СУҒД: "КОРХОНАҲОИ ӮЗБАКИСТОН ҲАВОРО ОЛУДА МЕКУНАНД"
Масъулони умури муҳити зисти вилояти Суғд мегӯянд, ки корхонаҳои санъатии Ӯзбакистон бо партовҳои худ муҳити зисти навоҳии Спитамен ва Мастчоҳро олуда месозанд. Ба гуфтаи онҳо, корхонаи тавлиди сементи шаҳри Бекобод ва корхонаи истихроҷи маъдани Олмалиқ дар Ӯзбакистон дар манотиқе наздик ба навоҳии Спитамен ва Мастчоҳ воқеъ шуда ва асароте номатлуб бар вазъияти муҳити зисти ин ду ноҳия барҷо мегузоранд.
Ин нукта дар як мизи гирд, ки Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва созмони ғайридавлатии "Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити зист" (YGPE) дар шаҳри Хуҷанд баргузор карданд, эълом шуд. Мавзӯъи ин ҷаласаи мизи гирд "Мушкилоти зистмуҳитии фаромиллӣ дар вилояти Суғд дар роҳи дастрасӣ ба иттилоъот ва ширкати ҷомеъа барои ислоҳи он" буд. Дар ин мизи гирд намояндагони созмонҳои ҳифзи муҳити зист, бархе аз аъзои порлумон ва рӯзноманигорон ширкат ва суханронӣ карданд.
Саидамин Исомиддинов, раиси идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, гуфт: "Дар ҳудуди водии Фарғона се кишвар ҷой гирифтаанд: Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон. Қисмати аъзами аҳолии ин водӣ ба кишоварзӣ машғул ҳастанд, ки зиндагии онҳо ба вазъияти муҳити зист сахт бастагӣ дорад."
Ҳарчанд оқои Исомиддинов дар ин мизи гирд иттилоъоти панҷ сол қаблро ироа мекард, аммо гуфт, ки бо таъсиси як кумисиюни вижа хаҷми хисороти расида аз корхонаҳои санъатии кишвари ҳамсоя бар вазъияти муҳити зисти навоҳии Спитамен ва Мастчоҳ арзёбӣ хоҳад шуд. Вай аз ҷумла гуфт: "Ҳолати нохуби муҳити зист дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ба чашм мерасад, ки дар наздикии шаҳри Бекободи Ӯзбакистон воқеъ аст. Ва ҳолати дигар дар ҳудуди партовгоҳи комбинати кӯҳию металлургии Олмалиқ аст, ки бо ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳаммарз аст."
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта Ӯзбакистон ҳамвора аз олудасозии кишвараш тавассути корхонаи олуминиюми Тоҷикистон эътироз баён мекунад. Аз ҷумла, тибқи гузориши расонаҳо, дар гузашта дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар бо таҷаммӯъи мардум эътирозоти густардае баргузор шуда буд. Вале коршиносон дар Тоҷикистон иддаъои олудасозии хоки Ӯзбакистон тавассути корхонаи олуминиюми Тоҷикистонро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки эътирози ҷониби Ӯзбакистон ангезаҳои сиёсӣ дорад ва аз мухолифати он кишвар бо сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон маншаъ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Саидшо Ёкубов, вакили маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, гуфт: "Ҳоло дар дасти мо мусаввабаи хисороти ворида аз олудасозии кишвари ҳамсоя вуҷуд надорад." Оқои Ёқубов мегӯяд, ки бояд дар ин замина дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ кумиссиюни вижае таъсис дода ва "сари мизи гуфтугӯ нишаст."
Ба бовари оқои Ёқубов, бо муқассир донистани ҷонибҳо масъаларо ҳал кардан ғайримумкин аст. Вай гуфт: "Он матолиби таъйидшуда ва ё таъйиднашудае, ки дар интернет нашр мешаванд, фикр мекунам, роҳи ҳал нест. Беҳтарин роҳ ин сари мизи гуфтушунид нишастан аст."
Зимнан, ин нахустин мизи гирд аст, ки дар мавзӯъи олудасозии ҳифзи муҳити зисти навоҳии марзии Тоҷикистон аз сӯйи корхонаҳои санъатии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин ду кишвар бар сари иҷрои тарҳҳои энержии обӣ, бавижа тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун", бо ҳам ихтилофоти шадиде доранд.
Мақомоти ӯзбак мегӯянд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ ва тарҳҳои дигари энержии обии Тоҷикистон бар варзъияти муҳити зист ва арсаи кишоварзии Ӯзбакистон таъсироти номатлубе барҷой мегузорад. Аммо мақомоти тоҷик ин иддаъоҳоро рад мекунанд ва мӯътақиданд, ки тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон низ судманд аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3557--q----q.html