16:06:23 22-уми Майи 2025 сол

ӮЗБАКИСТОН МАРЗИ САРАЗМ ВА ҶАРТЕППАРО МЕБАНДАД

Мақомоти марзбонии Ӯзбакистон бо ирсоли номае ба ҷониби Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз якуми моҳи ноябр гузаштани шаҳрвандон, интиқоли молу коло ва васоили ҳамлу нақл аз посгоҳи марзии байни Саразм ва Ҷартеппа мутаваққиф хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти марзбонӣ дар ноҳияи Панҷакент, рӯзи 21 октябр ҷониби Ӯзбакистон ба унвони мақомҳои марзбонии Тоҷикистон номае (нотае) ирсол намудаанд, ки тибқи он роҳи байналмилалии байни Панҷакент ва Самарқанд баста ва гузаштани шаҳрвандон ва интиқоли коло ва васоили ҳамлу нақл мамнӯъ хоҳад шуд.

 

jarteppaИн мақомот мегӯянд, ки баста шудани марз шаҳрвандони манотиқи марзии ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистонро нигарон кардааст, зеро дар сурати чунин иқдоме, бахусус дар фасли зимистон, ки гарданаҳои Шаҳристон ва Анзоб баста мешаванд, беш аз 300 ҳазор ҷамъияти водии Зарафшон дар муҳосираи иқтисодиву иҷтимоъӣ қарор хоҳанд гирифт. Исрофил Исмоилов, раиси бахши гумруки Панҷакент, мегӯяд: "16 майи соли 2000 порлумонҳои ду кишвар созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси моддаҳои 5 ва 6-и ин қарордод, шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бидуни раводид (виза) ба мӯҳлати 5 шабонарӯз ба Ӯзбакистон рафтуомад кунанд."

 

"Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиноснома дар давраи зимистон аз 1-уми октябр то 1-уми июни ҳар сол бояд бемалол ба таври тронзитӣ тавассути Ӯзбакистон ба Хуҷанд рафтуомад кунанд."

 

Аммо ба гуфтаи оқои Исмоилов, тарафи Ӯзбакистон аз соли 2008 ба ин сӯ бар хилофи ин созишнома рафтуомади шаҳрвандонро маҳдуд карда ва танҳо ба василаи барқия (телеграмма) иҷоза медиҳанд. Гузарондани коло ва васоили ҳамлу нақл низ комилан манъ карда шудааст. Вай афзуд: "Аслан бастани роҳи байналмилалӣ хилофи қонун аст. Мо намедонем ба кадом хотир сарҳад аз ҷониби Ӯзбакистон баста шудааст."

 

Ҳудуди 70-80 дарсади ҷамъияти водии Зарафшон аз ду ҷониби марз пайвандҳои қадимаи хешутаборӣ доранд. Бибимоҳ Ҷамилова, як сокини ноҳияи Панҷакент, ки дар Самарқанд хешу табори зиёде дорад, монеъ шудани марзбонони ӯзбак аз дидорбинии хешу таборашро помол кардани ҳуқуқи башар мешуморад.

 

Вай гуфт: "Писар ё духтари яке дар Самарқанд аст, волидайни дигаре дар Панҷакент ё Айнӣ ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки ба дидори якдигар раванд. Ягон кас ҳақ надорад, ки моро маҷбуран аз ҳамдигар ҷудо кунад."

 

Сарварой Сайфиддинова, як сокини тоҷиктабори Самарқанд, мегӯяд танҳо чанд рӯзест, ки дар Тоҷикистон меҳмон буда ва нашрияҳои тоҷикиро мутолеъа мекунад. Вай изҳори таассуф кард, ки мақомоти гумруки Ӯзбакистон ба мусофирон бо худ бурдани нашрияҳои тоҷикӣ ба кишварашонро иҷоза намедиҳанд.

 

Хонуми Сайфиддинова мегӯяд: "Дар Самарқанд на нашрияе ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасад ва на мегузоранд, ки нашрияҳои Тоҷикистон аз марз ворид шаванд. Танҳо ҳар бор, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон меоям, имкони рӯзнома хондан пайдо мекунам."

 

sarazm - jarteppaБа гуфтаи вай, агар ходимони гумрук ва марзбонии Ӯзбакистон ҳангоми тафтиш аз касе нашрия, си-диву ди-ви-дӣ ё китобҳои тоҷикӣ дарёфт кунанд, он маводро пора-пора карда ва барандаи онро мавриди дашному таҳқир қарор медодаанд. Ин дар ҳолест, ки хонуми Сайфиддинова мегӯяд борҳо шоҳид будааст, ки дар дуконҳои рӯзномафурӯшии Тоҷикистон, бавижа дар шаҳри Панҷакент, нашрияҳои ӯзбакӣ зиёд ба чашм мерасанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди кишвар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ барои ҷамъияти ӯзбакзабони маҳаллӣ нашрияву барномаҳои зиёдеро ба забони ӯзбакӣ пахш мекунанд.

 

Ба гуфтаи як зани рӯзномафурӯш дар шаҳри Панҷакент, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, нашрияҳои ӯзбакӣ баробари нашрияҳои тоҷикӣ дар ин ҷо ба фурӯш мераванд. Тақрибан ниме аз рӯзномаву нашрияҳое, ки вай мефурӯхт, ба забони ӯзбакӣ ва чопи Ӯзбакистон буданд. Аммо бо ишора ба ин ки аз аввали моҳи оянда марз баста хоҳад шуд, ин зани рӯзномафурӯш гуфт: "Инҳо рӯзномаҳои охиринанд ва ворид шудани рӯзномаҳои чопи Ӯзбакистон ба ин ҷо дигар имкон надорад."

 

Баста шудани роҳи байни Панҷакент ва Самарқанд кормандони арсаи гардишгариро низ нигарон сохтааст. Водии Зарафшон бо мавзеъҳои зебову хушобуҳаво ва амокини бостонияш аз ҷумлаи манотиқест, ки ҳамасола теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ аз дуру наздик ба саёҳати ин ҷо меоянд. Фирдавс Тӯрақулов, намояндаи Шӯрои рушди турисм дар водии Зарафшон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки баста шудани роҳи байни Панҷакенту Самарқанд дар арсаи гардишгарӣ дар ин водӣ таъсироти манфӣ барҷой мегузорад.

 

Вай афзуд: "Бештари сайёҳоне, ки ба водии Зарафшон ворид мешуданд, маъмулан баъди дидани Самарқанду Бухоро ба дидани Панҷакенти Қадим меомаданд. Мо хуб медонем, ки роҳи Айнӣ-Панҷакент хеле хароб аст ва ба меъёрҳои гардишгарӣ ҷавогӯ нест."

 

Оқои Тӯрақулов аз эҳтимоли коҳиши шумори гардишгарони хориҷӣ дар минтақа дар пайи масдуд шудани марз аз оғози моҳи оянда ибрози нигаронӣ намуда ва изҳор дошт, ки сайёҳон ва ширкатҳои туристӣ сафар ба Панҷакент бо роҳи Айниро нахоҳанд пазируфт. Зеро ба гуфтаи оқои Тӯрақулов, роҳи Самарқанд ба Панҷакент ҳам наздиктар ва ҳам ҳамвортар аст. Вай илова намуд, ки роҳбарони ширкатҳои гардишгарии минтақа ва кумитаи сайёҳӣ барои ҳалли ин масъала ҳамоише барпо хоҳанд кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3461-2010-10-30-15-56-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ