ЗАМОНИ БАСТАНИ МАҶРОИ ВАХШ БАРОИ САНТӮДА-2 ТАЪЙИН ШУД
Рӯзи 28-уми ноябр маҷрои рӯдхонаи Вахш ба манзури сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-2 баста мешавад. Вале ба гуфтаи Сайид Асғарӣ, мудири ширкати “Сангоб”, ки машғули сохтмони ин нерӯгоҳ аст, роҳандозии турбин ё огреготи нахусти ин нерӯгоҳ дар зимистони имсол ғайримумкин аст.
Таъвиқи вогунҳои шомили колоҳо барои ин нерӯгоҳ дар Ӯзбакистон сабаби аслии таъхир дар фаъол кардани ин нерӯгоҳ будааст. Оқои Асғарӣ рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран таърихи бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 мушаххас шудааст. Вай гуфт: "Мо талош дорем то 28-уми ноябр умури омодагӣ барои бастани маҷрои рӯдхонаро анҷом диҳем. Нерӯ ва таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои ин амрро дар ихтиёр дорем."
Қаблан Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, низ дар як нишасти матбуъотӣ аз омодагӣ барои бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш хабар дода буд. Вай гуфт, ки алорағми бастани маҷрои ин рӯдхона барои сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар соли 2006, ки тайи чанд рӯз маҳдудиятҳои шадидеро дар мавриди таъмини нерӯи барқ ба дунбол дошт, ин даъфа ин мушкил чандон маҳсус нахоҳад буд.
Бо ин вуҷуд, интизор меравад ба далели зарурати коҳиши мизони об дар рӯдхонаи Вахш, нерӯгоҳҳои Норак ва Сангтӯда-1 тавлиди барқ ва ҳамин тавр, партоби об ба рӯдхонаро барои чанд рӯз коҳиш бидиҳанд. Гул Шералӣ афзуд, ки маҳдудият дар таъмини нерӯи барқ дар ин рӯзҳо бештар хоҳад шуд, аммо на ба гунаи соли 2006, замоне ки маҷрои Вахш барои бунёди садди обанбори Сантӯда-1 баста шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта мукарраран эълом доштаанд, ки дар зимистони имсол ба фаъол шудани турбини нахусти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 умед доранд ва ин амр камбуди нерӯи барқ дар фасли сарморо коҳиш хоҳад дод. Вале Сайид Асғарӣ мегӯяд, ки иҷрои ин амр ғаримумкин аст. Вай афзуд: "Тибқи қарордод бо давлати Тоҷикистон, мо муваззаф ҳастем ин нерӯгоҳро то моҳи ферали соли 2012 фаъол созем. Ҳоло мо талош дорем, ки аз ин замон дер науфтем."
Масъули ширкати “Сангоб” дар Тоҷикистон гуфт, ки таъвиқи вогунҳои ҳомили колоҳо ва мавод барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар қаламрави Ӯзбакистон ба раванди умури сохтмонӣ асароти номатлубе гузоштааст. Дар баҳор ва тобистони имсол мушкили убури вогунҳо барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз қаламрави Ӯзбакистон ба мушкили ҷиддие табдил шуда буд. Танҳо баъд аз ҳушдори давлати Эрон ба мақомоти Ӯзбакистон ин мавзӯъ ҳалли худро ёфт, вале ба гуфтаи оқои Асғарӣ, дар ин миён "замони зиёде аз даст рафт."
Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо зарфияти тавлиди 220 мВт нерӯи барқ тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Эрон аст, ки баъд аз фаъол шуданаш тӯли 12,5 сол моли Эрон маҳсуб хоҳад шуд. Сипас ин нерӯгоҳ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон мегузарад. Давлати Эрон барои сохтмони ин нерӯгоҳ 180 милюн дулор ихтисос додааст. Дар ҳамин ҳол, манобеъи ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд, ки аз якуми ноябр дар қаламрави Тоҷикистон маҳдудияти истифода аз нерӯи барқ роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ин ширкат, ахиран Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар ин замина санадеро имзо кардааст. Вай хабар дод, ки дар бештари манотиқи кишвар ҳамакнун дар як шабонарӯз сокинон метавонанд 12-14 соъат аз нерӯи барқ истифода кунанд. Оқои Гулов афзуд: "Ширкати “Барқи тоҷик” тибқи тасмими ҳукумати кишвар ба ҳар як вилоят миқдори муъайяни барқро ихтисос медиҳад, мақомоти маҳаллӣ онро тибқи ниёзҳо ба навоҳӣ ва манотиқи таҳти салоҳияти худ тақсим мекунанд."
Ин масъули ширкати “Барқи тоҷик” афзуд, ки вазъи таъмини нерӯи барқ барои сокинони кишвар дар соли ҷорӣ ба гунаи соли гузашта хоҳад буд. Порсол ин маҳдудият чандон ҳассос набуд, вале ду сол пештар дар асари сармои шадид ва камбуди барқ Тоҷикистон бо буҳроне амиқ рӯбарӯ шуда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3490-------2--.html