23:09:51 01-уми Июни 2025 сол

МӮЪТАРИЗОН ДАР ҲУШЁРӢ: "РАИСҶУМҲУР МУСОИДАТ КУНАД"

Сокинони рустои Ҳушёрии дараи Варзоб, воқеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, бо баргузории тазоҳуроте хостори мусоидати Президент Раҳмон ба рафъи мушкили худ шудаанд.

 

хушёриСубҳи рӯзи сешанбеи 23 ноябр сокинони ин минтақа дар эътироз ба пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ таҷаммуъе барпо карда ва мегӯянд, ки тазоҳуроти онҳо то замони иҷрои тақозоҳояшон идома хоҳад дошт. Сокинони Ҳушёрӣ мӯътақиданд, ки танҳо расидагии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қазия метавонад мушкили онҳоро ҳал кунад. Зеро дар пайи тазоҳуроти қаблӣ ҳеҷ яке аз дархостҳои сокинони ин русто иҷро нашудааст.

 

Шамс Хоҷаев, як сокини рустои Ҳушёрӣ, дар сӯҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки интизор меравад дар гирдиҳамоии эътирозии имрӯз то 400 нафар аз сокинони ин минтақа ширкат кунанд. Вай хабар дод, ки ҳоло бархе аз тазоҳуркунандагон дар даст навиштаҳое монанди “Мушкили моро осон кунед” ва “Эҳтиёҷ ба кумаки Ҷаноби Олӣ дорем” доранд. Оқои Хоҷаев афзуд: "Мо қарор додаем, ки замони поёни тазоҳуроти имрӯзи мо мушахас набошад. Зеро ба ин натиҷа расидем, ки то замони ҳалли мушкилотамон ба тазоҳурот идома медиҳем."

 

Ҳафтае қабл низ сокинони ин русто бо баргузории тазоҳуроте хостори кӯч додани маркази пулчинии ширкати IRS аз наздикии ин русто шуданд. Ин ширкат аз авоили моҳи апрели соли ҷорӣ умури пулчинӣ ва назорат бар вазъияти ҷоддаи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда гирифтааст. Сокинони рустои Ҳушёрӣ мегӯянд, ки плаза ё маркази пулчинии ин ширкат дар миёни деҳа сохта шуда ва онҳо барои расидан аз як қисмат ба қисмати дигари русто ҳамвора бояд маблағ пардозанд.

 

Масъулони ширкати IRS ҳафтае пеш гуфтанд, ки наметавонанд маҳалли плазаи худро тағйир диҳанд, зеро барои ин амр маблағи зиёде лозим аст. Вале мунтақидони ин ширкат мегӯянд, ки IRS танҳо ба манзури аз даст додани суди молӣ намехоҳад маркази пулчинии худро ба маҳалли дигаре кӯч диҳад. Аз маркази рустои Ҳушёрӣ ҷоддаи осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм оғоз меёбад ва дар сурати тағйири маҳалли бунгоҳи пулчинӣ ширкати IRS (Innovative Road Solutions) наметавонад аз ронандагони худравҳо ва комюнҳое, ки ба самти ин осоишгоҳ ҳаракат мекунанд, пул ситонад.

 

Вале сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ки пулситонӣ дар омаду рафти мардум дар дохили як русто амре ғайри қобили қабул аст. Ҳамзамон мардуми ин маҳал тақозо доранд, ки қимати роҳпулӣ барои онҳо коҳиш дода шавад, зеро онҳо тавони пардохти онро надоранд. Пулакӣ кардани истифода аз роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз ҳамон оғоз вокунишҳои тундеро ба дунбол доштааст. Бештари аҳзоби сиёсӣ ва мухолиф аз ин иқдоми давлат шадидан интиқод карда ва изҳор доштаанд, ки пулчинӣ дар ягона роҳи кӯҳистонӣ, ки олтернотиф ё ҳамсоне надорад, мухолифи қавонини ҳуқуқи башар аст.

 

Дар гузашта низ сокинони ноҳияҳои Варзобу Мастчоҳ ва бархе аз рустоҳои канори ин ҷодда тазоҳурот карда ва бо ирсоли номаҳои дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хостори лағви ин муқаррарот шуда буданд. Вале Президент Раҳмон зоҳиран то ҳол ба ҳеҷ яке аз ин номаҳо посух надодааст. Дар поёни ҳафтаи гузашта сокинони рустои Зиддӣ низ дар пайи оғози сохтмони плазаи ҷадид дар он маҳал эътироз карда ва хостори таъвиқи умури сохтмонӣ шуданд.

 

Масъулони ширкати IRS мегӯянд, ки роҳандозии низомии пардохтии истифода аз роҳҳо дар ҳамаи кишварҳо бо мухолифати сокинон рӯбарӯ мешавад, вале дар ниҳоят, ҷомеъа онро қабул мекунад. Ба эътиқоди онҳо, "дар ғайри ин сурат, ин ҷоддаҳо то чанд соли дигар дубора корношоям мешаванд."

 

Вале нигаронии сокинони Тоҷикистон аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ бештар ба қимати он рабт дорад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, пардохти 30 дирам барои ҳар як килуметри ин роҳ дар шароити сангини иқтисодӣ барои хонаводаҳои тоҷик душвор аст. Аз сӯйи дигар, ҷомеъаи Тоҷикистон то ҳол ба ин суол, ки молики ширкати IRS кист, посухи худро нагирифтааст. Дар гузашта шоъеоте паҳн шуда буд, ки соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини вазири молия ва домоди Президент Раҳмон аст. Вале оқои Нуралиев ин иддаъоро рад кард.

 

Тибқи муқаррароти давлати Тоҷикистон, ширкати IRS, ки дар як минтақаи озоди иқтисодӣ дар хориҷа сабти ном шудааст, аз пардохти бисёре аз анвоъи молиёт муъоф шудааст. Ҳамзамон, ин ширкат масъулияти бозпардохти бидеҳии беш аз 250-милюн дулории Тоҷикистон ба давлати Чинро, ки барои бозсозии ин ҷодда масраф шуда, бар ӯҳда нагирифтааст.

 

Гузашта аз ин, соҳибназарон ба набуди шаффофият дар наҳваи интихоби ин ширкат барои иҷрои тарҳи роҳи пулакӣ ишора карда ва мегӯянд, ки ҳеч гуна музоядае барои ин тарҳ баргузор нашуда ва ин кор бо қавоъиди иқтисоди бозорӣ ва озод мунофот дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3645----q--q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854