13:36:30 02-уми Июни 2025 сол

ҚОНУНИ МАҲДУДИЯТИ СИГОРКАШӢ ТАСВИБ ШУД

Дар Тоҷикистон кашидани сигор дар муассисоти омӯзишӣ, беҳдоштӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан мамнӯъ эълом шуд. Ин маҳдудият дар қонуни ҷадиди "Маҳдуд сохтани истифода аз маҳсулоти тамоку", ки рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, пешбинӣ шудааст.

 

smokingИҷрои ин қонун пас аз имзои он аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ аз аввали моҳи январи соли 2011 оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Қодиров, муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ки пешнависи ин қонунро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, дар пайи афзоиши амрози мухталифи шушу роҳи нафас мавзӯъи эъмоли маҳдудият дар заминаи сигоркашӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардидааст. Оқои Қодиров гуфт дар қонуни ҷадид дар канори манъи кашидани сигор дар амокини умумӣ фурӯхтани сигор ба наврасон ё истифода аз онҳо дар фурӯши маҳсулоти тамоку низ мамнӯъ шудааст.

 

Ҳамчунин, намояндагони порлумон хостори ворид кардани ислоҳ ба ин санади ҳуқуқӣ дар мавриди мамнӯъ кардани истифода аз нерӯи наврасон дар парвариш ва ҷамъоварии маҳсули тамоку шуданд. Тоҷикистон дар замони шӯравӣ яке аз ҷамоҳири тавлидкунандаи тамоку маҳсуб мешуд ва дар он замон низ истифода аз нерӯи занону кӯдакон дар мазоеъи тамоку аз мавориди баҳсҳои доғ дар ҷомеъа шуда буд. Ба ҷуз ин, қонуни ҷадид фурӯши маҳсулоти тамоку дар фосилаи камтар аз 100 метр аз муассисоти омӯзишу парвариш, беҳдошт, ва фарҳангиро мамнӯъ мекунад.

 

Аммо Абдуҷаббор Қодиров гуфт, ки ин нукта дар қавонини дигари Тоҷикистон сабт шуда ва зарурате ба такрори он вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, мавзӯъи дар амокини умумӣ мамнӯъ кардани нос, навъи дигаре аз маҳсулоти тамокуро низ матраҳ кард. Ин навъи тамоку бештар дар кишварҳои Осиёи Миёна роиҷ буда ва афроди носкаш онро маъмулан тӯли муддате зери забон нигоҳ медоранд ва сипас дур меандозанд.

 

Оқои Кабирӣ гуфт, ки умдатан сокинони Тоҷикистон дар истгоҳҳои Роҳи Оҳану фурудгоҳҳо ва ҳатто дар дохили ҳавопаймо аз нос истифода мекунанд. Ба эътиқоди вай, ба ҳангоми партоби пасмондаи нос амокини умумӣ ё солуни ҳавопаймо касиф шуда ва ин амр ба эътибори миллати тоҷик латма ворид хоҳад кард. Аъзои порлумон ин пешниҳоди оқои Кабириро пазируфтанд ва ба ин тартиб, кашидани нос низ дар амокини умумӣ мамнӯъ эълом шудааст.

 

Дар иҷлоси порлумон таъкид шуд, ки дар сурати нақзи муқаррароти қонуни ҷадиди “Маҳдуд сохтани истифода аз маҳсулоти тамоку” афроди алоҳида ё муассисот бар асоси Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд. Ҳамзамон, дар ин санади ҳуқуқӣ аз раҳбарони корхонаву муассисоти давлатию хусусии Тоҷикистон тақозо шудааст, то барои афроди сигоркаш утоқ ё маҳалли вижае ихтисос диҳанд.

 

Зимнан, Ҷумъабой Сангинов, намояндаи порлумон, зимни ишора бар зарари сигор ба сиҳҳатии инсон гуфт, ки ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 6 милюн нафар бар асари сӯиистифода аз сигор фавт мекунанд. Аммо оқои Сангинов дар бораи теъдоди афроди сигорӣ дар Тоҷикистон ва теъдоди талафот дар миёни ин афрод ибрози беиттилоъӣ кард. Дар соли 2005 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Қарордоди мубориза алайҳи тамокуро тасвиб кард, ки то ҳол 160 кишвари ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, ба ин қарордод пайвастаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3493-2010-11-03-14-47-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854