16:12:30 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКОЯТИ СОҲИБКОРОНИ "САХОВАТ" БА ШАРҲДОРИ ДУШАНБЕ

mitingҲудуди 15 соҳибкори бозори «Саховат», ки бар асари сӯхтори шаби 22-юми ноябр аз дӯкону моли тиҷорат ва пули нақдашон маҳрум гаштанд, бо як номаи шикоятӣ дигарбора дар назди бинои шаҳрдории Душанбе ҳозир шуданд. Муяссара, яке аз соҳибкорон мегӯяд, тоҷирон ба итминони додаи мақомот шак доранд ва ҳоло мехоҳанд ба худи шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев арзашонро расонанд. Ӯ мегӯяд: «Даъво дорем, ки дӯконҳоямонро ба мо баргардонанд. Ба дигар кас нафурӯшанд. Ҳоло ба одамон гуфтаанд, ки 10 ҳазор доллар биёранд, дӯкон медиҳанд. Акнун ба дигар одам фурӯхтан мешавад. Мо мехоҳем дӯконҳои моро баргардонанд».

 

Ваъдаи шаҳрдорӢ ба зарардидагон

Ба қавли соҳибкорон, рӯзи 30 ноябр муовинони шаҳрдорӣ ваъда дода буданд, ки дӯконҳояшон барқарор хоҳад шуд, аммо Тоҷиддин, яке аз онҳо, мегӯяд, овозаҳо дар бораи фурӯхтани дӯконҳои бозори «Саховат» ба тоҷирони дигар онҳоро водор кардааст, дигарбора ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд.

 

Тоҷирони "ғайриқонунӢ"

Фариза, як тоҷири дигарро низ ин нуктаи сӯҳбатҳои мақомот нигарон кардааст, ки фаъолияти чандинсолаи онҳо дар бозор ғайриқонунӣ шуморида мешавад. «Вақте шартномаҳоро месупориданд, ҳуҷҷатҳо қонунӣ буданд. То соли 2011 мо ҳам андоз супоридаем, ҳам ҳаққи бозорро супоридаем, аммо акнун мо ғайриқонунӣ шудем», - шикоят мекунад ӯ.

 

Сайвалӣ Сафаров, муовини шаҳдори Душанбе, ки дар назди соҳибкорон ҳозир шуд, нигарониҳои онҳоро бепоя хонд ва гуфт, ваъдаи барқарор кардани дӯконҳо бебаҳс аст ва ба ҳамин зудӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд, «аммо онҳое, ки ғайриқонунӣ ва берун аз нақшаи бозор дӯкон доштанд, иҷозаи аз нав сохтани онро нахоҳанд гирифт».

 

Зарари сӮхтор ба 50 соҳибкор

Сӯхтори 22 ноябр дар бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе дӯкон ва моли тиҷоратии ҳудуди 50 соҳибкорро аз миён бурд, ки ахириҳо ин хисоротро 300 ҳазор сомонӣ тахмин мезананд. Асомуддин Ризоев, сарвари раёсати савдо ва бозорҳои Душанбе мегӯяд, 5 корманди масъули бозор ба шумули ду муовини раис аз кор сабукдӯш шудаанд ва ҳоло сухан дар бораи барқарор кардани дӯконҳои 12 соҳибкор меравад.

 

Ӯ гуфт: «Масоҳати дӯконҳои онҳо 2.7 то 3.5 метри мураббаъ аст. Яъне ин нуктаҳои фурӯши нону марказҳои диллерӣ мебошанд. Имкон дорем, ки онҳоро аз ҳисоби дӯконҳои худи бозор 20 — 25 метри мураббаъ аст, бурида, ҷо кунем. Имрӯз соҳибкорон ба ин пешниҳоди мо розӣ шуданд».

 

Оқои Ризоев гуфт, дӯконҳои бақия соҳибкорон фақат таъмир мешавад.

 

ДӮконҳои ғайрирасмии бозор

Дар ҳамин ҳол, Насим, яке дигар аз соҳибкорон мегӯяд, пешниҳоди раёсати савдо ва бозорҳои шаҳр ба соҳибкорон бепоя аст, зеро дар бозори «Саховат» ва ҷое, ки сӯхтааст, дӯконе ба ин масоҳат нест. Дар номае, ки соҳибкорон ба шаҳрдори Душанбе навишта шуда буданд, омадааст, ки дар бозори «Саховат» тибқи нақша 40 дӯкон вуҷуд дорад ва соҳибкорон моҳона аз 150 то 250 сомонӣ пардохт мекардаанд. Аммо ҳоло теъдоди дӯконҳо ба 330 расида, хароҷоти моҳона 550 сомониро сари ҳар дӯкон ташкил мекунад.

 

Масъулин мегӯянд, шаҳрдорӣ ҷиҳати ба танзим даровардани бозорҳо, бахусус лоиҳаи онҳо бо институтҳои тарҳкашӣ ҳамкорӣ мекунанд, то ба харҷу марҷ дар бозорҳо поён дода шавад ва як сабаби мушкил дар ҳалли қазияи соҳибкорон маҳз ин беназмӣ будааст. Соҳибкороне, ки ба назди шаҳрдори Душанбе омада буданд, баъд аз сӯҳбат бо масъулин номаи худро насупориданд ва гуфтанд, ки ба ваъдаи онҳо бовар доранд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3754---qq---.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi