ИҶОЗАИ ГАШТУГУЗОРИ "ТАНГЕМ"-ҲО ДАР ҶОДАҲОИ ПОЙТАХТ
Мақомоти Душанбе, дастури иҷозаи гаштугузори дубораи мусофирбарҳои навъи “Тангем”-и сохти Чинро дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон додаанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи шаҳрдории пойтахт, ки зери раёсати шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, гирифта шудааст.
Соли гузашта мақомоти шаҳри Душанбе ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем»-ро дар роҳҳои марказии шаҳр манъ карда буданд. Он замон мақомоти шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки ҳадаф аз ин иқдом, таъмини амнияти мусофирон аст. Ба гуфтаи онҳо, бо айби ронандагони “Тангем”-ҳо як силсила садамаҳои нақлиётӣ рух дода буд, ки мунҷар ба ҳалокати афрод шуд. Мақомот он ронандагоне, ки ба истифодаи “Тангем” дар пойтахт идома медоданд, 75 сомонӣ ҷарима таъйин намуда буданд.
Мусофирбарҳои сохти чинии маъруф бо номи «Тангем», тайи якчанд соли ахир ба навъи аслии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе табдил шудааст. Сокинони Душанбе мегӯянд, ки маҳз ин навъи мусофирбарҳо камбуди нақлиёт дар пойтахтро коҳиш додааст. “Тангем”-и чинӣ бори аввал 5 соли қабл, вақте сокинони кишвар ба мушкили шадиди нақлиётӣ ру ба рӯ буданд вориди Тоҷикистон шуда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист бозори дигар анвои нақлиёт, ҳатто таксиҳоро ҳам танг кунад.
Ин навъи мусофирбар, ки дар тӯли 5 сол арзиши роҳкирояш бетағир боқӣ монду ба гуфти аксарият ҳатто дар поин бурдани маблағи роҳкирои таксиҳо ҳам мусоидат кард, аз ҳама муҳим барои аксар ҷавонон як роҳи хуби даромад ҳам гашт.
Онҳо бо гирифтани иҷора ва ё қарзу бо маблағҳои аз Руссия ҷамъ овардаашон “Тангем” харидорӣ намудаву бо ин роҳ то ҳадде мушкилоти бекории худро рафъ мекунанд. Имрӯз тибқи бархе оморҳо, шумори мусофиркашҳои “Тангем” дар кишвар тахминан ба 4 ҳазор мерасад, ки гуфта мешавад ҳудуди 80 дар сади онҳо ба ронандаҳои ҷавон таалуқ доранд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3442---qq----.html
Шарҳҳо
RSS Обуна