НОРИЗОЯТӢ АЗ БОЗДОШТИ РАИСИ ШИРКАТИ “МОВАРОУННАҲР”
Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, аз сӯйи маъмурони додситонии Тоҷикистон боздошт шудааст. Вале муштариёни ин ширкат, ки дар сохтмони манозили маскунии худ сармоягузорӣ кардаанд, рӯзи чаҳоршанбеи 10 ноябр дар назди сохтмони Додситонии кулли Тоҷикистон таҷаммуъ карда ва хостори озодии оқои Охунов шудаанд.
Ба эътиқоди муштариён, танҳо дар сурати озодӣ будан ва бо кумаки молии давлат ширкати “Мовароуннаҳр” имкон хоҳад дошт, ки маболиғ ва ё манозили маскуниро ба онҳо бидиҳад. Муштариёни ин ширкат дар номае ба Президент Раҳмон аз ӯ дархости озодии раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро карда ва изҳор доштаанд, ки дар Тоҷикистон танҳо ин ширкат машғули сохтмони маскани арзон барои ақшори камбизоъат аст. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ҳоло ҳудуди 500 тан аз муштариён аз онҳо дархости бозпас гирифтани арзиши маскан ва ё хонаи маскунии худро кардаанд.
Вале онҳо феълан тавони бозпас додани ин маболиғро надоранд. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе бо ҳудуди сад нафар аз муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” дидор карда ва гуфтаанд, ки таҳқиқи фаъолияти ин ширкат идома дорад ва онҳо наметавонанд Ҷӯрабек Охуновро аз боздоштгоҳ озод кунанд. Шоҳин Шарипов, сармуҳосиби ширкати “Мовароуннаҳр”, мегӯяд, ки то авоили соли ҷорӣ онҳо дар фаъолияти худ мушкиле надоштанд, вале паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ниҳоят дар умури сохтмонӣ асароти номатлубе гузоштааст.
Вай афзуд: "Қимати маскан дар Душанбе ба таври қобили мулоҳизае пойин рафт, вале арзиши масолеҳи сохтмонӣ дар ҳамон сатҳ боқӣ монд. Мо ночор шудем қимати масканро пойин бубарем. Гузашта аз ин, бештари муштариён натавонистанд сареъан арзиши комили масканро пардохт кунанд, ки низ мӯҷиби зиёни ширкати мо гардид."
Оқои Шарипов ҳамчунин хабар дод, ки аз авоили соли ҷорӣ ҳудуди 400 нафар аз муштариён аз харидории маскани худ даст кашида ва бозпардохти маболиғи худро тақозо кардаанд. Сармуҳосиби ширкати “Мовароуннаҳр” афзуд: "Мо ночор шудем ба онҳо ҳудуди 7,5 милюн дулор маболиғи масканро бозгардонем. Ин дар ҳолест, ки раванди сохтмони манозили онҳо идома дошт. Гузашта аз ин, ба нафароне, ки мӯҳлати сохтмони маскани онҳо ба таъхир даромада буд, мо ҳар моҳ иҷорапулӣ мепардохтем."
Ин масъули ширкати "Мовароуннаҳр" мӯътақид аст, ки дар сурати кумаки молии давлат ин ширкат тавони берун омадан аз вазъи бӯҳрониро хоҳад дошт. Вале ба гуфтаи вай, дар чанд моҳи ахир бонкҳои Тоҷикистон аз вомдиҳӣ ба ин ширкат худдорӣ мекарданд. Зимнан, гузориш шуда буд, ки “Мовароуннаҳр” маболиғеро аз кумаки Бонки Исломии Тавсеъа ба таври "ғайримуассир истифода кардааст." Шоҳин Шарипов ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки бо ин маблағ бемористоне дар ноҳияи Данғара сохта шудааст.
Оқои Шарипов афзуд, ки аз авоили соли ҷорӣ ин ширкат водор шудааст, ки ба маблағи беш аз як милюн сомонӣ саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидорӣ кунад ва ҳамчунин, барои осебдидагони сел дар Кӯлоб панҷ манзили маскунӣ ба таври ройгон сохтааст. Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки низ аз муштариёни ин ширкат будааст, мегӯяд, ки қасд дорад мушкили “Мовароуннаҳр”-ро ба баррасии Шӯрои Ҷамъиятӣ, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури ин кишвар, бикашад.
Ба эътиқоди вай, Тоҷикистон худро кишвари иҷтимоъӣ эълом кардааст ва ба ин мушкили сокинон бояд дар асоси ин асли қонуни асосӣ расидагӣ кунад. Бархе аз муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр" низ бо ишора ба таҷрубаи бархе аз кишварҳо дар заминаи кумаки давлат ба бонкҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони молӣ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон низ бояд аз ин таҷруба истифода кунад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар гузашта “Мовароуннаҳр” бузургтарин ширкати сохтмонии маскан дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва арзиши манозили сохтаи онҳо дар муқоиса бо ширкатҳои дигар арзонтар буд. Ба ин далел, чунин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки муфлисшавии “Мовароуннаҳр” як амали тарҳрезишуда ва ба суди ширкатҳои дигари сохтмони маскан дар Душанбе анҷом шуда бошад.
Аз сӯйи дигар, сару садоҳое дар бораи муъомилоти ин ширкат бо бархе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон паҳн шуда буданд. Бо ин вуҷуд, баъд аз қазияи ба истилоҳ “мӯҳра-бизнес” дар даҳ соли ахир ин дувумин мавридест, ки теъдоди зиёде аз муштариёни як ширкат бо хисороти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ мешаванд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3550-2010-11-10-15-14-09.html