"ОҚОИ РАҲМОН, ҲУКМИ ЭЪДОМРО ЛАҒВ КУНЕД"
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон хостори лағви ҳукми қатл дар ин кишвар шудааст.
Ин эътилоф дар чорчӯби корзори байналмиллалии “Шаҳрҳо барои зиндагӣ - шаҳрҳо алайҳи ҳукми қатл” ширкат кард, ки дар он садҳо созмони ҳуқуқи башар дар ҳудуди 1300 шаҳр дар саросари ҷаҳон дар рӯзи 30 ноябр алайҳи ҳукми эъдом садо баланд карданд. Эътилофи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ин рӯз унвонии президент Раҳмон номаи саргушода навиштанд, ки вай “бояд амри таърихии лағви ҳукми эъдом дар кишварро бар дӯши худ бигирад.”
Мубтакирони ин корзори таблиғотӣ алайҳи ҳукми эъдом дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ин корзор соли савум аст, ки дар рӯзи 30 ноябр баргузор мешавад ва мубтакири ин корзор “Ҷамъияти Санта Эҷидио”-и Рум ва Эътилофи байналмилалии муборизон алайҳи ҳукми қатл ҳастанд. Дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми эъдом дар моҳи апрели соли 2004 барои бемӯҳлат ба таълиқ андохта шуд.
Акнун мудофеъони ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯянд замоне фаро расиддаст, ки ин кишвар, ба монанди кишварҳои дигари минтақа қонун дар бораи ҳукми эъдомро комилан лағв кунад. Туркманистон, нахустин кишвар дар Осиёи Миёна буд, ки моҳи декабри соли 1999 бо ворид кардани моддае ба Қонуни асосӣ дар бораи ин, ки “Ҳеҷ кас наметавонад, ҳаққи зиндагӣ аз инсонро бигирад” ҳукми эъдом дар ин кишварро барои ҳамеша мамнӯъ эълом кард.
Дертар Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ ҳукми эъдомро дар кишварҳояшон бекор карда ва Қазоқистон танҳо шумори ҳукми эъдомро тавассути коҳиши намуди ҷиноёте, ки барои он ҳукми эъдом пешбинӣ шудааст, маҳдуд кардааст. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл СММ қатъномаи сеюми худро, ки дар он аз куллия давлатҳои узви ин созмон дархост шудааст, ҳукми қатлро дар кишварҳояшон лағв кунанд.
Намояндагони танҳо 107 кишвари узви СММ ин қатъномаро пуштибонӣ карда, 38 намоянда алайҳи ин қатънома раъй дода ва 36 узви дигар дар ин робита ибрози бетарафӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, дар Омрико, ки ин кишвар худро ҳомии демукросӣ дар ҷаҳон медонад, ҳукми эъдом вуҷуд дошта ва ба иҷро мерасад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси созмони ғайридавлатии “Перспективо+”, ки зери номаи саргушода унвонии президент Раҳмон имзо гузоштааст, мегӯяд, “ҳарчанд дар Омрико ҳукми эъдом вуҷуд дорад, аммо хатои судӣ ва шиканҷа ё дарёфти эътироф ё “иқрори” маҷбурӣ дар онҷо ба назар намерасад.”
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба тарафдорӣ аз зарурати ҳукми эъдом садо баланд мекунанд. Ин гурӯҳ тули солҳои пас аз ҷанги шаҳрвандӣ иддаъо доштанд, ки хонаводаҳое, ки наздикони худро дар замони “бесару сомониҳои ҷанг” аз даст додаанд, мехоҳанд муқассирони марги наздиконашон ҷазои сангин бинанд.
Аммо созмони “Перспективо+” ахиран тарҳи ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст, ки дар он афкори умумии мардум дар бораи зарурати ҳукми эъдом арзёбӣ мешавад. Хонум Бобоназарова дар ин бора гуфт: “Дар масъалаи ҳукми эъдом назари мардум муҳим аст, аммо тасмим дар ин бораро бояд танҳо президент ва порлумон бигирад, зеро мардум аксаран дар бораи хатогиҳои судӣ огоҳ нестанд.”
Вай мегӯяд, масалан дар Омрико, ки имкони иштибоҳи системи додгоҳӣ дар ин кишвар ба ҳадди ақал расонда шудааст, ҳукми эъдом дар ҳафт маврид иштибоҳӣ содир мешавад. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳукуқи башар мукарраран аз системи додгоҳии Тоҷикистон интиқод карда, фаъолияти қозиҳо ё судяҳоро ғайримустақил мехонанд.
Тоҷикистон ҳамчунин дар миёни кишварҳое ном бурда мешавад, ки шиканҷа дар боздоштгоҳ ва зиндонҳояш мушоҳида мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ, бавижа Созмони байналмилалии Салиби Сурх борҳо норизоятии худро аз ин ки муттахасисони онҳо дастрасӣ ба зиндонҳои Тоҷикистонро надоранд, ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ин маворид, ҳарчанд аз соли 2004 бад-ин сӯ дар Тоҷикистон ҳеҷ ҳукми эъдом содир ва иҷро нашудааст, ба нигарониҳои мудофеъони ҳуқуқи башар дар заминаи судури аҳкоми мунсифона тавассути додгоҳҳои Тоҷикистон меафзояд. Зимнан, моҳи октябри соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон гуруҳи махсусеро барои таҳқиқи масоили марбут ба лағви ҳукми эъдом дар ин кишвар ташкил кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3715-q-----q.html