21:13:21 22-уми Майи 2025 сол

КӮЛОБ: БОЗПУРСИИ ДУХТАРОНИ РӮСАРИПӮШ ДАР МАКТАБҲО

nabievМуҳаммадшариф Набиев, раҳбари маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, аз афзоиши фишор бар шогирдони мактабҳо дар мавриди пӯшиши сатри исломӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир як идда духтарони сатрпӯш дар мактабҳои шумораи 27, 7 ва 3-и шаҳри Кӯлоб мавриди бозпурсии маъмурони интизомӣ қарор гирифтаанд. Аммо оқои Набиев мӯътақид аст, ки ин гуна тадобир бар рӯҳияи кӯдакон таъсироти манфӣ хоҳад гузошт.

 

Нигаронии волидон

Оқои Набиев мегӯяд духтари ӯ низ аз ҷумлаи шогирдони мактабест, ки мавриди бозпурсии маъмурони интизомӣ қарор гирифта ва ин амр ӯро башиддат нигарон кардааст. Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Нафароне, ки андак илми динӣ хондаанд, пайгирӣ мешаванд. Ва мақомот таблиғ мекунанд, ки ин навъ афрод имкон дорад ба гурӯҳҳои теруристӣ пайванданд."

 

"Аз нигоҳи мо, бояд пеши роҳи ин навъ даҳшатафканиҳо гирифта шавад, вагарна ин навъи муносибат бар рӯҳияи кӯдакон таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ҳамчунин, лозим аст, ки тадриси ислом дар мактабҳо ҷорӣ гардад, то ҷавонон аз гурӯҳҳои тундрав, ки мехоҳанд номи исломро доғдор кунанд, дар канор бошанд."

 

Муҳаммадшариф Набиев танҳо касе нест, ки аз бозпурсии духтарони сатрпӯш дар мактабҳо нигарон аст. Ин иқдом мӯҷиби нигаронии иддаи дигаре аз волидон низ шудааст. Масалан, Асламхон Каримов, як сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, ки духтари ӯро низ маъмурони давлатӣ дар мактаб ба хотири таълими исломӣ гирифтан дар хона, дар назди падараш, бозпурсӣ кардаанд. Вай мегӯяд, ки мақомот ба духтари ӯ гуфтаанд, ки палдараш ҳаққи таълими мазҳабӣ додани ӯро надорад.

 

"ҲНИТ моро нодида мегирад"

 

amiraliИн дар ҳолест, ки Амиралӣ Раҳимов, мудири бахши дини ҳукумати шаҳри Кӯлоб, аз ҷой доштани ҳар гуна таъқиб ва бозпурсии духтарони сатрпӯш дар мактабҳо изҳори бехабарӣ кард. Вай мавҷудияти ҳар гуна фишор бар диндорон ва афроди дорои боварҳои исломӣ дар шаҳри Кӯлобро рад намуд. Вай гуфт: "Дар Кӯлоб дар асоси талаботи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ даҳ масҷиди ҷомеъ ва шасту ду масҷиди намози панҷвақта озодона фаъолият доранд. Аммо мавриди таъкид аст, ки дар соъати дарсӣ ба масҷид рафтани донишомӯзон қатъиян манъ карда шудааст."

 

Оқои Раҳимов муносиботу ҳамкории давлат бо созмонҳои диниро "хеле хуб ва созанда" хонд, аммо аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди ин, дар баъзе маворид бахши маҳаллии ҳизби наҳзати исломӣ дар Кӯлоб мавқеъи ҳукуматро нодида мегирад. Вай ҳизби наҳзати исломиро, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ба он муттаҳам кард, ки ба ҳангоми барпо кардани тадобири сиёсию иҷтимоъияш мақомоти иҷроияро дар ҷараён намегузорад.

 

Оқои Раҳимов афзуд: "Масалан, дар ҳамоиши калоне, ки ҲНИТ-и Кӯлоб чанде пеш оид ба "Қуръонхонӣ" доир карда буд, мо хабар наёфта будем. Танҳо баъди дахолати шахсии ман ва далеловарӣ аз чанд қонун роҳбарони маҳаллии ҳизб дар ин бора дархосте расмӣ ба ҳукумат пешниҳод карданд."

 

Ӯшиши бегона"

 

saidaДар мавриди рӯсарии занон, ё ба истилоҳ, "сатри исломӣ" ва мамонеъатҳо дар ин замина, ки ҳастаи баҳс миёни ҲНИТ ва мақомоти иҷроия дар Кӯлобро ташкил медиҳад, мақомоти маҳаллӣ назари дигаре доранд. Саида Нурляминова, роҳбари бахши кор бо занони ҳукумати Кӯлоб, перомуни масоили сатр муддаъист, ки мақомоти маҳаллӣ бо анҷоми таблиғот алайҳи пӯшиши рӯсарӣ ҳеҷ гоҳ исломро ҳадаф қарор надодаанд ва дар ҳукумат низ мусалмонон фаъолият доранд. Хонуми Нурляминова гуфт: "Манзур ташвиқи канорагирӣ аз сатр нест, манзур ин канора гирифтан аз пӯшишҳои ғайримиллист. Мо на танҳо пӯшиши либосҳои арабиву покистониро ноҷоиз мешуморем, балки ба он низ роҳ намедиҳем, ки духтарони тоҷик бо либосҳои нимбараҳнаи ғарбӣ дар мактабҳо ҳозир шаванд."

 

Ин масъули ҳукумати Кӯлоб мӯътақид аст, ки пӯшиши сатре, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаи Кӯлоб муд шудааст, тақлид ба кишварҳои хориҷӣ буда ва бо пӯшиши маҳаллӣ созгор нест. Вай афзуд: "Либосҳое, ки модару модаркалонҳои мо пеш аз Шӯравӣ мепӯшиданд, ҳамон атласу чакан ва рӯсариҳои докагӣ мебошад, ки дар сурати пӯшиши онҳо ягон рукни дин перомуни фарзи сатр вайрон намешавад."

 

Хонуми Нурляминова ба ин назар аст, ки бе ворид сохтани "фарҳанги пӯшиши бегонагон" низ фарҳанги миллии тоҷикон қодир аст ҳам бо арзишҳои дунявӣ ва бо арзишҳои динӣ ҷавобгӯ бошад.

 

Ихтилофи дерина

Бахши маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ки аз ҳамон оғоз ҳимоят аз арзишҳои исломиро ҳадафи худ сохтааст, дар гузашта низ борҳо бар сари масоили сатру фишороварӣ бар мусалмонон бо ниҳодҳои давлатӣ баҳсу ихтилоф доштааст. Аммо ба назар мерасад, ки иқдомоти ахири маъмурони интизомиву амниятии Тоҷикистон барои ихроҷи кӯдакон аз масоҷид, манъи таълими мазҳабии ғайрирасмии кӯдакон дар манзили муллоҳо, маҳдудияти пӯшиши рӯсарӣ ва ё сатри исломӣ ин баҳсу ихтилофот тундтар шудааст.

 

Иқдомоти маъмурони давлатӣ дар ин замина дар пайи нигарониҳои ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши ифротгароӣ, бавижа интиқоди вай аз пӯшиши рӯсарӣ ва тақозояш барои бозгардондани муҳассилон аз мадориси исломии хориҷӣ сурат мегирад.

 

Орзуи Ҳамид, хабарнигори маҳаллии Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3438-2010-10-27-17-48-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ