писарашро ба қавли худаш «облава» карда ба кумиссериёи низомӣ бурдаанд.

 

Вай мегӯяд: "Бачама шаб аз хона аз хобаш бедор карда, бе даъватнома ба артиш мебаранд. Се рӯз мешавад, ки дар комиссарияти ҳарбӣ аст ва ман ӯро дида наметавонам. Мо барои сафарбар кардани вай розӣ ҳастем, вале мехоҳем ақалан бо вай хайрухуш кунем".

 

Писари зани дигарро низ, ки худро Хонигул муъаррифӣ кард, бидуни даъватнома ва аз роҳи "облава" ба кумисериё овардаанд. Вай мегӯяд: "Одамони комисариат омада хонаҳои моро мекобанд, ҳатто сандуқу болохонаҳоро мекобанд. Гӯё ҷинояткоронро меҷуста бошанд. Охир ин чи аҳвол?!"

 

"Облава" истилоҳи русиест, ки мардум дар мавриди басарбозгирии иҷбории ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо ва аз дохили хонаҳо истифода мекунад. Дар ҳоле ки раванди қонунии сафарбар шудани ҷавонон ба артиш ирсоли даъватнома ба ҷавонон, ҳозир шудани онҳо ба кумисериё ва қабул шудани онҳо ба артиш пас аз гузаштани ташхиси пизишкӣ аст, коршиносон мегӯянд, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хотири иҷрои накшаи сафарбаркунии ҷавонон ба артиш аз роҳи иҷборӣ ё ҳамон "облава" истифода мекунанд.

 

Умедҷон Ҷумъаев , коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ин танҳо роҳи нигаҳдории теъдоди зарурии артиши кишвар аст, аксарияти ҷавонон хоҳиши пайвастан ба артишро надоранд. Умедҷон мегӯяд: "Аммо сафарбаркунии иҷборӣ ва ҳамин "облаваҳо" назари ҷавононро ба артиши иваз кардааст. Онҳо ҳарос пайдо кардаанд. Худро фирорӣ ва артишро зиндон тасаввур мекунанд."

 

Дар оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба артиш бархе аз мансабдорони навоҳии гуногун тасмим гирифтанд, ба манзури таблиғи артиш дар миёни мардум ва мутақоид сохтани онҳо дар амн будани хизмат дар артиш, писарони худро ба артиш сафарбар карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3418-2010-10-25-15-32-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ