ШИРКАТИ "МЕТРО" БАРАНДАИ МУЗОЯДАИ РОҲИ ОҲАН ШУД
Мустанадоти фаннӣ ва молии қисмати тоҷикистонии тарҳи роҳи оҳанеро, ки Чин ва Эронро тавассути қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон муттасил мекунад, ширкати мавсум ба "Метро" таҳия хоҳад кард. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 29 октябр дар ин бора санаде зарурӣ миёни мақомоти зидахли кишвар ва ин ширкат ба имзо мерасад.
Вай нагуфт, ки ширкати "Метро" ба кадом кишвар мутаъаллиқ аст, вале афзуд ин ширкат аз миёни чанд ширкати дигар, ки дар музояда ширкат карданд, интихоб шудааст. Қаблан эълом шуда буд, ки Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои анҷоми мутолеъа ва таҳияи мустанадоти молию фаннии ин тарҳ ба Тоҷикистон як милюн дулор ихтисос додааст. Ба гуфтаи оқои Бобоев, имзои санад байни давлати Тоҷикистон ва ширкати "Метру" дар поёни нишасти мақомоти роҳу таробарии панҷ кишвари Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон ва Чин дар шаҳри Душанбе, ки ду рӯз идома меёбад, сурат хоҳад гирифт.
Дар ин нишаст вузарои нақлиёти ин кишварҳо ба ҷуз аз вазири нақлиёти Эрон ҳузур доранд ва Эронро дар ин ҷаласа мақомоти ширкати Роҳи оҳани он кишвар намояндагӣ мекунанд. Мавзӯъи эҳдоси роҳи оҳан аз Эрон то ба Чин аз тариқи қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дастури кори нишасти мақомоти таробарии панҷ кишвар дар Душанбе аст.
Олим Бобоев гуфт, ки қарор аст фардо мақомоти роҳу таробарии ин панҷ кишвар дар поёни нишасти худ мусаввабае имзо кунанд, ки тибқи он ин тарҳи роҳи оҳан "лоиҳаи ягона" унвон мешавад. Тибқи ин тарҳ, минтақаи Кошғари Чин бо Ҳироти Афғонистон ва аз он ҷо то Эрон тавассути як роҳи оҳан ба ҳам васл хоҳанд шуд ва ин роҳи оҳан аз Кошғар то ба Ҳирот 1972 килуметр тӯл хоҳад дошт.
Барои муттасил шудани роҳи оҳан аз Чин то Афғонистон, дар Тоҷикистон бояд се қисмати роҳи оҳан аз Панҷи поён то Колхозобод, аз Ёвон то Ваҳдат ва аз Ваҳдат то Ҷиргатол, дар марзи Қирғизистон, сохта шавад, ки дар маҷмӯъ 392 килуметрро ташкил медиҳад. Маблағе, ки барои эҳдоси ин роҳи оҳан лозим аст, танҳо пас аз мутолеъа ва таҳияи мустанадоти фаннӣ ва иқтисодии (ТЕО) ин тарҳ мушаххас хоҳад шуд.
Аммо вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон гуфт, ки қарор аст соли оянда сохтмони қисмати роҳи оҳани Ёвон–Ваҳдат "бо истифода аз қарзҳои имтиёзноки давлати Хитой" оғоз шавад. Ин тарҳи роҳи олтернотиви оҳан барои Тоҷикистон на танҳо манфиъати иқтисодӣ, балки аҳаммияти сиёсӣ дорад. Зеро Тоҷикистон ба обҳои озод дастрасӣ надорад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки роҳҳои оҳани ин кишвар аз қаламрави Ӯзбакистон убур мекунанд, ихтилофоте байни ду кишвар матраҳ аст.
Коршиносон бо ишора ба мавонеъе, ки қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон бо он ҳамвора рӯбарӯ мешаванд, мегӯянд, ки Тошканд ин роҳи умдаи тиҷоратии Тоҷикистонро ба фишанги фишори худ алайҳи Душанбе табдил додааст. Чанде пеш вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон дар нишасти матбуъотие гуфта буд: "Тоҷикистон аз вобастагии Ӯзабкистон дар заминаи роҳҳои утумубилӣ раҳоӣ ёфтааст, чун тавассути Афғонистон роҳҳо дорад ва акнун роҳи олтернотиви оҳан низ бунёд хоҳад шуд, ки ба вобастагии Тоҷикистон ба Ӯзбакистон поён хоҳад дод."
Вале мақомоти ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда дар тарҳи роҳи оҳани Чин-Эрон мегӯянд, ки анҷоми он ба суди куллияи кишварҳои муштарак аст. Коршиносон яке аз муҳимтарин натоиҷи ин тарҳро такони ҷиддӣ барои иқтисоди Афғонистон унвон мекунанд, зеро истиқрори субот дар ин кишвар бидуни фароҳам сохтани рушди иқтисодӣ номумкин ба назар мерасад.
Довуд Алӣ Наҷафӣ, вазири роҳ ва ҳавонавардии Афғонистон, дар Душанбе гуфт Афғонистон дар заминаи иҷрои ин тарҳ пешрафтҳои муҳимме доштааст. Оқои Наҷафӣ гуфт: "Аз Ҳирот то Мазори Шариф, Шерхон Бандар мутолеъоти муқаддамотии фаннию иқтисодии ин тарҳро анҷом додем. Ҳамчунин, 75 км хатти роҳи оҳан аз Ҳайратон то Мазори Шариф дорем ва бояд аз тарафи Мазори Шариф идома бидиҳем то Шерхон Бандар."
Ба гуфтаи вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, ҷониби Эрон дар ин замина масъулияти худро, ки кашидани роҳи оҳан аз Ҳирот то қаламрави кишвараш буд, тақрибан иҷро кардааст, зеро интизор меравад эҳдоси ин қисмати роҳи оҳан то поёни соли ҷорӣ анҷом ёбад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3446--qq-----.html