04:50:39 01-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ КОҲИШИ ҲУРУФ ДАР АЛИФБОИ СИРИЛИКИ ТОҶИКӢ

Раиси пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки миқдори ҳарфҳо дар алифбои тоҷикӣ кам карда шавад. Сайфиддин Назарзода бо чопи тарҳи ҷадиди алифбои тоҷикӣ дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки ҳарфҳои “Е”, “Ё”, “Ю” ва “Я” аз алифбо ҳазф карда шаванд. Ҳамчнунин, ин забоншиноси тоҷик пешниҳод кардааст, ки барои "дарёфти аломати комил барои ҳарфҳои “Ҳ”, “Ҷ” ва “Қ” низ бояд фикр кард."

 

alifbo tjЗимнан, оқои Назарзода ҳоло барои маъмурияте ба Фаронса рафта ва дарёфти шарҳи ин пешниҳод аз сӯйи ин донишманди тоҷик ғайримумкин шуд. Ба ин тартиб, мушаххас нест, ки ин як тарҳи таъйидшуда дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт аст ва ё танҳо пешниҳоди шахсии ин пажӯҳишгар мебошад. Вале нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин пешниҳод дар нашрияи расмии давлати Тоҷикистон зери унвони "Ба пешвози 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон" мунташир шудааст.

 

Сайфиддин Назарзода дар ин матлаб иддаъо дорад, ки ҳуруфи мавсум ба ётбарсари “Е”, “Ё”, “Ю” ва “Я”, ки хосси забон ва имлои тоҷикӣ нестанд, "бозмондаи ҳамон алифбои русӣ аст, ки зери таъсири сиёсати русисозии алифбоҳои халқҳои шӯравӣ ба имло ва алифбои мо дохил шудааст." Ба эътиқоди ин пажӯҳишгар, ин чаҳор ётбарсар бояд ба шакли “йе”, “йо”, “йу” ва “йа” навишта шаванд, ки он гоҳ бо забони тоҷикӣ созгор хоҳанд шуд. Ба навиштаи муаллиф, чунин пешниҳод дар соли 1939 аз ҷониби забоншиносон ироа шуда буд, вале "ҳамон сиёсати русикунонии давр монеъи чунин амал шудааст."

 

Раиси пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки кумисиюни вижае, ки барои бознигарии имлои забони тоҷикӣ таъсис шудааст, дар канори масоили дигар мавзӯъи ётбарсарҳоро низ бознигарӣ кунад. Обидҷон Шакурзода, пажӯҳишгари тоҷик, бар ин назар аст, ки воқеъан ниёз ба такмили имло ва алифбои забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Вале ба эътиқоди вай, алифбо бояд сода карда шавад, на душвор.

 

Вай афзуд: "Навиштани ду ҳарф ба ҷойи як ҳарф роҳи одӣ кардани алифбо нест. Гузашта аз ин, чаро мо бояд танҳо дар ётбарсарҳо таҷдиди назар кунем? Алифбои тоҷикӣ ба ҳарфи “у”-и дароз низ ниёз дорад. Ҳамчунин, дар алифбои тоҷикӣ мушкили “айн” хеле маҳсус аст, ки онро низ бояд ҳал кард."

 

Азимҷон Байзоев, забоншинос ва устоди донишгоҳ, мегӯяд, ки аз пешниҳодҳое барои тағйири имло ва алифбои тоҷикӣ огоҳӣ дорад. Вай мегӯяд, ки то ҷойе аз назароти Сайфиддин Назарзода пуштибонӣ мекунад, зеро "воқеъан ётбарсарҳо хосси табиъати забони тоҷикӣ нестанд."

 

Аммо, ба гуфтаи оқои Байзоев, бояд мушаххас кард, ки ин ислоҳот чи ҳадаферо ба дунбол дорад. Вай афзуд: "Агар ҳадаф боло бурдани саводнокии мардум бошад, пас расидан ба ин ҳадаф аз роҳи ислоҳи алифбо ғайримумкин аст."

 

Аз сӯйи дигар, Азимҷон Байзоев ин суолро матраҳ кард, ки ҳазинаи ислоҳи алифбои тоҷикӣ чи қадар хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи вай, дар сурати ҳазфи ётбарсарҳо, мушкили чопи муҷаддади адабиёти зиёде, аз ҷумла кутуби дарсӣ, ба миён меояд.

 

Оқои Байзоев афзуд: "Оё мо тавони пардохти чунин ҳазинаро дар ихтиёр дорем? Ва ҳатто агар доштем, хуб нест, ки ҳоло ин маболиғ барои ҳалли мушкилоти умдаи Тоҷикистон масраф шавад?."

 

Ба эътиқоди ин донишманди тоҷик, дар мавриди ислоҳи қавоъиди имло ва алифбои забони тоҷикӣ набояд ба "саҳлангорӣ" роҳ дод. Вай гуфт: "Дар авоили даҳаи 1990 забоншиносони тоҷик ҳарфҳои русии “Ц, “Щ”, “Ы” ва “Ь”-ро аз алифбо ҳазф карданд. Акнун рӯшан шуд, ки ин иқдом нокофӣ будааст. Дар чунин тасмимгириҳо набояд шитоб кард."

 

Ба гуфтаи оқои Байзоев, ҳоло барои ислоҳи алифбои забони тоҷикӣ "фурсати муносибе" нест. Зимнан, соли 1932 дар Тоҷикистон алифбои лотинӣ комилан алифбои суннатии форсиро иваз кард. Алифбои лотинии забони тоҷикӣ аз 31 ҳарф ва як аломати сакта иборат буд. Соли 1939 раванди гузариш ба алифбои сирилик шурӯъ шуд ва дар оғоз он аз 37 ҳарф иборат буд. Соли 1954 ба алифбои сирилики забони тоҷикӣ боз ду ҳарф илова шуд.

 

Обидҷон Шакурзода, донишманди тоҷик, мӯътақид аст, ки алифбои сирилик мушкилоти зиёдеро дар забони тоҷикӣ ба вуҷуд овардааст ва танҳо дар сурати бозгашт ба хатти ниёкон, яъне хатти форсӣ, ин мушкилот рафъ хоҳанд шуд. Вале Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран изҳор дошт, ки ҳоло гузор ба хатти ниёкон дар Тоҷикистон дар назар нест.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3564-2010-11-12-17-35-13.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854